Матни қисмати панҷуми мусоҳибаи Радиои Паём бо раҳбари Паймон миллии Тоҷиикстон Муҳиддин Кабирӣ. Линки чаҳор қисмати аввалро дар зер пайдо мекунед.
Радиои Паём: Мехостам дар бораи эътилоф сӯҳбат кунем. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо се созмони дигар эътилоф кардааст ва ин чор созмон бо шумули ҲНИТ Паймони Миллии Тоҷикистонро таъсис додаанд.Ҳамин гуна эътилоф пеш аз маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 дар кишвар ташкил шуда буд, аммо муваффақ нашуд. Изҳори норизоиятии раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров аз тасмими эътилоф расонаӣ шуд. Боз ҳам ҷомеаи мазҳабӣ номзадии хонум Ойниҳол Бобоназароваро на он қадар хуб қабул карданд. Ниҳоят нақши эътилоф пурранг набуд. Барои чӣ чунин шуд? Пеши роҳи эътилофро чиҳо гирифта буд дар он давра?
Муҳиддин Кабирӣ: Аввалан иҷозат диҳед, ки шарҳи кӯтоҳе дар бораи эътилофҳоро ба самъи шунавандагони мӯҳтарам бирасонам. Эътилофҳо ду намуд мешаванд, ки яке кӯтоҳмуддат ва дигаре дарозмуддат. Эътилофе, ки мо дар арафаи интихоботи соли 2013 таъсис дода будем, ин эътилофи кӯтоҳмуддат буд барои як интихобот. Табиист, ки баъди интихобот ин эътилоф аз байн мерафт, чун мо ҳизбҳо ва шахсиятҳое, ки ин эътилофро ташкил кард, ба он натиҷа расидем, ки барои муборизаи интихоботии соли 2013 ин эътилофро ташкил мекунем, баъд аз интихобот боз ҳар кас тибқи барномаи худаш меравад.
Аммо ПМТ ин як эътилофи стратегӣ ва дарозмуддат аст ва ин барои кадом як интихобот нест. Фарз кардем, гӯем, ки интихоботи соли 2020 баргузор шавад, баъд мо пароканда мешавем. Мо ба ин натиҷа расидем, ки бояд дар чорчӯби як паймон эътилоф барои расидан ба як ҷомеаи озод ва демокративу одил дар Тоҷикистон талоши муштарак кунем. Баъди ба Ватан баргаштан ин ҳадаф муҳаққақ шуд, он ҷо тасмим мегирем, ки баъд чи кор мекунем?! Боз давом медиҳем ин фаъолияти ПМТ-ро, ё ягон тасмими дигар мешавад. Аммо иншоаллоҳ ин паймон ҳамчун як паймони стратегӣ ва дарозмуддат амал хоҳад кард.
Ин буд дар умум бобати фарқи ду эътилофе, ки зикр кардед. Аммо дар бораи он ки дар он эътилоф чаро чунин шуд ва ҳанӯз интихобот нагузашта як ихтилофҳое дар дохили эътилоф ба вуҷуд омад ва воқеан ҷойи нигаронӣ, ҷойи суол буд он вақт ва ҳанӯзам суолҳо боқӣ монданд. Аммо бо гузашти вақт баъзе масъалаҳо рӯшан мешаванд. Ман ҳам худам он вақт бисёр чизҳоро дарк намекардам ва ба бисёр саволҳо ҷавоб надоштам, ки чаро чунин шуд? Мо бо ҳам нишастем, тавофуқ кардем, даст додем, аҳду паймон кардем, ба як хулоса омадем, номзади ягонаро мувофақа кардем, аммо чаро якбора ин тавр шуд?
Яке аз нуктаҳои хеле муҳиме, ки дар он эътилоф буд, дар ёди бузургон агар бошад, он шаш нафаре, ки мо бори аввал нишаста будем, Ман, бародар Раҳматулло Зоир, устод Тӯраҷонзода, апаи Ойниҳол. Маҳмудҷон Қосимов ва устод Ҳоҷимаҳмад Умаров ҳам баъдан пайваст шуданд. Ба ин натиҷа расидем, ки вақте ба як тавофуқ расидем, на алайҳи якдигар сӯҳбат мекунем ва на ин ҷузъиёти тавофуқотро расонаӣ мекунем ва чароҳоро ба баъд мемонем. Тавофуқ шуду даст додем, аммо якбора мутаасифона ҳанӯз аз даст додану ваъдаҳо дур нашуда, кор ба он самт рафт, ки хеле ҷойи афсӯс буд. То имрӯз ҳам ман таассуф мехӯрам. Аммо шумо мутмаъин бошед, ки мо ҳеҷ гоҳ алайҳи ягон узви он эътилоф сӯҳбат накардем ва ҳатто талош мекунем, ки он сирҳо дар ҳамон ҷо бимонад.
