Иаваррум дар Туркия бо расидан ба 85.51 дарсад ба болотарин ҳад дар 25 соли ахир дар ин кишвар расид. Далели ин раванд камарзиш будани лир, афзоиши қимати ғалла ва энержӣ унвон шудааст. Дар шаш моҳи гузашта лир 28 дарсад аз арзиши худро аз даст додааст.
Туркия дар октябри соли ҷорӣ бо сабти рақами 85.51 ба болотарин мизони таваррум аз соли 1997 ба ин сӯ расид. Дар он сол таварруми ин кишвар ба 58.67 дарсад расида буд, ки болотарин ҳадди худ маҳсуб мешуд.
Дар ҳоле, ки мутахассисони соҳаи бонкии Ғарб ба ин назаранд, ки дар замони бурузи чунин таваррум, афзоиши сатҳи баҳраи бонкӣ яке аз роҳҳои пешигирикунанда маҳсуб мешавад, Бонки марказии Туркия бино бар сиёсатҳои раисҷумҳури ин кишвар барои севуминбор нархи баҳраи худро поин овард ва аз 12 дарсад ба 10.5 дарсад коҳиш дод.
Коршиносони ғарбӣ далели афзоиши саросемавори таваррумро сиёсатҳои Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия медонанд.
Урдуғон бар хилофи назари коршиносони ғарбӣ ҳамчунон ба шиддат аз коҳиши нархи баҳраи бонкӣ тарафдорӣ мекунад ва мӯътақид аст, ин кори иқтисодро равнақ хоҳад дод.
Раисҷумҳури Туркия мӯътақид аст, нархи баҳраи боло “бузургтарин душман”-и пешрафти иқтисодии ин кишвар аст.
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи апрел 2022 то кунун, лири Туркия 28 дарсад арзиши худро дар баробари доллар аз даст додааст.
Бар асоси эъломи маркази омори расмии Туркия, бештарин мавриде, ки таҳти таъсири ин таваррум қарор гирифтаанд, қимати сӯхт, ҳамлу нақл, маводи ғизоӣ ва маскан будааст.
Тақрибан аз ибтидои соли 2017 то кунун сатҳи таваррум дар Туркия ҳамвора дурақамӣ будааст. Аз замони ба қудрат расидани Ҳизби адолат ва тавсеа ин болотарин мизони нархи таваррум дар ин кишвар аст.
Бархе коршиносони иқтисодӣ нисбат ба дурустии омори расмии давлати Туркия тардид доранд ва мӯътақиданд таваррум дар моҳи октябр дар ин кишвар то 185 дарсад низ расидааст.
Гуфтанист, таварруми Туркия дар моҳи сентябр аз 83.45 дарсад гузашта буд.