Рубрики Хабарҳо

Муҷассамаи Исмоили Сомониро таъмир мекунанд

Дар Душанбе нақша доранд, давоми чор моҳи баъдӣ маҷмааи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”-ро таъмири асосӣ (капиталӣ) кунанд. Дар ин бора Азия Плюс бо истинод Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Чанд рӯз аст, ки дар маҷмааи муҷассамаи “Исмоилӣ Сомонӣ”-и шаҳрии Душанбе устоҳои зиёде ба таъмир машғуланд. Онҳо сангҳои “гранити”-и гирди муҷассамаро канда, ҳамчунин дар дохили осорхонаи зери муҷассама машғули коранд.

Аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе гуфтанд, бо супориши шаҳрдори Душанбе ҳудуди ду ҳафта пештар ба таъмири даври муҷассама оғоз карданд ва давоми чор моҳи баъдӣ осорхонаи зери муҷассамаро таъмири асосӣ карда, ҳамаи қубрҳоро иваз мекунанд.

“Мо ба худи ҳайкал намерасем, танҳо сангҳои сурхи даври онро иваз мекунем ва осорхонаи зери ҳайкалро пурра таъмир менамоем. Қубурҳоро, ки чандин сол аст иваз нашудааст, пурра нав мекунем. Онҷо шабакаҳои қубурҳои обгузар ва ҳавокашии зиёд аст, ки аз сабаби фарсуда шуданашон бояд иваз шаванд. Осорхонаро ҳам пурра таъмири капиталӣ мекунем”, — гуфтанд аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе.

Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст.

Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *