Рубрики Хабарҳо

Тарафҳои дигар суди худро бардоштанд, халқи афғон чӣ?

Ниҳоят ба машоми мардуми афғон насими сулҳе, ки дер боз интизораш буданд, ба вазидан омад, чун рӯзи 29 феврал дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа ҷониби Амрико ва Ҳаракати Толибон ба созиш расиданд ва зери ҳуҷҷате имзо гузоштанд, ки барои оғоз шудани марҳалаи навин дар таърихи Афғонистон муосир замина фароҳам меорад.

Музокирот миёни ҷониби Амрико, ки бо раёсати эътилофи “Нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амният” дар Афғонистон аз соли 2001 ҳазорҳо сарбози худро дар он ҷо нигаҳ медорад ва Ҳаракати Толибон, ки аз таърихи ҳамлаи ин эътилоф сарсахтона бо он дар набард аст, тақрибан аз соли 2009 оғоз шудааст.

Бори нахуст соли 2009 Президенти даври Амрико Барак Обама дар як мусоҳибаи худ ба имконияти иртиботи мустақим бо сарварони Ҳаракати Толибон ишора карда буд. Баъд аз он ҷараёни музокироти мустақим байни намояндагони Амрико ва Толибон бо миёнравии кишварҳои дигар мисли Олмон ва Қатар бори нахуст соли 2010 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад.

Ҳамин тавр нишасти ҷонибҳо бо соли 2013 кушода шудани намояндагии расмии Ҳаракати Толибон дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа ҷараёни нав пайдо мекунад. То  нишасти ниҳоӣ ҷонибҳо даҳ давраи музокиротро анҷом додаанд, ки борҳо ба хатари қатъ ва аз байн рафтан дучор шуда намояндагони онҳо имтиҳонҳои сахтеро аз сар гузаронидаанд. Вале аз як тараф маҳорати дипломатии миёнрав (ки инҷо Вазорати корҳои хориҷии Қатар аст) ва аз тарафи дигар манфиати тарафҳои бевосита даргир буд, ки онҳоро ба аз сар гирифтани гуфтушунидҳо водор мекард.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ин тарафҳои даргирро чӣ водор ба то ба поён бурдани гуфтушунидҳо кард? Чӣ боис шуд, ки онҳо то ҳадде аз “принсипҳои асосии худ” ба ин осонӣ чашм пӯшанд?

Албатта, тавре дар боло қайд гардид, бархӯрди манфиатҳо буд, ки музокироти даҳсола бо чунин хотимаи нек анҷом ёбад. Нахуст манфиати давлати миёнарав. Албатта, миёнаравӣ яке аз хусусият ва мавқеъҳои сиёсиест, ки бархе аз давлатҳо перомуни ин  ё он масъала ва ё низои минтақавӣ ва ё байналмилалӣ онро ихтиёр мекунанд. Давлати Қатар низ чунин мавқеъро ихтиёр намуда, талош бар он дорад, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ худро чун миёнарав ва сулҳандоз нишон диҳад ва то ҳадде комёб ҳам шудааст. Масалан, сари мизи музокирот шинондани тарафҳои даргири кишвари Судон соли 2010 яке аз намунаҳои боризи ин мавқеи Қатар мебошад.  Ҳамин мавқеъ буд, ки ин давлат то ҳол робитаи неки худро бо Ҳаракати исломии Ҳамос аз як тараф ва ҳукумати Исроил аз тарафи дигар барқарор нигаҳ медорад. 

Қатар то ҳол аз ҷумлаи он кишварҳои ба шуморе мебошад, ки бо мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи Ғазза, ки зиёда аз даҳ сол инҷониб дар муҳосираи комили Исроил аст, иртиботи қавӣ дошта, то андозае мардуми мазлуми ин минтақа аз ёриҳои башардӯстонаи ин кишвар ҷони худ аз мурдану тани худ аз гармиву сардӣ нигаҳ медоранд. 

Албатта, иртиботи мустақим бо ҳаракатҳое чун Ҳамос ва Толибон, ки дар арсаи ҷаҳонӣ намунаи “ҷиҳоди исломӣ” маъруфанду бо фарқият миёни ин ҳар ду дар бархе аз кишварҳо чун ҳаракатҳои террористӣ шинохта шудаанд, то ҳадде худ як “ҷурм” баҳо дода мешавад. Хоссатан, шароите, ки имрӯз давлати Қатар дар минтақа дорад, худ гувоҳ аст, ки чунин мавқеъгириҳо нисбат ба ҳаракатҳои исломӣ бар сараш чӣ балоҳое наовардааст.  Зеро яке аз баҳонаҳои аз тарафи “ҳамсояҳо” (Арабистони Саъудӣ, Амороти муттаҳидаи араб, Баҳрайн ва Миср) дар муҳосира қарор гирифтани Қатар низ маҳз ҳамин иртибот мебошад.

Бисёр рамзист, ки рӯзи имзои созишномаи сулҳ байни Амрико ва Ҳаракати Толибон ба ҳазоррӯзаи муҳосираи Давлати Қатар рост омад. Қатар бо ин дастоварди дипломатии худ бори дигар дуруст будани мавқеи худро исбот намуда, аз тарафи дигар бебозгашт ва тағйирнопазир будани самти сиёсати хориҷии худро ба давлатҳои муҳосиракунанда нишон дод.

Ҳукумати Амрико бошад бо сарварии Доналд Трамп бо имзои ин созишнома ба тӯлонитарин ҷанги берунаи Амрико хотима гузошт. Тибқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо хароҷоти умумии Ҳукумати Амрико бар ин ҷанг наздик беш аз 2 триллион доллар будааст. Талафоти ҷонии артиши он низ ба ҳазорҳо расидааст. Берун кашидани сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон яке аз ваъдаҳои пеш аз интихоботии Доналд Трамп буд ва акнун, ки марҳалаи интихобот ба давраи дуюми ӯ дар ҷараён аст, барои ӯ “вафо” бар он хеле аҳамият дорад. Хоссатан, баъд аз он, ки дар давраи ӯ сиёсати хориҷии Амрико, бино ба қавли коршиносон, ба афтишҳои беназире рӯбарӯ гардид. 

Дар дохил низ пас аз он ки кораш то ба ҳадди “баррасии масъалаи нобоварӣ нисбат ба ӯ дар порлумон” расид, мавқеъи на чандон хуб дорад. Аз ин рӯ, бо ҳар роҳу восита ноил шудан ба чунин комёбӣ назири хотима бахшидан ба тӯлонитарин ва серхарҷтарин ҷанги берунаи амрикоӣ барояш имконият медиҳад, ки назди интихобкунандагон чун одати доимиаш “бо даҳони пур” худнамоӣ кунад ва аз қаҳрамониҳояш гап занад. Аллакай дар нахустин вокуниши худ ба имзо шудани ин созишнома иброз дошт, ки “рӯзҳои наздик бо раҳбарони Ҳаракати Толибон вохӯрдани ӯ дар назар аст”.

Ҳаракати Толибон низ баъди гузашти тақрибан бист соли муборизаи мусаллаҳ бо Амрико ва дар симои он бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ниҳоят ба хулосае омад, ки бояд роҳи дигаре гирифта шавад, то ба натиҷаи дилхоҳ расад. Ҳанӯз чанд сол пеш баъди ифтитоҳ гардидани Намояндагии ин ҳаракат дар шаҳри Давҳа бархе аз коршиносон ҳадс зада буданд, ки “ин кор барои ба ҷомеаи мутамаддин пайвастани намояндагони ин ҳаракат мусоидат хоҳад кард”. Шояд яке аз сабабҳои роҳи музокирот ва сулҳро интихоб кардани Толибон низ дар ҳамин ҳамзистӣ бо ҷомеаи мутамаддин бошад. 

Баъдан замоне, ки ин ҳаракат Афғонистонро ба даст гирифта буд, он ҳаракати “талабагӣ”, ё худ “донишҷӯӣ” буд. Чун аксари кулли онро донишҷӯён ташкил мекарданд ва бо ҳамин сабаб ҳам онро “Толибон” гуфтанд, на “устодон”. Акнун бо гузашти бисту панҷ сол аз он давра (аз соли 1996, ки идораи Афғонистонро ба даст гирифта буданд) ин симати “донишҷӯйӣ” ва “ҷавонӣ” аз онҳо рафта аксари роҳбарони он ба синни калонсолӣ расидаанд.

Акнун баъди имзои созишнома аз тарафи бозингарони асосии низои афғонӣ, Амрико ва Ҳаракати Толибон навбат ба нишастҳои байниафғонӣ мерасад, ки тибқи созишҳо он аз даҳуми моҳи март сар шавад. Дар ин музокирот Ҳаракати Толибон бо Ҳукумати Афғонистон бо сарварии Ашраф Ғанӣ, барои давраи дуюм пирӯзи интихоботи президентӣ шуд, сари миз менишинад. Бино ба ҳадси коршиносон давраи душвори гуфтушунидҳо акнун сар мешавад, чун манфиатҳои гурӯҳӣ монеаи асосии комёб шудани он ба шумор меравад. 

Ҳамин манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбӣ буд, ки афғонҳоро аз сулҳи баъди шуравӣ маҳрум намуд. Вале замоне  буд, ки чунин манфиатҳо ба ҳам омадани Амрико ва Толибонро муҳол нишон медод ва бо гузашти вақт боз манфиатҳое ба миён омаданд, ки онҳоро ба чунин созиш водор сохт. 

Акнун, ки ба қавле “тӯп дар майдони афғонҳо” қарор дорад, умед меравад, ки манфиати миллӣ ва миллати ҷафодидаи афғон боло мегираду мисоли дигар тарафҳои беруна халқи афғон низ аз ин созиши Амрикову Ҳаракати  Толибон суди худро мебардоранд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *