Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуҷуди хукхона дар 12 километрии Хуҷанд хабар медиҳад. Дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” навиштаи як корбари он нашр шудааст, дар бораи як хукхона дар деҳаи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориш додааст.
Тибқи гуфтаи муаллиф, бӯи бади он тамоми деҳаро фаро гирифта, хуну ахлоту пешоби ин хукхона ба дарёи Сир рехта мешавад. Бинобар таъаллуқ доштани хукхона ба кадом мансабдори баландпояе, бо вуҷуди арзу шикоятҳои мардум, касе натавониста алайҳи он иқом кунад.
Дар поварақи хабар маъмури гурӯҳи “Ахбор барои афкор” навиштааст, ки матлабро як нафари дилсӯз фиристодаву “танҳо ба хотири омилҳое аз бурдани номаш худдорӣ кард. Аммо яқинан шахси воқеисту дилсӯз ва сабтҳое низ доранд”.
Гузориш ба шакли зер аст:
Чанде пеш ба атрофи Хуҷанд барои аксгирӣ ба яке аз филмҳоямон рафтем. Нохудогоҳ ба воқеаи чашрасе дучор омадем. Дуртарак аз шаҳр дар лаби дарёи Сир маҳаллаеро вохӯрдем, ки атрофашро бӯйи баде пахш карда буд: Деҳаи САРТУҚАЙ дар 12-километраи ш.Хуҷанд (бархе гуфтанд, ки ин хукхона дар ҳудуди деҳаи Учбоғи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров аст, аммо ин муҳим нест, муҳим ва даҳшат ин ки ҳолат ҳамон аст).
Як марде аз он ҷо назди мо омада гуфт: Ягон нафаре нест, ки ба доди мо расад?! Борҳо муроҷиат кардем, вале бенатиҷа…
Моро ҳамроҳи худ бурд ба ҷойи воқеа. Он ҷо фермаи ХУКПАРВАРӢ будаст. Хуну ахлоту пешобҳояш рост ба Сирдарё равона карда шуда буд, ки ин ҳамаро мо бо чашми худ мушоҳида кардем ва наворбардорӣ. Дақиқан, ки гӯштҳояшро низ мову шумо истеъмол мекунем ба кадом роҳе, ки набошад: Ҳасиб, самбӯса, шашлик, хӯрок дар ошхонаҳо ва ҳар куҷое, ки равонааш мекунанд…
Аввал ин, ки зарар ба мардуми ҳамон маҳалла, ки дар бӯйи бади он умр ба сар мебаранд.
Дуюм, Сирдарё оби нӯшиданӣ асту партовҳояш рост дохили он. Дар ҳоле, ки «Даҳсолаи об барои рушди устувор» дорем.
Сеюм, гӯшти онҳоро ба куҷо интиқол медиҳанд? Саволест беҷавоб…
Дар анчом он мард ба мо гуфт, ки соҳибаш кадом як мансабдори «болоӣ» ҳаст, ки касе нисбати ин корҳои бадаш чорае намеандешад. Агар тавонед, ҳамин масъаларо расонаӣ кунед, то мо аз ин бӯйи бад раҳоӣ ёбем…….
Ба бародарони дар шабакаи ТВ буда гуфтем, рафта сабт карданд. То вилоят хабардор ва пули зиёд ҳам пешовардаанд, аммо инҳо не гуфтаанд…