Рубрики Хабарҳо

Бо “облава”-ву асиргирӣ, масҷидбандиву пулситонӣ нақшаи даъват 88% иҷро шуд

Нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз, 13 май 88% иҷро шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Авесто бо нақл аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Даъвати имсола бо “облава”-ву усулҳои дигари маҷбурсозӣ дар хотирҳо то дер боқӣ хоҳад монд.

Дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон даъвати баҳорӣ 103% иҷро шудааст. Дар Душанбе бошад 100%. Дар навоҳии тобеъи марказ ва вилояти Суғд нишондиҳандаҳо яксонанд — 87%. Камтар аз ҳама дар вилояти Хатлон даъватшавандагон ба дасти “облавачиҳо” афтидаанд. Дар ин вилоят нақша 86% иҷро шудааст.

Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон 1-апрел оғоз шуд ва то 31 маи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.       

Ба назар мерасад ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои дар Тоҷикистон сол то сол мушкилтар мешавад. Бо фарқ аз солҳои гузашта, имсол мақомот чанд усули нави маҷбурсозии ҷавонон барои “ихтиёран” рафтан ба сафи артишро кашф карданд.

Дар ҷамоъатҳои Воруху Чоркӯҳи ноҳияи Исфара даҳҳо нафар волидони даъватшавандагон аз тарафи шӯъбаҳои КДАМ ва ВКД асир гирифта шуданд. Танҳо баъди “ихтиёран” аз муҳоҷират баргаштани фарзандонашон онҳо аз асорат озод шуданд. Бархе аз онҳо то 10 рӯз дар боздоштгоҳҳои ин ду ниҳод нигоҳ дошта шуданд.

Рӯзи 26 апрел дар ягон масҷиди ноҳияи Нуробод намози ҷумъа . Мақомоти ноҳия ба масъулони масҷидҳо гуфтаанд, ки бо фармони раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода, намозҳо дар масҷидҳо танҳо баъди иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷозат дода хоҳад шуд.

Масъулони ҷамоати Лангари ноҳияи Муъминобод ба сокинони деҳаи Чашмаи ҷӯшони ин ноҳия гуфтанд, агар то рӯзи душанбе се ҷавонро барои хидмати ҳарбӣ ‘таслим’ накунанд, майдони варзишгоҳи деҳаро ҷуфт карда, дар ҷояш алафи чорво хоҳанд корид.

Дар чанд ноҳияи кишвар мақомот аз раисони маҳалла талаб карданд, ё нақшаи фиристодани ҷавонон ба сафи артишро иҷро кунанд ва ё ба ҷои ҳар даъватшавандаи дар нақшабуда пардохт кунанд. Ин хабарро корбарони зиёдеи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияҳои гуногун тасдиқ карданд.

Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мақомот ба хотири даъвати ҷавонон ба артиш ба дари панҷ масҷид мӯҳр задаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *