Рубрики Хабарҳо

ФАСОДЗАДА (нома ба “пешвои миллат”)

Салом Эмомалӣ Шарипович!

Ҳарчанд хостам, дигар мактубат нанависам, нашуд. Хаёлам ҳама гапи мегуфтагиамро гуфтам. Агар инсон будӣ, ҳамон навиштагиҳоям басат буданд, ки бухчаҳоятро ҷамъ карда, ба Данғараат баргардӣ. Данғараро аз ҳисоби буҷаи сохтмони вилояти Хатлон ва лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ хеле обод кардӣ, ҳама заминҳову чарогоҳҳояш то таги Себистон аз туву бародарат Нуриддин шуд. Дар чарогоҳҳоятон то оҳу ҳам доред. Агар гусфандҳои рамаи Самонбойро то охири умрат ҳар рӯз яктогӣ кушта хурӣ ҳам зиёдатӣ мекунад. Бас аст, охир! Ин мардуми сарсахти тоҷик чӣ гуноҳ дорад, ки ин қадар азобаш медиҳӣ? Ба фикрам Раҳмони Зард шоҳи Тоҷикистон набуд, ки тахташро ба валиаҳд Рустам ваъда бидиҳӣ ва мулкашро ба духтарону домодҳоят тақсим кунӣ. Вале, чӣ кунам, ки аз инсонгарӣ фарсахҳо дурӣ. Дигар ба як ҷонвари ваҳшие табдил ёфтаӣ, ки, агар нухтаатро накашанд, халқи тоҷикро то ба ҳалокат бурда мерасонӣ. Гумон намекунам, ки дигар ҳамон данғарагиҳоят ҳам ба дардат даво шаванд. Норозигии охирашон назди аждаҳо-корхонаи “Фароз”-и домодат Шамсулло Соҳибов нишони он аст, ки ҳамон бечораҳо ҳам ба дод омадаанд.

Акнун фазои интернетро боз як баромади аблаҳонаат пур кард ва боиси аз нав хандахариш шуданат гардид. Ҳарчанд даҳони ҳама расонаҳоро бастаӣ, баромадҳои “оқилона”-и худат басанд, ки ҳама гуноҳҳоят фош гарданд. Ҳамон мақоли “пистаи бемағз”-ро мегуӣ барои худат гуфта бошанд. Бо баромадҳои “мардуми”-ат боз мехоҳӣ халқи тоҷикро гӯл бизаниву аз худат мусичаи бегуноҳ тарошӣ. Намешавад.

Ана мисол бигирем, ки корманди баландпояи гумрук Шаҳбоз Раҷабовро назди мардум аз кор гирифтӣ. Баъд чӣ? Порахурӣ дар Тоҷикистон ба охир расид? Худат назди халқ дар “ҳайрат меафтӣ”, ки чӣ гуна ин хел кадрҳои бесаводро ба кор мегиранд? Чӣ гуна? Акнун пас аз чопи мақолаи “Ахбор” ҳама медонанд, ки чӣ гуна. Ҳамааш ба “боло”, яъне туву Озодаву озодаҳои дигар алоқаманд аст. Ана ҳамин хел “кадр”-ҳои ҳирфаиро ёфта ба вазифаҳои равғанӣ таъин мекунед. Кардҳоеро, ки ҳатто саводи дуруст надоранд.

Агар дар тули ин як солу ҳашт моҳ Шаҳбоз (писари духтури оилавиат) ин қадар моликият “ҷамъ” карда бошаду боз 18 маротиба ба хориҷа сафар карда бошаду дар “он ҷо” пул захира карда бошад, пас туву Рустаму, Ҳасану Озодаву як баталён озодаҳои дигар, ки ин 26 сол боз хуни халқро мемакед ва касе назорататон намекунад, чи қадар боигарии мамлакатро ба хориҷа баровардаед? Воҳ!

Вақте дар бораи бесаводии “як қурбони”-ат – Шаҳбоз гап мезанӣ, хун ба сарам мезанад. Магар Рустами ту – шоҳи ояндаи Тоҷикистон аз ӯ беҳтар аст? Куҷо хондааст ва чанд забони хориҷиро медонад? Магар ӯ низ аз силсилаи ин “ҷавонони тиллоӣ” нест, ки дар казиноҳои Маскав дар як шаб то як миллион долларро бой медоду аз нодониаш гирифта пас овардиаш? Магар ӯ низ чун Шаҳбоз зуд соҳиби рутбаҳову унвонҳо нашуд? Магар ӯ мошинҳои шастҳазордоллара надорад? Магар ӯ низ ба хориҷа пул интиқол намедиҳад? Ё ба ӯ ҳама чиз мумкин аст, зеро писари Шоҳ аст? Магар фаҳмишу саводи ӯ барои роҳбарии пойтахти мамлакат басанда аст?

