АДЛ КАРДАН БАЙНИ ФАРЗАНДОН
Яке аз амрҳои муҳиме, ки аксарияти волидон аз он бехабар мебошанд ва то куҷо хатарнок будану гуноҳ буданашро намедонанд, адл накардан байни фарзандон мебошад.
Боло донистани баъзе фарзандон аз дигар, ба яке ҳадия додану ба дигар надодан,баъзе фарзандонро сахт дӯст доштану ба дигаре аҳмияти кам додан, инҳо ҳама ноадлӣ мебошанд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ноадливу баробар надонистани фарзандонро шадидан манъ кардаанд.
Нӯъмон писари Башир саҳобии ҷалил мегӯянд: Боре модарам аз падарм дархост намуд, то ба ман каме аз молашро ҳадия диҳад, сипас падарам сухани модарамро гӯш карду ба ман каме молашро ҳадия дод. Пас аз ҳадия додан ба ман гуфт: Ман ба ин ҳадияи ба ту додаам розӣ намешавам, то замоне, ки паёмбар ба ин амалам шаҳодат надиҳанд. Сипас падарам дасти маро гирифту ба назди паёмбар бурд, дар он замон ман ҳанӯз писарбачаи ба воя нарасида будам. Вақте ба назди паёмбар омадем, падарам ба паёмбар гуфт: Ё Расулаллоҳ ҳамсарам аз ман дархост намуд, то ба ин писарам каме аз моламро ҳадия намоям. Ҳоло ба назди шумо омадам, то ба ин амалам шаҳодат диҳед.
Паёмбар ин суханро шунида аз падарам пурсиданд: Оё ба ҷуз ин писар ба фарзандони дигарат ҳам ҳадия додӣ?
Падарам гуфт: на, танҳо ба ин додаму бас.
Сипас Паёмбар ба падарам гуфтанд: Аз Аллоҳ битарс ва байни фарзандонат адл кун. Ман барои ҷабр кардани касе шаҳодат намедиҳам.
Рӯзе Паёмбар ҳамроҳи асҳоб сӯҳбат мекарданд. Ногаҳ писарбачаи яке аз ҳозирин ба назди падараш омад, падар кӯдаки худро бӯсиду ба зонуяш шинонид, сипас духтарчаи он мард низ давида ба назди падар омад, падар духтарчаашро бӯсиду ба наздаш шинонид, Паёмбар ин ҳолро бида ба мард гуфтанд:
Духтарчаатро низ ба зонӯят шинон. Мард сухани Паёмбаро шуниду дар ҳол духтарчаашро низ ба зонӯяш гирифт, сипас Паёмбар гуфтанд: Ана акнун адл кардӣ!
Саҳобагони Паёмбар ҳатто дар бӯсидан байни фарзандонашон адл мекарданд, якеро гузошта дигареро намебӯсиданд.
Боло донистани баъзе фарзандон аз баъзеи дигар бо сабабҳои ночизӣ дунявӣ падидаҳои хеле бад дорад, илова бар ин аз гуноҳи кабира мебошад, чун зулм ҳисобида мешавад.
Баъзеҳо танҳо барои писар буданаш фарзанди худро аз дигар хоҳаронаш боло медонанд. Ба писарбача ҳадияҳо дода мешавад, ба духтарон бошад не, хостаҳои писарак иҷро карда мешавад, аз духтарон не, писарак ҳаққи сухан карданро дар ҳама ҷову бо ҳама кас дорад, духтарак бояд хомӯш бошад.
Боло донистани фарзандони писарӣ аз духтарон аз суннатҳои ҷоҳилият аст, ки аз духтар нафрат доштанд, барои доштани духтар шарм мекарданд. Шояд аҳмияти зиёди баъзе волидон ба писарон ба сабаби он бошад, ки пирбача нисбати духтарак қавитар аст ва оянда ёрии писар зиёдтар ба волидон мерасад, духтарак шавҳар мекунаду меравад. Аммо ин фикри иштибоҳ аст, танҳо Аллоҳ медонад кадоме аз фарзандон, писар ва ё духтар ғамхору парастори волидон мегарданд. Фотима разияллоҳу анҳо низ духтар буданд, духтаре, ки насли Паёмбар ба сабабаш то рӯзи Қиёмат дар рӯи замин давом меёбад. Марями покдоман низ духтар буданд, духтаре, ки Исоро ба дунё овард. Писаронро ба духтарон тафзил надиҳед, духтар будани фарзанди шумо ба дасти худаш набуд, ки медонад шояд худи ҳамин духтар дар кӯҳансолӣ дасти шуморо гирад. Медонед духтараки шумо вақте мебинад, ки бароадарашро аз ӯ боло медонанд, чӣ қадар дарди равонӣ мекашад, худро ба хотири духтар буданаш шахси дуввуми ҷомеа ҳис мекунад, аз кӯчаки ман духтар ҳастам ба ин хотир қадр надорам гӯён, бузург мегардад. Вақте шахсе худаш қадри худашро намедонад, аз дигарон чӣ интизор мешавад!?
Баъзе волидон ба сабаби ҳаракати зиёд ва ё зишт сурат будан, ва ё зеҳни қавӣ надоштанӣ яке фарзандон, ӯро зиёдттар танбех мекунанд ва ё аз ҳадияву чизҳои дигар маҳрум месозанд, доимо ҳамчун намунаи бад аз ӯ сухан мекунанд. Ин муомила рӯҳияи маъсуми кӯдакро нобуд месозад. Ман бад ҳастам, бояд ҳамеша бадӣ кунам гӯён, ба худ шиор месозад. Медонад, ки ба ҷуз бадӣ чизи дигареро аз ӯ интизор нестанд. Магар зиштивӯ ҳофизаи кунд доштан, ва ё табиатан ҳаракатнок будан ба дасти кӯдак аст? Чаро кӯдакро ба сабаи камбудиҳое, ки дар дасти худаш нест он қадар меранҷонем, гуноҳи ӯ чист, агар сурати зишт дошта бошад, ва ё ҳофизааш заъиф бошад?
Гоҳе бо омадани тифли ҷадид аҳмияти волидон ба фарзандони бузургтар камтар мегардад, дигар фарзандон эҳсос мекунанд, ки тифлаки нав омада волидонашонро аз онҳо дуздид, дар натиҷа ба бародар ва ё хоҳарчаи кӯчаки худ нафрат пайдо мекунанд.
Боло донистани яке аз дигар ҳам барои оила, ҳам барои ҷомеа зарарҳои ҷиддӣ дорад.
Сабаби бадбиниву ҳасодат кардан байни хоҳару бародарон мегардад. Маҳз меҳри зиёди Яъқуб нисбати Юсуф сабаб гашта буд, то бародарон, аз рӯи ҳасодату бадбинӣ қасди ҷони Юсуфро кунанд.
Аз адл накардан байни фарзандон тафриқа пайдо мешавад. Муттаҳидии оила пош мехӯрад. Фарзанде, ки ба ӯ аҳмияти кам медиҳанд бародар ва ё хоҳарашро аз ӯ болотар медонанд, худро дар оила бегона ҳис мекунад. Нафаре, ки дар хона ба ӯ волидон таваҷҷуҳи хос доранд, ҳамеша худро аз дигар бародару хоҳаронаш болотар меҳисобад, ҳисси фармонравоӣ пайдо мекунад, ба иззати нафси дигар фарзандон мерасад. Гиряҳои пинҳонии фарзандон, айбҷӯи нисбати ҳамдигар, шаҳодатҳои бардурӯғ барои сиёҳ кардани якдигар, сабабгори ҳамаи ин бадбахтиҳо худи шумо волидон мегардед. Адл накардани шумо дар чизҳои кӯчак мили суханҳои ширину ҳимоя кардан, тӯҳфа додану ташҷеъ кардан сабаб мегардад бузургтарин балоҳо ба оилаатон ояд. Аз инҷост, ки Паёмбари акрам ба такрор мегуфтанд:
اتقوا الله و اعدلوا بين ابنائكم
Аз Аллоҳ битарсед ва дар байни фарзандонатон адлу баробарӣ намоед.
Вақте волидон байни фарзандони худ одилона муомила менамоянд, муҳаббату самимият, якдигарро ҳимоят кардану аз ҳамдигар дифоъ кардан дар оила ҷорӣ мешавад. Инсон бо муҳаббати фитрӣ нисбати азизонаш ба дунё меояд, агар пардаҳои зулму қадр ношиноси пеши роҳи муҳаббати инсонро нагирад, чӣ фидокориҳое ба азизонаш намекунад.
Падару модар бояд ба табиати фарзандони худ нигоҳ карда, ҳаққи ҳамаи фарзандонро барояшон диҳанд.
Ба сабаби камбудиҳои халқиаш, ки ӯро Парвардигор чунин офаридааст аз дигарон поёнтар наҳисобанд. Агар ба нафаре ҳадия хариданд, ҳатман ба дигарон низ ҳадия оранд, агар аз пешравии нафаре таъриф карданд, ҳатман истеъдоди дигаронро низ ёдовар шаванд. Ҳар як инсон бо худ хислати хубе дорад, хубиҳои ҳамаро бояд қадрдонӣ кард. Асло ва асло кош ту низ мисли бародарат ва ё хоҳарт мешудӣ? Кош баҷои ту дигаре ба дунё меомад гӯён, танбеҳ накунед.
Гоҳе мешавад, ки инсон нохудогоҳ дар дили худ яке аз фарзандонашро зиёдтар дӯст медорад, дар ин ҳолат набояд аз ин муҳаббати хоси худ ба фарзандон дарак диҳад, бигзор дар зоҳири волидон ба ҷуз муҳаббати самимиву бетафовут, чизи дигаре ҳувайдо нагардад. Фарзандон ҳис кунанд, ки ҳама як оила ҳастанд, як оилае, ки аз рӯи меҳру муҳаббат, самимияту рафоқат ва албатта адолату бетабъиз по бар ҷост.
Муслимаи Аҳмадӣ