Рубрики Хабарҳо

“ҲНИТ пирӯзи интихоботи парлумонӣ аст”

Рашид Ал-Ғаннушӣ раиси ҳаракати Ан-наҳзаи Тунис ба думболи эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи парлумонии ин кишвар ба пирӯзии қотеъи ҳизбаш таъкид кард. 

Рашид Ал-Ғаннушӣ, раиси ҷунбиши Ан-наҳзаи Тунис тайи як нишасти хабарие дар маркази ин ҳизб гуфт, ки ин ҷунбиш дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуда ва ин пирӯзӣ “ғайриқобили инкор” аст. 

Вай афзуд: Тунис ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст. ҲНИТ ба мубориза бо фақр ва фасод хоҳад пардохт ва ниҳодҳои кишварро иртиқо мебахшад. 

Ал-Ғаннушӣ ҳамчунин тасреҳ кард: ҲНИТ ба дунболи эътилоф ва ташкили давлат шуда ва сиёсати широкатро идома медиҳад ва хоҳони ҳамкории ҳама тарафҳо аст. 

Бар асоси натоиҷи аввалия ва ғайрирасмии интихоботи парлумонии Тунис, ҲНИТ бо касби 17,5 дарсад оро дар раъс ва ҳизби “Қалби Тунис” бо касби 15,6 дарсад оро дар ҷойгоҳи дувум қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *