Categories Хабарҳо

Шоҳнаими Карим: «Худованди азизам озодам кард!»

Шоҳнаими Карим, аз раҳбарони феълии ҲНИТ, ки ду моҳ қабл бо дархости Интерпол боздошт шуда буд, бинобар собит нашудани иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон, бо қарори додгоҳ озод шуд. Паём мусоҳибае дошт бо эшон дар бораи қазияи боздошташ:

– Оё пеш аз боздоштатон дар Юнон намедонистед, ки номи Шумо ҳам дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қонунӣ дар Интерпол ҳаст ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки шуморо дар Аврупо таъқиб ва боздошт кунанд?

– Худованд ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва касоне, ки бе ҷурм ва бо тӯҳматҳои бофтаву сохта дар зиндонҳои он режими худкома умр ба сар бурда истодаанд раҳояшон кунад ва ҳамаи мову Шумо якҷо муборакбодашон бигуем… Бале, қабл аз боздошт ман дар феҳристи Интерпол – полиси байналмиллалӣ буданамро медонистам, вале кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо кишварҳои озод ҳастанд, бо тӯҳмат ва буҳтонҳои кишварҳои диктотурӣ бовар намекунанд. Аз тарафи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба як конфронс оид ба ҳуқуқи башар даъват шуда будам, ки дар он конфронс аз 57-кишвари дунё намояндаҳо ширкат доштанд. Баъд аз кори он конфронс чун фурсат доштам, ба 4 кишвари аврупоӣ сафар доштам, дар Утриш (Австрия), Олмон, Литва ва худи Лаҳистон, ки конфронс дар онҷо аз 11-то 22-сетябр баргузор гардида буд, ҳузур доштам. Аммо дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Афина, ки узви ҳамин созмон мебошад, боздошт шудам, ҳарчанд бо шиносномаи худам расман дар ҳамаи ин кишварҳо сафар доштам.

– Бархӯрди полис бо Шумо чӣ гуна буд?

– Дар кишварҳои Аврупоӣ фарқе намекунад чӣ кора ҳастед ва кӣ ҳастед, ин ҷо ҳам мардум ва ҳам мақомоташон қонунмеҳваранд. Тибқи қонун амал мекунанд. Вақте маро дастгир карданд ва пулис ба дастам дастбанд зада буд гуфт, ҳамчун гумонбар барои анҷоми таҳқиқот мебарад. Гуфтамаш, имкон дорад ба наздиконам расонам, ки дар чунин ҳолат қарор дорам. Полис дастбандро боз кард, телефонро гирифта ба раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ занг зада гуфтам, ки бо пулис сӯҳбат кунед, чун забони англисии банда он қадар қавӣ нест. Пулис озод телефонро аз дасти мани «ҷинояткор» гирифт ва бо раҳбарам сӯҳбат кард. Баъди анҷоми сӯҳбат телефонро доду дубора дастбандро ба дастам зад. Вале на мисли оне, ки бародари азизамон Сайидумари Ҳусайнӣ, собиқ вакили парлумони кишварамонро ба идора пулис даъват карда, дашному таҳқираш карданду халтаро ба сараш бор ва лату кӯби зиёд карда ба зиндон интиқолаш доданд.

Дар зиндон буданд касоне мисли Шумо аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бо иттиҳомоти ҳукуматҳояшон боздошт шуда бошанд?

– Вақте ки барои раҳои аз зиндони “Коридолос” воқеъ дар шаҳри Афинаи кишвари Юнон бо баландгӯяк исми маро гирифтанд, либосҳои расмиямро пӯшида, бо мардум хайру хуш мекардам, як нафар ба наздам омада дастамро гирифта фишурд ва гуфт, ту кӣ ҳастӣ? Президент ҳастӣ? Гуфтамаш ман Мирзо тоҷик ҳастам! Ин нафар аз ҳама шахси муътабари зиндон буд “вор в законе” бо тахаллуси Сталин. Ҳама ӯро эҳтиром мекарданд, ҳар касе бо наҳвае мехост худашро ба вай наздик нишон бидиҳад. Дар зиндон ин нафар тамоми қудратҳоро дошт, вале вақте ба чашмонаш нигоҳ кардам ҳасрату надоматро мушоҳида кардам.  Бо лабханд гуфт Таджикистан, гуфтам, бале! Гуфт, тамоми ҳаракатҳоятро мушоҳида мекардам, муносибататро бо мардум дидам. Вақте як нафар дод мезанад (азонро дар назар дошт), шумо дарҳол меравед. Зиёд мехостам ҳамроҳат суҳбат кунам, вале чӣ илоҷ моро тарк мекунӣ. Озодӣ муборакат бод, Таджикистан! Чӣ қадаре ман ёд дорам худат ягона тоҷике ҳастӣ, ки ман вомехӯрам ва орзу мекунам ту барин инсонҳо ҳеҷ вақт “нараро” яъне рахти хоби зиндониёнро набинанд! Ба вакилат бигӯ агар тавонад инҷо нафароне бе ҷурм зиёд ҳастанд, кӯмакашон кунад. Бароят хушиҳои зиндагиро орзу мекунам. Дасташро ба китфам монда бо як нигоҳи қудратмандона ба ин тарафу он тараф нигоҳ карду гуфт, ин “братваро”, яъне ин бародарҳоятро ҳеҷ вақт фаромӯш накун.

– Лаҳзае, ки шуморо ба боздоштгоҳ интиқол медоданд, бештар дар бораи чӣ фикр мекардед? Оё бовар доштед, ки солиму ғоним аз он ҷо раҳо хоҳед шуд?

 

– Мо ҳамаамон инсонем ва ҳар хел фикр дар зеҳнамон хутур мекунад, вале вақте раҳбарамон ва ҳамқадамҳоям барои касе чун ман шуда ситод ташкил карданд ва як нафарро масъули парванда интихоб карда, ин хабарро бароям расонданд, хеле таъсири бузург дошт ва аз ин лиҳоз умеди ба зудӣ раҳо шудан аз зиндон дар дилам бештар шуд.

– Интерпол асосан Шуморо бо чӣ иттиҳомоте дастгир кард?

– Полиси байналмилалӣ маро бо иттиҳомоти сохтаву бофтаи мақомоти Тоҷикистон ҳамчун экстремисту тероррист боздошт кард. Ин иттиҳомот дар як листе яксон ба ҳамаи аъзо ва тарафдорони ҲНИТ як хел омода карда шудааст ва аз ҷониби масъулини ҳукумати Тоҷикистон фақат бо иваз кардани номи афрод дар болояш онро нусхабардорӣ мекунанд ва ба куҷое, ки худашон раво медоранд, мефиристанд. Фарқе намекунад, ки муттаҳамшаванда кист ва чӣ масъулияте дорад.

– Муносибати полиси байналмилал дар умум бо Шумо чӣ гуна буд?

– Интерпол бо ман ҳамчун як инсони соҳибҳуқуқ муомила мекард, ростӣ ман ягон рафтори дағалонае аз ҷониби онҳо надидам ва онҳо ҳам ҳеч кори нописандеро накарданд.

– Дар боздоштгоҳ муносибати масъулин ва дигар боздоштшудаҳоро чӣ хел тавсиф мекунед? Оё буданд ҳолатҳое, ки Шумо ва дигар боздоштшудаҳоро аз нигоҳи равонӣ ва ё ҷисмонӣ шиканҷа карда бошанд?

