Рубрики Хабарҳо

УММУЛ МӮЪМИНИН ҲИНД (РАЗИЯЛЛОҲУ АНҲО)

Ҳинд (разияллоҳу анҳо) модари мӯъминон ва ҳамсари паёмбар мебошанд.

Падари Ҳинд Абиумайяи Қурайшии Махзумӣ буд. Ҳинд бо лақаби Умми Салама машҳур ҳастанд.

Аҳли Макка падари Умми Саламаро бо караму саховатмандӣ  мешинохтанд. Он қадар саховатманд буданд, ки лақабашон Зоди Рокиб, яъне Тӯшаи Мусофир буд. Ҳар касе, ки ҳамроҳи Абиумайя сафар мекард, тамоми харҷи роҳи ҳамсафарашро Абиумайя мепардохт, аз ин хотир Тӯшаи Мусофир лақаб дошт.

Умми Салама дар байни мардум, ҳамчун зани хирадманду зебо ва дорои ахлоқи ҳамида шинохта шуда буданд.

Умми Салама пеш аз ислом ба Абусалама Абдуллоҳ ибни Асад издивоҷ карда буд.

Ҳанӯз дар оғози ислом ҳамроҳи ҳамсарашон ба Паёмбар имон оварда буданд.

Вақте азобу шиканҷаи мушрикон болои мусалмонони Макка шиддат ёфт, Умми Салама ҳамроҳи ҳамсарашон ба Ҳабаша ҳиҷрат намуданд. Дар Ҳабаша соҳиби як фарзанд гаштанд: Писарашон Салама, ки бо номи ӯ лақаби Умми Саламаро доранд.

Пас аз як чанд муддати муҳоҷират Умми Салама ҳамроҳи шавҳарашон ба Макка баргаштанд. Дар онҷо ба бузургтарин санҷиши Илоҳӣ рӯбарӯ шуданд.

Вақте ба Макка расиданд, диданд, ки Паёмбар ҳамроҳи мусалмонон ба Мадина ҳиҷрат кардаанд. Умми Салама низ ҳамроҳи фарзанду шавҳарашон азми ҳиҷрат намуданд. Вақте ба роҳ баромаданд, хешовандони Умми Салама, ки ислом наоварда буданд, нагузоштанд, Умми Салама ба Мадина ҳиҷрат кунанд. Шавҳарашон бо хешовандони Умми Салама муқовимат карда натавониста, ҳамсару фарзандашонро гузошта ба Мадина ҳиҷрат карданд. Вақте аз шавҳар бо зур ҷудо шуданд, дарду ҳасраташон кам набуд, ки хешовандони шавҳарашон, Салама фарзандашонро низ бо зур бо худ бурданд. Вақте Саламаро аз назди модараш мебурданд, кӯдак бо тамоми ҳасти мегиристу оғӯши модарро сар намедод, мардуми бераҳм он қадар кӯдакро ба шиддат аз оғӯши модар гирифтанд, ки дастони кӯдак аз ҷояш баромад, ва модару ҷигарбандашро аз ҳам ҷудо сохтанд. Ҳамин тавр Умми Салама ҳам аз шавҳар ҳам аз фарзанд ҷудо гашта, дар асорати хешовандонашон танҳо монданд. Қалби Умми Салама муштоқи дидори Паёмбар, муштоқи дидори шавҳару фарзанд буд, аммо хешовандони дилсанг намегузоштанд ба назди азизонашон раванд. Билохира пас аз як соли гиряву зорӣ хешовандон ба ҳоли умми Салама раҳм карда, ба ӯ иҷозат доданд, то ба Мадина раванд. Умми Салама танҳо бо пойи пиёда давидаву афтида ба назди Паёмбару мусалмонон омаданд.

Вақте ба Мадина омаданд, соҳиби се фарзанди дигар гаштанд: Дурра, Умар ва Зайнаб.

Пас аз чаҳор соли дар Мадина зиндагӣ кардан ҳамсари Умми Салама дар яке аз ҷангҳо маҷруҳ гашта, дар асри беморӣ вафот мекунанд.

Пас аз гузаштани иддаи Умми Салама  ҳазрати Абубакр ва Умар ба эшон хостгор мешаванд, аммо Умми Салама талаби ҳардуро рад мекунанд.

Сипас Расулаллоҳ ба Умми Салама хостгор мешаванд, ва аз ӯ талаби издивоҷ мекунанд. Вақте Расулаллоҳ аз эшон хостгорӣ мекунанд, Умми Салама ба паёмбар мегӯянд: “Ё Расулаллоҳ ҳеҷ як зане ба мисли шумо хостгорро рад намекунад, аммо ман якчанд мушкилӣ дорам. Ман модари аёлманд ҳастам, чор фарзанд дорам, боз синнусолам бузург аст, аз ҳамаи ин бадттар ман хеле зани ғаюру рашкин ҳастам.

Расулаллоҳ ба Умми Салама гуфтанд, аз фарзандонат бехавотир бош, ман онҳоро ҳамчун фарзандони худам парвариш мекунам, аз синнусолат низ парвон накун, синнусоли ман низ мисли ту бузург аст, аммо агар ман хеле зани рашкин ҳастам гӯи, ба Аллоҳ дуо мекунам, то рашки туро бартараф кунад.

Пас аз ин Умми Салама бо паёмбар издивоҷ карданд, ва бо лутфи илоҳи аз уммаҳотул муъминин гаштанд. Аксари муаррихин мегӯянд, вақте Умми Салама ба ҳамсарии паёмбар баромаданд, синнусолашон аз панҷоҳ гузашта буд. Бо вуҷуди ин бузургӣ охирин ҳамсари паёмбар ҳастанд, ки аз дунё гузаштаанд. Умми Салама аз рӯи ривояти ҳадис дар байни уммаҳотулмуъминин, пас аз Ҳазрати Оиша меистанд. Мардум ба назди Умми Салама меомаданд, то оиди шариат аз аҳодиси Расулаллоҳ барояшон маълумот диҳанд, Умми Салама бо камоли ифтихор аҳодиси аз Расулаллоҳ шунидаашонро ба уммат мерасониданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *