Ду ҳафта қабл яке аз сиёсатмадрони маъруфи замони ҷанги шаҳрвандӣ Сайфиддин Тӯраев даргузашт. Ӯ аз асилзодагони Истаравшан ва аз ангуштшумор сиёсатмадороне буд, ки ҳозир нашуд зери бори режими Раҳмон равад ва истиқлолияти фикриву шахсиашро то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳифз кард.
Ҷомеъаи кишвар аз зиндагиномаи ин марди шариф маълмуоти каме дорад, ҳарчанд мардуми Истаравшан бо майдатарин ҷузъиёташ аз зиндагиномаи ӯву хонадонаш достонҳо қисса мекунанд. Чанд рӯз қабл ба дасти Паём наворе расид, ки қаблан дар ҳеҷ куҷое нашр нашудааст. Дар навор баромади Сайфиддин Тӯраев дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ сабт шудааст. Ҳамон сессияе, ки Раҳмон бо кудато ба қудрат расид.
Дар ин навор ӯ мегӯяд: Искандаров, Саидов, Абдуллоҷонов, тамоми раёсат, тамоми корҳои дохилӣ, ин ҳама медонистем, ки дар ҳамин ҷо қувва ҳаст. Вақте, ки маслиҳат кардем, то ҳама биёем ва дар Ленинобод ҷамъ шавему як фикру мулоҳизаи вилоятро гирем, мо ин тараф омадем. Рӯзи дигараш баъди ҳамин ҳодиса дар он ҷо аллакай навиштаанд, ки 18 адад мошини Камазро бо бораш аз Душанбе Тӯраев гирифта бурд.
Вакти шуморо мегирам, аммо бояд ҳамаи ин чиркиниҳоро гӯям, чун ман ин ҷо дарди диламро гуфтанӣ нестам. Дар хуни мо ин ҳаст, ки бо дасисаю ҳаромкориҳо, бо тӯҳмат, мо аз сар то охир фитрати фарзандони худро кушта истодаем. Фарзандони равшанфикри дар ҳақиқат содиқи миллатро нест карда истодаем.
Куҷо меравему охираш чӣ мешавад?
Мо охир надорем. Ман аз оғоз мегуфтам, ки мо худро миллат ҳисоб карда наметавонем, мо маҳаллачӣ, мо маҳалгаро, мо ҳоло миллат нашудаем. Бадбахтии мо ҳамин аст, ки мо миллатро дарк намекунем, вақте, ки мансабе расид, боз ба азони худу азони бегона ҷудо мекунем. Ана бадбахтии мо дар куҷост.
Барои ҳамин ҳам, мана раёсати шӯрои олӣ рафтанду дигараш меояд, лекин ҳар яки мо, ҳар куҷое набошем, чи бригадир, ё вазифаи дигаре ва чи синфи коргар, мо бояд ҳатман ҳама ҷон канем, то миллатро яку сарҷамъ карда тавонем, ааз якдигар ҷудо накунем. Ман ду моҳ пеш гуфта будам, ки давлати Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад. Локин акнун масъала инҷост, ки мо аз нав ғундошта, бунёд карда метавонем, ё не?! Масъала ана ин ҷо истодааст, ки миллатро аз ин тамоман нест шудан нигоҳ дошта метавонем, ё не?
Мо имрӯз бояд ба ана ҳамин саволҳо ҷавоб диҳем. Барои ҳамин ҳам, ман ҳамчун як депутат ва агар аз депутатӣ равам ҳам, ҳамчун як сиёсатмадор, ё худ ҳамчун як коркуни оддӣ, мо тайёр! То ин ҷанг тамом нашавад, то давлати Тоҷикистонро аз нав бунёд накунем, мо ҳеҷ кадоме ҳуқуқ надорем, ки худро ба канор гирем.
Боварии комил дорам, ки ин сессияе, ки мешавад, ҳамин масъаларо мемонад: Мо метавонем миллатро бунёд кунем, мо метавонем давлатро бунёд кунем. Агар ана ҳамин масъаларо дар ин сессия ҳал накунему, аз ин ҷо баромада рафта ҳал накунем, Тоҷикистон дар дастҳои дигарон тақсим мешавад. Он гоҳ мо ҳуқуқ надорем ба давлатдорӣ. Баъзеҳо суол мекунанд, ки мо ин ҳазор сол давлат доштем-ку? Давлат надоштем, мо бо якдигарро куштану якдигарро нобуд кардан овора будем. Яъне мо давлат сохта наметавонистем. Акнун фикр кунед, ки ҳозир мо метавонем, ё не?!
Он мансабпарастоне, ки ҳозир қапида мешинанд, лекин лаёқат надоранд, мебахшеду хиёнат накунед ба миллат. Ба кӯрпа нигоҳ карда пой дароз кунед. Агар тавонӣ баро, агар бо нафс мебароӣ, ҳазор лаънат бар ту.
Боз як бори дигар дарк кунед, боварии комил дорам, мо ҳамин қувваро пайдо мекунем ва ҳамин хирадмандии худро бедор мекунем. Ҳамин миллатро, ҳамин давлатро месозем.
Ба Паём муяссар шуд бо яке аз шоҳидони ҳаводиси он замон, собиқ вакили парлумон ва узви ҳукумат дар охири асри гузашта тамос гирад. Ӯ ҷузъиёте аз ҳаёти сиёсии Сайфиддин Тӯраев қисса кард, ки қаблан дар ҳеҷ куҷое нашр нашудааст. Бо сабабҳои маълум, ному насаби вакил зикр намешавад.
Ӯ мегӯяд “соли 1999 касе ҷуръати гузоштани номзадии худро ба мақоми президентӣ надошт, аммо Сайфиддин Тӯраев гузошт. Он замон бародари калонии Сайфиддин — Қурбон Тӯраев вазири кишоварзӣ бд. Раҳмонов хост ӯро тавасссути акааш мутақоид кунад ки номзадиашро бозпас гирад, аммо Сайфиддини якрав ба гапи акааш гӯш надод”.
Ба гуфтаи мансабдори собиқ сипас Раҳмонов ба Сайфиддин Тӯраев тавассути ҳам акааш ва ҳам дигар миёнаравон вазифаи раиси вилояти Ленинободро пешниҳод мекунад. “Сайфиддини якрав боз қабул накард. Хулоса гапи касе ба ӯ намегузашт. Пас аз интихобот вақте Раҳмонов худашро соҳибқувва эҳсос кард, дар аввалин маҷлиси васеъи ҳукумат бародари калонии Сайфиддин, ака Қурбонро хеле танқид кард ки ки гуё бародараш Сайфиддин ба акаи вазираш такя намуда нисфи Ӯротеппаро харидаасту акааш замони ҳокими шаҳр буданаш бо Сайфиддин якҷоя замину корхонаҳоро аз худ кардааст. Акаи қурбон ки марди ба номусу нанг буд тоқат накард ва хесту ба сари Раҳмон дод зада гуфт: ту фалон фалон ҷоҳоро гирифта аз худ кардӣ, дасти холӣ омадӣ Хуҷанду бо дастгирии мо раис шудӣ, худат бо чархбол аз Афғонистн маводи мухаддир мезанӣ ва ғайра”.
Мансабдори собиқ мегӯяд “мо ҳама тарсидем ки ӯро ҳозир дар толор дастгир мекунанд. Ҳамин суханҳоро гуфта аз толор баромада рафт, ман ки дӯсти акаи Қурбон будаму пасттиннатии Раҳмоновро медонистам, тарсидам ки ӯро дар куча ё паскӯчае то хона расиданаш мепаронанд. Аммо ба лутфи Худо чизе нашуд. Пас аз баромадан акаи Қурбон рост рафта ба такси савор мешаваду ба Ӯротеппа боз мегардад. Ман хавотир будам, ки дар роҳ воқеъае рух надиҳад”.
Худи марҳум Сайфиддин Тӯраев ба гуфтаи нафарони наздикаш пас аз номзадиашро ба қайд нагирифтан то охири умраш Раҳмонро “гов” номида мегуфтааст, ки “ман пеши гов намеравам, ки сар хам кунам. Борҳо мақомдорони маҳалливу вилоятӣ ва сатҳи кишвар кӯшиданд то заводу заминҳояшро кашида гиранд, вале муваффақ нашуданд.
Сайфиддин Тӯраев аз пурвазнтарин нафарони Истаравшан буд, ки метавонист дар ҳар марҳалае мардумро ба қиём бархезонад. Ин буд, ки чӣ замони дар фабрикаи ресандагии Ӯротеппа раис буданаш ва чӣ баъди он ҳеҷ кормнади андоз ва додситонӣ ҷуръати наздик шудан ба ӯро надоштанд.
Чанд соли охир ба Тӯраев шиносномаи хориҷӣ намедоданд.
Аммо сабаби террор нашудани Тӯраев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонро мансабдори собиқи ӯ дар се чиз мебинад:
1. Ин куштор метавонист ба қиёми мардуми Истаравшан тамом шавад;
2. Дар интихоботи соли 1994 вақте рақиби Раҳмонов Абдуллоҷонови хуҷандӣ буд, ба сабаби ихтилофи маҳаллие ки байни Ӯротеппаю Хуҷанд вуҷуд дошт, бародарон Тӯраевҳо дастгирии Раҳмоновро тарҷеҳ доданд;
3. Вақте раиси онвақтаи вилояти Ленинобод Ҳомидов хост вилоятро аз Тоҷикистон ҷудо карда ба Ӯзбекистон пайвандад, ин ду бародар дар маҷлиси вилоятӣ ба шиддат муқобилият нишон медиҳанд.
Сайфиддин Тӯраев писари устоди дуредгари ҳалолкоре бо номи Тӯрахӯҷа аст, ки эътибори зиёде байни мардуми шаҳр дошт ва 105 сол умр дид.