– Бовари кас намеояд, ки дар боздоштгоҳ бо инсон чунин бархӯрд сурат мегирад. Дар муқоиса ба боздоштгоҳҳои кишвари мо, вақте вукало меоянд ҳамроҳат сӯҳбат бикунанд, масъулони боздоштгоҳ қаблан ҳамоҳанг мекунанд ва мегӯянд, бо кадом забон суҳбат мекунӣ, агар мутарҷим надошта бошӣ як нафарро аз зиндониён ҳамроҳат мебарӣ. Иттифоқан, вақте ба ман хабар расид, ки Махсуми Абдуссаттор дар зиндон вазъи саломатиаш вахим шуда, сактаи мағзиеро пушти сар кардааст, фишорам боло рафт. Дарҳои моро одатан соатҳои 20-00 қуфл мекарданд. Нафароне, ки ҳамроҳи ман дар як утоқ буданд, дарро кӯфтан гирифтанд, масъулини боздоштгоҳ омада пурсиданд, чӣ гап аст? Чун фаҳмиданд фишори ман боло рафтааст, дарҳол бо ҳамроҳи як ҳамутоқам барои муоина маро ба қисми тиббии зиндон интиқол доданд.

– Вақте Шуморо ба додоҳ бурданду пас аз як вақфаи қариб думоҳа бори нахуст ҳамсангаронатонро дидед, чӣ ҳиссе Шуморо фаро гирифт, метавонед нақл кунед?

– Рӯзе, ки бандаро дар табақаи саввум пеши қозӣ барои муҳокима мебурданд, дар роҳрав дидам, ки раиси ҲНИТ устоди гиромӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дунболаш масуъли ситод бародар Муҳаммад ба тарафи толори додгоҳӣ мерафтанд. Хурсандии ман канор надошт, гиря гулӯгирам карда буд, ва об ҳалқаи чашмонамро дошт пур мекард, ростӣ он ҳолатро баён кардан барои ҳатто як марди 57-сола хеле мушкил аст.

– Муҳокамаи додгоҳиатон чӣ гуна сурат гирифт?

– Муҳокимаи додгоҳии мо дар фазои ором сурат гирифт. Раиси додгоҳ бо мо тавре муносибат кард, ки кас худашро инсони вораста ва боэҳтиром эҳсос мекунад. Иҷоза медод, ки аз ҳуқуқам дифоъ кунам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Вай суол медод ва ҷавоб мегирифт. Баъд аз суолу ҷавоби банда шоҳидро даъват  кард ва шоҳид ҳам худи раҳбари ҳаракат устод Муҳиддин Кабирӣ буданд. Раиси додгоҳ аз раиси ҲНИТ пурсид, оё бо ягон китоби муқаддас қасам мехӯред, ки шоҳидии Шумо ҳамааш ҳақиқат дорад ва суханҳои Шумо ҳамааш рост аст. Чун дар рӯ ба рӯи мо китоби Инҷил буд, ҷаноби Кабири гуфтанд дар инҷо Қуръон нест, агар мебуд қасам мехӯрдам. Қозӣ гуфт ба шумо мешавад бовар кард. Баъд аз шоҳидии устод Кабирӣ, қозӣ гуфт, баъди 40-дақиқа ҳукми додгоҳ бароятон қироат карда мешавад.

Ман бояд дубора мерафтам ба табақаи якум, ки дар онҷо дигар зиндониёнро ҳам барои мурофиа оварда буданд. Вақте пулис гуфт баланд шавед, меравем, то қарори додгоҳ Шумо дар табақаи якум боқӣ хоҳед монд. Ман аз ҷоям баланд шудам ва мисли ҳар як маҳбус дастонамро паси пушт кардам то дастбанд бизананд, вале маъмур оҳиста дастонамро ба қадам овезон карду гуфт  “ноу”.

Дар он вақт гуфтам Худоё, дархости онро дорам, ки ҳамин рӯзро ба ҳама бародаронам, ки дар маҳбаси он режими хунхор қарор доранд бирасон. Чун дигар умедам яқинтар шуд, ки Худованди азизам озодам кард.

– Аз иттиҳомоте, ки алайхи Шумо ирсол шуда буд, оё ягонтояш дар додгоҳ тасдиқи худро ёфт?

– Агар яке аз он иттиҳомот исботи худро меёфт, шояд айни замон бо Шумо ҳарф зада наметавонистам ва эҳтимолан дар меҳмонии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов қарор доштам…

Бо умеди  раҳоии тамоми зиндониёни сиёсии кишварамон!

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *