Узбакистон воридоти нерӯи барқро аз Тоҷикистон афзоиш додааст, то вилояти Сурхондарё дар ҷануби ин кишвар бо нерӯи барқ бефосила таъмин шавад. Ин дар ҳолест, ки мардуми Тоҷикистон аз нарасидани нерӯи барқ ва қатъи зуд-зуди он ҳатто баъди фармони раисҷумҳур, ранҷ мебаранд.
Тавре расонаҳои узбекӣ иттилоъ додаанд, аз 14 ноҳияи вилояти Сурхондарёи Узбекистон 9-тоашро Тоҷикистон бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
Дар баробари ин, ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон ошкор карда нашудааст.
Ӯзбакистон тайи 3 соли ахир воридоти нерӯи барқро аз кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои мардум ва саноат, бахусус дар фасли зимистон аз сар гирифт.
Ба хамин тарик, Узбекистон бар замми барқи истеҳсолмекардаш бештар аз ҳама аз Тоҷикистон ва ҳамчунин аз Киргизистон, Қазоқистон ва Туркманистон қувваи барқ харида аҳолияшро бо барқ таъмин мекунад. Дар ҳолатҳои изтирорӣ барқи корхонаҳои бузурги саноатиро ҳатто хомуш карда, барқро ба аҳолӣ медиҳад.