Имрӯз, 8-уми июл, 4 сарҳадбони қирғиз марзи Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштич ғайриқонунӣ убур карда, ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд,
Тавре маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад, низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, ба сӯи онҳо аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпаронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ мекунанд.