Рубрики Хабарҳо

Чаро доллар камёфт шуд? Шарҳи Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои камбуди шадиди доллар дар бозорро ба  афзоиши тавозуни манфии савдо ва афзудани фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар фасли баҳор нисбат дод.

Ҳачунин Бонки миллӣ масрафи асъор аз буҷаи давлат барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатиро ду омили дигаритаъсиргузор ба ҳаҷми асъори нақд дар бозор номидааст.

Фарқи байни қурби расмӣ ва бонкиро, танзимгар ба фаъолияти бозори сиёҳ марбут донистааст. “Бо истифода аз болоравии талабот ва пешниҳоди нокофии асъори хориҷӣ, баъзе субъектҳо дар бозори ғайрирасмии асъор ба ҳаннотӣ машғул мешаванд, ки дар навбати худ ба фарқияти назаррас байни қурби расмӣ ва ғайрирасмии асъори хориҷӣ боис мегардад”, — гуфтаанд дар Бонки миллӣ  ба “Азия-Плюс”.

Дар бонк кардаанд, ки барои пешгирии фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии мубодилаи асъор аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва Бонки миллӣ гурӯҳҳои доимоамалкунанда фаъолият доранд, ки аз анҷом додани амалиёти ғайриқонунии вобаста ба асъор пешгирӣ мекунанд.

Чанд ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон камчинии шадиди доллар ба мушоҳида мерасад.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъор дастрасӣ ба доллар қариб ғайриимкон буда, онро метавон танҳо дар баъзе бонкҳо дар ҳаҷми маҳдуд — на бештар аз 200 доллар ба як нафар ба даст овард.

Захираҳои асъори бонкҳо маъмулан то нисфирӯзӣ ба охир мерасанд. Аз ин рӯ, ҳамин миқдор асъорро ҳам на ҳама хоҳишмандон гирифта метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, долларро метавон дар бозори сиёҳ ба даст овард, аммо бо қурби баландтар. Яъне агар қурби фурӯши асъори амрикоӣ дар бонкҳо дар сатҳи 9,45 сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар бозори ғайрирасмӣ барои 1 доллар беш аз 10 сомонӣ талаб мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *