Рубрики Хабарҳо

Системаи андози Тоҷикистон дар остонаи як фоҷеъа

Кумитаи андоз аз ширкату корхонаҳо ва соҳибкорон андози нимсолаи аввалро дар умум ситонидааст ва барои иҷрои нақшаи нимсола роҳҳои нави фишор болои бизнесро кашф мекунад. Ба назар мерасад системаи андоз ҳарчӣ бештар ба як коллапс наздик мешавад.

Моҳи гузашта Кумитаи андоз аз қабули ҳисоботи солонаи ширкатҳо оили фоидаву зарар дар соли гузашта худдорӣ кард. Бо вуҷуди ин ки санаи поёнии супоридани ҳисобот аввали моҳи апрел буд, бештари ширкатҳо натавонистанд ҳатто то 20-уми апрел ҳисоботи худро қабул кунонанд.

Даъвои Кумитаи андоз буд, ки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорон фоидаи худро аз будаш камтар нишон медиҳанд. Кумита талаб мекард ширкатҳое, ки дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунанд бояд 30-40% ва ширкату соҳибкорони соҳаи савдо 15-20% фоида аз гардиши солонаашон нишон диҳанд.

Барои мисол агар гардиши солонаи ширкати соҳаи савдо ба 10 млн сомонӣ баробар аст, ширкат бояд 1 500 000 сомонӣ фоида нишон диҳад. Ин ширкат фоидаи камтар ё ҳатто зарар дидааст, Кумитаи андозро коре нест. “Фармон аз болост” — ин буд ҷавоби кормандони кумита.

Ҳатто онҳое, ки тамоми ҳуҷҷатҳои масориф ва даромадро пешкаш кардаанд, натавонистаанд ҳисоботи худро гузаронанд. Дар кумита комиссиюне таъсис дода шудааст, ки дар сурати камтар будани фоидаи ширкатҳо аз ончӣ дар боло зикр шуд, ҳисоботро мегардонанд.

Тибқи иттилоъи соҳибкорон, Кумитаи андоз аз онҳо андозҳои нимсолаи аввалро гирифтааст ва ҳоло аз бархеҳо андози нимсолаи дуввуми соли 2019-ро талаб дорад! Ҳатто бархе аз соҳибкорони хурди хусусиро ҳам маҷбур ба пардохти андоз  барои се моҳи оянда кардаанд. Ин таҷрибаи кумитаи андоз аз соли 2013-14 мушоҳида мешавад. Он вақт кумита аз соҳибкорону ширкатҳои муваффақ, ки даромаду фоидаашон мунтазам буд, бо ҳар роҳ андози моҳҳои ояндаро меситонд. Ин кор бештар дар охири сол мушоҳида мешуд, чун иҷрои нақшаро талаб мекарданд.

Ҳоло талаби андоз аз фаъолияте, ки анҷом нашудааст ва даромаде, ки маълум нест, характери умуми гирифтааст. Ҳатто мағозаҳои кӯчаки сарироҳӣ андози моҳи июлро ҳам супоридаанд.

Усули дигари иҷрои нақшаи андоз ҷарима аст, ки ду соли охир ба ваҳшати соҳибкорон табдил ёфтааст. Новобаста аз он ки соҳибкорон хилофкорие дар қонун анҷом додаанд ё на, ҷарима мешаванд. Инҷо ҳам “фармон аз боло” ягона посухест, ки кормнадони кумита доранд.

Фишори мақомот болои бизнес боис шудааст ҳазорҳо нафар тарки соҳибкорӣ кунанд. Аз тарафи худ, ин боиси кам шудани андозсупоранда ва бештар шудани фишор болои боқимондаҳо гардидааст.

Ҷаримаҳои ҳангуфт, тафтишҳои ҳармоҳа ва ҳатто ҳарҳафтаина, талаби андоз пеш аз мӯҳлат ва дигар фишорҳои мақомот боис шудааст аз як тараф бизнес ҳарчӣ бештар зери соя равад ва аз тарафи дигар ширкату корхонаҳо ва соҳибкорон даромаду фоидаи худро камтар нишон диҳанд, то ҳади ақал тавонанд тиҷорати худро ҳифз кунанд.

Бештари ширкату корхонаҳо ба зарар кор мекунанд. Анвар, соҳибкоре, ки ду нуқтаи фурӯши чӯбу тахта дар Хуҷанд дорад, мегӯяд ду сол аст, ки фоидае ба даст намеорад. “Ҳар рӯз як масрафи пешбининашуда пайдо мешавад. Бештари ин масрафҳо ҷарима, ришва ва андозҳои иловагӣ ҳастанд. Беш аз 10 000 доллар қарздор шудам, вале наметавонам дӯконҳоямро бандам. Чун баробари бастани онҳо соҳибони пул ба сарам меоянд” — мегӯяд ӯ.

Абдушукур, молики як корхонаи истеҳсолӣ ҳам ҳамин ҳолро дорад. Ӯ мегӯяд баро қатъи фаъолият пеш аз ҳама бояд аз гирифтани маҳсулоти хом аст кашад. “Вале ман аз онҳо қарздорам. Ҳамин ки гуфтам корамро қатъ мекунам, пулҳояшонро талаб мекунанд. Қарз рӯз бу рӯз зиёд шуда истодааст, аммо чораи дигар ҳам надорем”.

Бори дӯши соҳибкоронро сабукиҳои зиёде, ки давлат ба ширкату корхонаҳои афроди наздик ба Оила медиҳад, бештар мекунад. Аъзои хонаводаи Эмомлаӣ Раҳмон, ки бештари соҳаҳои тиҷоратро монополия кардаанд, ё аз андоз озод ҳастанд ва ё хеле камтар аз будаш месупоранд. Касе аз Кумитаи андоз ё ниҳодҳои дигар ҷуръати тафтиши бизнеси онҳоро надорад ва маҷбур аст ба ончӣ худи онҳо ҳиммат карда месупоранд, қаноат кунад.

Даар ҳамин ҳол худи раисҷумҳур дар ҳар ҷаласа масъулини Кумитаи андозу гумрукро зери танқид ва фишори равонӣ қарор медиҳад ва аз онҳо талаби иҷрои нақша мекунад. Рӯзҳои наздик ҳам вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукӣ дар назар аст.

Шояд ин дафъа ҳам онҳо тавонистаанд нақшаро иҷро кунанд ва раисҷумҳур бовар кунад, ки корҳо чандон бад нестанд.

Аммо рӯзе, ки масъулини Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрукӣ — ду ниҳоди иҷрокунандаи нақшаи ҷамъоварии пули буҷа ба Эмомалӣ Раҳмон бигӯянд “ҳеҷ касе намонд, ки аз ӯ андозу боҷ гирем” чандон дур нест.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *