1. Китоби осмонии Қуръони карим аз ҷиҳати илми риёзиёт, низ ончунон мувофиқу муваффақ ҷобаҷогузорӣ шудааст, ки инсони соҳибақл бе ягон мамоният бар Офаридгораш имон меорад. Ин китоби муқаддас иборат аз 114 сура ва 6346 оят аст. Аҷибаш ин, ки ҳам шумораи сураҳо ва ҳам шумораи оёт бе ягон бақия ба рақами 19 тақсим мешавад. Ин ҳанӯз на ҳама асрор аст. Шумораи оёт, яъне рақами 6346-ро дар алоҳидагӣ 6+3+4+6 ҳисоб кунем, боз ҳам ҳосил мешавад 19. Аввалин сураи нозилшуда сураи алақ мебошад, ки аз 19 оят иборат аст. Аввалин ҷумлае, ки қабл аз ҳар як сура қироат мешавад, “Бисмиллаҳир раҳмани раҳим” 19 ҳарф дорад. Дар ин ҳама пайдарҳамии рақами 19 чӣ асроре нуҳуфта бошад? Фақат Худованд огоҳ аст.
2. Дар сураи 57-ум, ки “Ал-ҳадид” ном дорад ва ба форсӣ оҳан тарҷима мешавад, Панҷ дарсади қабати заминро оҳан ташкил мекунад, аммо пайдоиши ин ҷирми табиат ба ҳодисаҳои замин вобаста нест. Илми астрофизика муайян кардааст, ки оҳан ба замин аз ситораҳо фурӯ рехтааст. Дар ояти 25-уми сураи ҳадид, низ ин маъно бо калимаи “Анзална” дақиқ гуфта шудааст. Анзална, яъне фурудомада. Яъне ҷисмҳои аз осмон фурудомада. Маълум, ки барои дар худи курраи замин дар натиҷаи реаксияҳои кимиёвӣ пайдо шудани оҳан имкон ҳам надорад, зеро ҳарорати офтоб намерасад ҳам. Ба замин ҳам, ба ҳамаи дигар сайёрраҳо ҳам, оҳан аз ситораҳои дигар фурӯ рехтааст. Сураи Ал-ҳадид дар қурон сураи 57 — ум буда, аз рӯйи ҳисоби абҷад ҳосили ҷамъи қимати ҳарфҳои ин калима ҳам баробар ба 57 аст. Калимаи Ал-ҳадидро бе пешванди Ал ҳисоб кунем, ҳосилиҷамъи қимати ҳарфҳо баробар аст ба рақами 26, ки дар ҷадвали олим Менделеев ҳам рақами атомҳояш 26 аст.
3. Дар қуръони карим бештар дар бораи дили инсон ёд мешавад. Ягон маротиба андешидед, ки чаро? Назар ба маълумоти олимони институти дил (HeartMath ) дили инсон қобилияти дарк ва интиқоли хабарро дорад. Ин эҳсоси баландсуръати табиист. Дил манбаи нерӯи барқест, ки нисбат ба мағзи сар 40 то 60 маротиба пурқувваттар аст ва маҳз ҳамин қувваро кардиограммаи ЭКГ чен мекунад. Дар дил нерӯи барқи биологие ҳосил мешавад, ки ҳар як ҳуҷайраи организмро фаро мегирад. Инчунин майдони магнитии дил аз майдони магнитии мағзи сар зиёда аз 5 000 маротиба пурқувваттар аст. Ин сигнали майдони магнитӣ то 2-3 метр атрофи моро низ иҳота мекунад ва таъсир мерасонаду таъсир мегирад. Ин ҷо гап дар бораи аура не, оиди майдони электрикие меравад, ки аз ҷиҳати илмӣ вуҷуд доштанаш собит шудааст. Дил метавонад маълумотеро интиқол диҳад, ки ҳолати худро бе ягон ҳарфу ҳаракат фаҳмонад. Одамоне, ки дилашон нисбатан ҳассостар аст, ҳатто дурӯғ, рост, ё фитна будани хабари шунидаашонро низ дарк мекунанд. Математикҳои дил бар он назаранд, ки дил бо мағзи сар ва тамоми узвҳои тана муносибати иттилоотӣ дорад. Дар вақти эҳсоси хатар, ранҷиш, фиреб, ё ғам, дил як фурсат ҳатто муносибаташро бо мағз гум карда ба тамоми организм таъсир расониданаш мумкин аст. Расули акрам (Дуруд бар равонашон) дар як ҳадиси худ мефармоянд: “ Ба дурустӣ, ки ҷисми инсон узве дорад, ки ҳолати тамоми вуҷуд вобастаи ҳолати он аст. Агар ин қисмати вуҷуд солим бошад, тамоми аъзо солим ва агар бемор бошад, тамоми аъзо бемор аст. Бешубҳа ин дил аст”