Аммо бародарон ва дӯстоне, ки лозим донистанд нуқтаи назари худашонро ба мардум бигӯянд, ин дигар тасмими онҳо буд, агарчӣ ин кор воқеан ҳам хеле яктарафа буд. Каме беинсофӣ ҳам шуд нисбати дигар аъзоёни эътилоф. Ҳоло мо дар як вазъияти душвор қарор дорем, ки биёем рад кунем, воқеъиятҳоро бигӯем — чӣ буду чӣ мешавад, ё хомӯш биистем?! Мувофиқ ба ҳамон аҳду вафое, ки карда будем, ман ҳанӯзам бар он назар ҳастам, ки лозим нест баргаштан ба он ҳодисаҳо ва якдигарро аз нав танқид кардан. Ҳар кас ки моро танқид кард, гуфт ва ҳатто тӯҳмат ҳам карданд, дигар ҳаволаашон бар Худо.
Аммо як нуктаро бояд мардум бидонанд, ки мо Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод кардем ва Раҳматулло Зоиров роҳбари ҲСД ба ин розӣ нашуду баъд эътироз кард аз тасмими эътилоф. Ҳам барои шумо ва ҳам барои шунавандагони мӯҳтарам мегӯям, ки не, ин тавр нест. Аввалаш ин ки апаи Ойниҳолро Ҳизби наҳзати исломӣ ба эътилоф пешниҳод накард. Дуруст, ки дар анҷумани ҳизб мо ӯро пешниҳод кардем, баъд аз тасмими эътилоф, чун тасмим чунин буд, ки номзади ягона, ки интихоб шуд, дигар ҳар ҳизб метавонад ӯро пешниҳод кунад, ҳар ҳизбе, ки анҷуманаш якум мегузарад. Он вақт аллакай анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пештар аз анҷумани дигар ҳизбҳо эълон шуда буд. Бинобар ҳамин ҳам Ойниҳол Бобоназарова бояд, ки аз тарафи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пешниҳод мешуд.
Тибқи қарори эътилоф агар Ҳизби Сотсиал Демократии Тоҷикистон зудтар анҷуман мекарданд, ҳатман, ки онҳо бояд пешниҳод мекарданд. аммо худи номзадии Ойниҳол Бобоназарова мутмаин бошед инро, шоҳид дорем, дигар аъзоёни эътилоф дар он ҷо ҳастанд аз тарафи ҲНИТ ба эътилоф ҳамчун номзади ягона пешниҳод нашудааст. Ин метарсам, ки иштибоҳ накунам, ё пешниҳоди устод Тӯраҷонзода буд, ё Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ё Маҳмудҷон Қосимов. Яъне аз аъзои эътилофи ғайриҳизбӣ буд.
Як чизи дигарро ҳам бояд гӯем, ки то он даме ки ба эътилоф ворид шавем, байни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал Демократии Тоҷикистон байни шӯрои сиёсии ду ҳизб ҷаласаи муштарак баргузор шуд. Яъне ҳар касе мегӯяд, ки мо машварат накардему маслиҳат накардему ба тавофуқ нарасида будем, ғалат мекунад. Ва дурӯғ ҳам мегӯяд ба ҷомеа. Байни ҳарду ҳизб ҷаласаи шӯрои сиёсӣ буд ва ба ин тасмим расида будем, ки аз ҳарду ҳизб номзад пешниҳод накунем. Номзад ғайриҳизбӣ бошад, як чеҳраи миллӣ бошад. Ва дар он ҷо ошкор далелҳоямонро гуфтем. Дӯстон аз ҳизби сотсиал демократ далелҳояшонро гуфтанд.
Вақте, ки дар он ҷаласаи эътилоф номзадии Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шуд, апаи Ойниҳол рад карда буданд, гуфтанд, ки ман неву ягон каси дигар бошад, устод Тӯраҷонзода бошад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров бошад, аммо ҳамагон гуфтанд, ки бори аввал як навоварӣ мешавад дар кишвар, ки бону пешниҳод мегардад ва шумо як чеҳраи миллӣ ҳастед, ҳама эҳтиром дорад, зеро ҳуқуқшиносед. Ҳамон ҷо як сухани бисёр аҷиб ҳам гуфтанд. Гуфтанд, ки агар мехоҳед, ки ман номзад бошам,мехоҳам шунавам, ки дар ин бора Раҳматулло Зоиров чӣ мегӯянд? Оё Раҳматулло Зоиров розӣ ҳаст, ки ман номзад бошам? Раҳматулло Зоиров ҳам гуфтанд, ки бале ман розиям, ки шумо номзади эътилоф бошед. Ойниҳол Бобоназарова маро ҳам пурсиданд, ки шумо чӣ мегӯед дар ин бора? Ман гуфтам: “Қабл аз он, ки ман пешниҳодамро гӯям, бояд ин ки ҷаласаи олии ҳизбро баргузор кунам ва ризоияти раёсати олиро бигирам. Ман шахсан бо Апаи Ойниҳол ҳеҷ мушкилие надорам ва шахсан розиам, аммо дар ҳизби мо як қоида ҳаст, ки раиси ҳизб ҳама чизро худаш танҳо муайян намекунад. Мо раёсат дорем, шӯрои сиёсӣ дорем ва бояд тасмим дастаҷамъона бошад. Чун Устод Тӯраҷонзодву маҳмудҷон Умаров ва Ойниҳол Бобоназарова инҳо шахсиятҳо ҳастанд, ҳар тасмиме, ки худашон мегиранд, дар ҳамин ҷо худашон ҷавоб мегӯянд, аммо ҳар тасмиме , ки мо мегирем, ҳизбҳо ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодам ин аст, ки ин ҷаласаро ба рӯзи дигар вогузорем ва ман рафта ҷаласаи шӯрои олиро баргузор кунам, Раҳматулло рафта ҷаласаи шӯрои ҳизбашро баргузор кунад ва баъдан мо биёем ва аз намояндагии хизбҳоямон пешниҳодамонро гӯем, ки рози ҳастем, ё нестем”.
Раҳматулло гуфт, ки ман ҳар чизе, ки дар ҳаминҷо гуфтам мавқеи ҳизби ман аст, ниёз ба ягон ҷаласаи ҳизбӣ надорам, ҳизб инро пуштибонӣ мекунад, ман бовар дорам. Ман гуфтам, ки ман бовар надорам, ки ҳизби мо аз тасмими ман сад дар сад пуштибонӣ кунад, он ҷо ихтилофи назарҳо мешавад. Ба ман иҷозат диҳед, ки ҷаласаи ҳизбамро баргузор кунам. Ҳатто вақтро ба дигар рӯз намонданд. Ёдам ҳаст, ки устод Тӯраҷонзода пешниҳод кард, ки як хӯрок супориш бидиҳем, то ҳамин ҷо намози пешинро мехонем, ту худ бирав ва ҷаласаи ҳизбатро доир бикун ва натиҷаашро баъди намози пешин, ё наҳор бигӯ.
Вақте ки дӯстон машғули ибодату тановул буданд, ман рафтаму ҷаласаи ҳизбро баргузор кардам, масъаларо матраҳ кардем, ихтилофи назарҳо буданд, баҳс буд ва ёдам ҳаст, ки бо 60 бар 40 овоздиҳиамон натиҷа ҳам дод. Шаст дарсад тарафдорӣ карданд, ки Ҳизби наҳзат аз Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кунад ва 40 дар сад мухолиф буд. Ва он чил дар сад ҳам мухолиф буд ба он хотир, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи суннатӣ асту мардҳо шояд қабул накунанд. Мо вориди баҳсҳои диниву мазҳабӣ мешавем. Вале аксарият бар ин назар буданд, ки ҳеҷ ишколе надорад аз лиҳози динӣ ҳам, аз лиҳози сиёсӣ ҳам. Мо бояд ин ҷасоратро дошта бошем, ки як занро пешниҳод кунем.
Баъд аз зӯҳр мо баргаштем ба ҷаласаи эътилоф ва ман охирин нафар эълон кардам,ки ҲНИТ ҳам ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова розигӣ дод. Баъд як нуктаи муҳимро аҳамият диҳанд дӯстон, ки Наҳзат охирин тарафе буд, ки ризоияти худро ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова дод. Имрӯз мегӯянд, ки гӯё мо ба таври маҷбурӣ, сохта, бо ҳар роҳе номзадии Ойниҳолро пешниҳод карда бошему номзадии каси дигарро қабул накардем. Ман ин ҳарфҳоро ҳарфҳои ҷиддӣ намедонам. ин то ҳадде зеҳни мардумро мағшуш кардан ва дурӯғ гуфтан ба мардум ҳам ҳаст. Аммо мо дар он ҷо як тавофуқ кардему даст додем, ки ин тасмим тасмими ниҳойӣ аст ва ҳама бояд аз он пуштибонӣ кунем. Бо ҳамин иттифоқ мо берун шудем. Вале дур нарафта мутаасифона алайҳи тасмими эътилоф сӯҳбат шуд. Ва баъдан чун ман он вақт ҳам нафаҳмида будам,ки чаро ин ҳолат рух дод, ҳоло, ки ба хориҷ омадаму бо баъзе шахсиятҳо сӯҳбат кардаму бароям аён шуд, фаҳмидам, ки барои чӣ ин ҳолат рух дод.
Мутаасифона дар он ҷо баъд маҷбур кардаанд ва фишор овардаанд, ки сӯҳбатҳо алайҳи эътилоф, алайҳи ҲНИТ, алайҳи Ойниҳол Бобоназарова анҷом дода шавад ва мутассифона ин кор анҷом ҳам гирифт. Аммо ман дар ҳамон тааҳҳуде, ки доштем пойбанд ҳастам ва намехоҳам вориди ҷузъиёт шавам ва касеро дар ин масъала муттаҳам кунам.
Шакли пурраи мусоҳибаро метавонед инҷо тамошо кунед: