Масҷиди бузурги Душанбе, ки сохтмона дар ҳоли анҷомёбист дар ҷашни 28 солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Сохтмончиён барои дар ин мӯҳлат омода сохтани масҷид, шабонарӯзӣ кор мекунанд.
Ҳоло дар сохтмони масҷид ҳудуди 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону хориҷӣ ба окр машғуланд, иттилоъ медиҳад Азия Плюс бо истинод ба ҳукумати Тоҷикистон.
Дар бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна дар як вақт метавонанд ҳудуди 120 000 нафар намоз гузоранд.
Санги аввали масҷид даҳ сол қабл зимни ҷашнгирии 1310-солагии Имом Абӯ Ҳанифа дар Тоҷикистон гузошта шуда, сохтмонаш моҳи октябри соли 2011 шурӯъ шуд. Қимати ин пружа 100 миллион доллар гуфта мешавад, ки 70 миллиони онро ҳукумати Қатар пардохт кардааст.
Ду сол пас аз оғози сохтмони ин масҷиди бузург, дар Тоҷикистон маъракаи масҷидбандӣ шурӯ шуд, ки дар натиҷа беш аз нисфи масоҷиди Тоҷикистон табдил ба боғчаи бачагон, толори варзишӣ, идораи пулис, чойхона ва ғайра гаштанд ва ё пурра тахриб карда шуданд.
Тазод дар сохтани бузургтарин масҷид ва бастани ҳазорҳо масҷид дигарро коршиносон чунин шарҳ медиҳанд, ки сохтани масҷиди бузург аз як тараф намоишкории ҳукумати Тоҷикистон аст, аз тарафи дигар ин масҷидро ширкати додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода месозад. Асадуллозода бо пулшӯи дар сохтмонҳои бузург маъруф аст ва дар ин сохтмони бузург ҳам тиқи тахмини коршиносон 40-50 миллион доллар азхуд кардааст.
Масҷиди нави Душанбе дар масоҳати 12 ҳектор ҷойгир шуда, дорои китобхона, музей, толори маҷлис, бинои идорӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4000 мошин аст. Масҷид дорои 4 манора бо баландии 75 метр, гунбади асосӣ бо баландии 47 метр ва 20 гундаби хурд аст.