Шаҳбоз бо касе салом намекунад? Нафаҳмидам. “Салом кардан” чист? Доля додан? Бале, ҳар як нафар, новобаста аз писари кӣ буданаш бояд ба аҳли хонаводаи ту доля диҳад. Гапнодароҳоро дар мисоли ӯ метарсонӣ. Чаро роҳбари гумрукро барои ба чунин зиёнкорӣ роҳ доданаш аз кор озод намекунӣ? Аҷиб! Пас ӯ “салом мекунад”, яъне, доля медиҳад. Фаҳмо. Агар зердастонат ба чунин хатогиҳо дар “интихоби кадр”-ҳо роҳ медиҳанд, пас ту – ҳамчун роҳбари асосӣ гунаҳкорӣ чун аъзои ҳукуматро таъин мекунӣ ва бояд аз шарм ба истеъфо равӣ. Вале магар пӯсти рӯи ғафсат ба ин имкон медиҳад? Беҳтараш чунин “намоиш”-ҳои хандаовар ташкил карда, ба чашми халқ боз ҳам хок мепошиву барои интихоботи соли 2020 “омодагӣ” мегирӣ. Вале ин даъфа ин трюкат ба кор намеравад. Худат ҳам инро хуб дарк карда истодаӣ ва аз қавоқат барф мерезад. Плани дуюм, фирор аз мамлакатро хуб тарҳрезӣ дорӣ. Майлат.

Барои норасоии 1000 ё 2000 сомонӣ одамон паси панҷара мераванд. Барои аз прокурор бар ивази таҳлили пешобаш як сомонӣ гирифтан ҳамшираи таҳлилгоҳ ҷарима мешавад. Барои як “лайк” ё сухани зидди ту ҷавонони камбағал “душмани сохти конститутсионӣ” эълон гардида, то 15 сол ҳабс мешаванд. Вале Шаҳбоз Раҷабов барои дар як муддати кӯтоҳи “кор”-аш соҳиби се хонаву ду мошини қимматбаҳо гардидан ва садҳо ҳазорро ба хориҷа бароварданаш ҳамагӣ аз кор озод мешавад, барои ҷавониаш. Магар дили ту барои ҷавонон месӯзад? Ҷавонони 21-23 солае, ки дар махбаси Хуҷанд чун гусфанд куштиашон магар ба қадри Шаҳбоз ба давлат зарар оварда буданд? Ту мардуми аз худат норозиро “душмани халқ” ва Рустаму Шаҳбозро “дуст”-и халқ вонамуд карданӣ ҳастӣ. Ту бо ин баромадат фасодзада будани ҳама системаи давлатдориат ва аҳли хонаводаатро бори дигар фош кардӣ. Тасаввур намекунӣ, ки боз чандин “хизматгор”-ҳои Озодаву Рустаму Тахмина ҳар соат ин давлатро аз номи “фарзандони сарвари мамлакат” чӣ қадар горат мекунанд.  

Чӣ гуна метавон ба ту бовар кард? Он, ки бо фарзандонат як давлати демократиро чун моли падарат тороҷ доред, нороҳатат намесозад? Магар “доно”-ҳои Тоҷикистон танҳо туву фарзандони “тиллои”-ят ҳастед? Магар бо ин амалат ба рӯи мардуми Тоҷикистон туф намекунӣ? Конститутсияи мамлакатро ба манфиати худату аҳли оилаат он қадар тағъир додӣ, ки чун як бадани сад ҷарроҳӣ гузаронида менамояд. Сараш бо нӯгаш мувофиқ нест. Мардум озоданду бандӣ. Қонун дар дасти туст. Дуздоне, ки мамлакатро ғорат мекунанд, ҷавононанд, ки мебахшиашон, вале савдогарони бозори Шаҳритуз, ки аз бедодгарии андозчинон дод гуфтанд, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятианд, ки ҷарима мешаванд. Дар куҷост адолат? Ё ту ба ин кор надорӣ? Хайр, бубин. Рӯзи барои ин бедодгарӣ ҷавоб доданат дур нест.

Суҳбат боқӣ.

Бо эҳтиром

Исломиддин Садиров,

нафақахӯр, ветерани меҳнат

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *