11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Аҷри ифтор додан ба рӯзадорон

Моҳи мубораки рамазон моҳи сабқат кардан ба аъмоли солеҳ мебошад. Яке аз беҳтарин амалҳое, ки дар моҳи рамазон шахси мусалмон анҷом медиҳад, ифтор додан ба рӯзадорон мебошад.

Дар ҳадиси Тирмизӣ омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

من فطر صائما كان له مثل اجره غير انه لا ينقص من اجر الصائم شيء

Ҳар касе, ки рӯзадореро ифтор диҳад, ба мисли аҷри ҳамон шахси ифтордодааш савоби рӯзаро мегирад, дар баробари ин аҷри он шахси рӯзадор заррае кам намегардад.

Саҳобагон ва шахсони накӯкори гузаштагон ҳамеша кӯшиш мекарданд аз аҷри ифтор додан, бархӯрдор бошанд. Таом додан ба рӯзадоронро аз беҳтарин ибодатҳо медонистанд.

Яке аз бузургон мегӯяд, барои ман  ба ифтор даъват кардани даҳ дӯстони рӯзадорам, аз озод кардани даҳ ғулом афзалтар мебошад.

Абдуллоҳ писари Умар, Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бошад, ҳамеша ҳамроҳи камбағалону ятимон ифтор мекарданд. Барои худ ва фақирон таъом ҳозир намуда, ҳамроҳи фуқаро нишаста ифтор менамуданд.

Ифтор додан ба мисли ҳадия додан мебошад,барои ҳамин шарт нест, танҳо ба камбағалон ифтор диҳем, аммо ин маънои онро надорад, ки танҳо ба наздикону сарватмандон таъом диҳем, ҳатман фақиру камдастон низ бояд дар қатори зиёфатшудагон ҳузур дошта бошанд.

Абдуллоҳ писари Муборак тобиини бузург ва яке аз донишмандони машҳури уммат барои ифтор иддае аз мардумро даъват намуда, худашон барои рӯзадорон хидмат мекарданд.

Бо таом додани рӯзадорон амалҳои солеҳи зиёд анҷом мешавад. Байни шахсони зиёфатшуда ва соҳиби таом маваддату ухуват пайдо мешавад. Дӯст доштани ҳамдигар, меҳру самимият ба бародарони мусалмон аз сабабҳои дохили Ҷаннат аст. Паёмбар мегӯянд:

لا تدخلوا الجنة حتى تؤمنوا و لا تؤمنوا حتى تحابوا

Шумо дохили ҷаннат намегардед, то ин ки имон оваред, ва имон намеоваред то даме, ки ҳамдигарро дӯст бидоред. (Муслим)

Ба ҷуз паёдо гаштани меҳру муҳаббат дар ифтори рӯзадорон, ҳамнишини бо хешовандон ва ҳамсӯҳбат шудан бо донишмандон низ вуҷуд дорад, ки ҳарду силаи раҳм ва сӯҳбати солеҳин аз беҳтарин ибодатҳо маҳсуб мешаванд.

Чигуна ифтор додан ба рӯзадорон ба ҳоли ифтордиҳанада вобастагӣ дорад. Аз ҳама беҳтараш ин аст, ки инсон таом ҳозир намуда ба рӯзадорон диҳад. Агар барои таом ҳозир кардан шароит надошта бошад, метавонад маҳсулоти ифторро хом тақсим намояд. Инчунин метавонад маблағи ифторро ба рӯзадорон диҳад, то таом харида ифтор намоянд.

Аксари донишмандон мегӯянд, шарт нест барои ифтор додан, сарватманду доро бошӣ, бо додани як дона хуромо ба шахси рӯзадор аҷри ифторро соҳиб мегардӣ, иншааллоҳ.

Албатта ифтор додан ба ёру дустон, ба муҳоҷиру мусофирон аҷри зиёд дорад, аммо ба як шарт, мақсад аз ифтор додан, худнамоиву фахр кардан набошад. Мақсад аз таом додан ноил шудан ба подоши Илоҳӣ ва ризогии Аллоҳ бошад. Шахсоне, ки барои худнамоӣ ва ё намоиш додани сарвати худ ва ё барои соҳиби обрӯ гаштан дар байни мардум ифтор медиҳанд, ба ҷои савоб гирифтан, баръакс гунакор мешавад, гуноҳи риёкорӣ, гуноҳи фахру худро бологирӣ.

Муслимаи Аҳмадӣ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *