Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар сойтҳои худ ба фурӯши билетҳо ба хатсайрҳои байналмилал, аз ҷумла ба Тоҷикисто шурӯъ карданд. Мақомоти авиатсионии Қирғизистон ҳам эълон кард сар аз 15 июн парвозҳои байналмиллалиро шурӯъ мекунанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” дар пойгоҳи худ ба мусофирон , ки ба хатсайрҳои мустақим аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ аз 13 июл билет бихаранд. Дар ҳамин ҳол роҳҳои ҳавоии Тоҷикистон ҳанӯз бастаанд ва мақомоти кишвар нагуфтаанд, ки кай боз хоҳанд шуд.
Ин ширкат тасмим дорад ҳар рӯз ду парвоз ба Хуҷанд ва ду парвоз ба Душанбе анҷом диҳад. Нархи билети хатсайри Маскав — Хуҷанд аз 10 ҳазору 844 рубл (ҳудуди 1609 сомонӣ) ва хатсайри Маскав — Душанбе аз 15 ҳазору 136 руб (ҳудуди 2246 сомонӣ) оғоз мегардад.
Ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” ҳам фурӯши билетҳо ба Тоҷикистонро барои парвоз аз 30 июн пешниҳод мекунад. Қимати билетҳо аз 13 ҳазору 600 рубл (ҳудуди 2018 сомонӣ) ба хатсайри Маскав — Душанбе оғоз мегардад. Баброи баргашт билетҳо аз 15 ҳазору 840 рубл (ҳудуди 2350 сомонӣ) пешниҳод мешаванд.
Ин ширкат тасмим дорад дар хатсайри Маскав — Хуҷанд — Маскав дар як ҳафта се маротиба парвоз кунад.
Агентии авиатсияи граждании Қирғизистон эълон кард сар аз 15-уми июн парвозҳои байналмилалиро аз сар мегиранд.
«Дар ҳоли ҳозир нақшаи амал таҳия мешавад. Ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ тибқи имконияти худ, сана ва миқдори парвози ҳавопаймоҳояшро пешниҳод мекунад», — изҳор доштааст сардори агентӣ Қурмонбек Акишев.
Ба гуфтаи Акишев, дар ҳоли ҳозир онҳо нақша доранд, ки ҳафтае 16-17 парвоз аз хориҷ ба Қирғизистон ва баръакс анҷом дода шавад.
Пештар мақомоти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки аз 5 июни соли равон парвозҳои дохилӣ аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.
Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти соли равон, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22 март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25 март вазъи изтирории шадид ҷорӣ гашт..