Ҷашн гирифтани ақди никоҳ, шодиёнаву ҷамъ шудани азизон дар тӯй, аз одатҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон, дар ҳама дину оин вуҷуд дошту то ҳол вуҷуд дорад. Шариати Ислом хурсандӣ кардан дар тӯй, муборакбодӣ гуфтану бо ҳам ҷамъ шуданро манъ намекунад.
Тӯй шудани ду ҷуфт, бо ҳам пайваст гаштани ду нафари бегона бо ҳам неъмати бузург аст ва месазад, ки то ин пайвандро ҷашн гирем.
Чигуна ҷашн гирифтани базми арӯсӣ ва умуман тамоми маросимҳои дигар ба урфу одатҳои мардум вобастагӣ дорад. Шариати Ислом ҳар урфе, ки мухолифи шариат набошад ва омехтаи ҳаромкардаҳои илоҳӣ набошад, мепазирад. Ҳаргиз бо тангназариву ташаддуд одатҳои мардумро манъ намесозад, балки одатҳои мардумро ба навъе ба танзим медарорад, он ҳам агар бо чашми хирад нигоҳ кунем, дар танзимоти Шариат ба ҷуз хайру некӣ ба мардум чизи дигаре вуҷуд надорад.
Аз шартҳои асосии Никоҳ дар Шариат эълон мебошад. То ҳама бидонанд, ки ду нафар бо ҳам ҷуфту ҳамсар шуда истодаанд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
فصل ما بين الحلال و الحرام الدف و الصوت في النكاح
Фарқ байни никоҳи ҳалол ва пайвастҳои ҳаром эълон кардани никоҳ, бо доира задан ва садои тӯй баровардан мебошад. (Тирмизӣ)
Маънои ҳадис ин аст, ки никоҳи шаръӣ ҳатман бояд эълон шавад. Бо доира задан ва бо сарусадоҳои тӯёна, бояд ҳама атрофиёнро аз тӯй бохабар созем. Ин робитаҳои номашрӯъ аст, ки пинҳонӣ аз ҳама ба касе нагуфта, ду нафар ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекунанд ва касе хабар надорад, ки оё инҳо ҳамсар ҳастанд ва ё ду номаҳрам.
Тамоми уламо иттифоқ ҳастанд, ки эълони никоҳ бо доира ҷоиз мебошад ва доираро занҳо мезананд ва баъзе ғазалҳо мехонанд. Ғазалҳое, ки ба одобу ахлоқ даъват мекунад ва дорои маъноҳои ахлоқӣ мебошад.
Доира задан, ғазалу суруд хондан дар тӯйҳо хоси занҳо мебошад, барои он ки ин амалҳо ба табиати зан мувофиқ аст. Зиннати мардҳо виқору ҷавонмардонагист. Аз ин лиҳоз доираву суруд ба мардҳо намезебад.
Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки рӯзе ҳазрати Оиша дар маҷлиси тӯйи яке аз занҳои аҳли Мадина иштирок карданд. Вақте баъд аз тӯй ба хона баргаштанд, Паёмбар аз Оиша пурсиданд: «Оиша дар тӯй чигуна хурсандӣ кардед, занҳои аҳли Мадина хурсандиву саргармиро хеле дӯст медоранд».
Аз ҳадис бармеояд, ки дар тӯйҳои аҳли Мадина баъзе суруду саргармиҳо вуҷуд дошт.
Дар ҳадиси Ибни Моҷа омадааст, ки ҳазрати Оиша яке аз хешовандонашонро ба шавҳар доданд. Сипас Паёмбар омаданду ба Оиша гуфтанд, оё духтаракро бо тӯй ба шавҳар додед?
Оиша гуфтанд: Оре.
Паёмбар гуфтанд, оё касеро ҳамроҳи арӯс фиристодед, то дар туй сурудхонӣ кунад?
Оиша гуфтанд: не ҳеҷ касро нафиристодем.
Паёмбар гуфтанд: Аҳли Мадина қавме ҳастанд, ки дар байнашон шахсони ғазалдон зиёданд. Агар ҳамроҳи арӯс нафареро мефиристодед, то ғазал бихонад.
Оиди рақс кардан дар тӯйҳо ва умуман ҷашнҳои дигар уламо тафсили васеъ додаанд.
Рақс барои занҳо мубоҳ мебошад, аммо ба шарт, ба шарти он, ки ягон марди бегона рақси занҳоро мушоҳида накунад, инчунин рақсҳое, ки аз доираи ахлоқу одоб набарояд. Бо либосҳои танг ва ё тунук ва ё рақсҳое, ки сифатҳои беҳаёгиву тақлиди куффор аст, агарчӣ дар байни занҳо бошад ҳам, ҷоиз нест.
Рақс кардани занҳоро уламо иҷозат медиҳанд. Зеро тибқи қоидаи шаръӣ тамоми одату амалҳо ҷоиз аст, то даме, ки далели шаръие он урфу одатро манъ кунад. Занҳо ҳамеша дар урфу одат, дар баъзе ҷашнҳо мерақсиданд ва ягон далеле нест, ки рақсро барои занҳо ҳаром гардонида бошад.
Дар китоби Тирмизӣ омадааст, ки рӯзе Паёмбар назарашон ба канизаки ҳабашие афтод, ки дар рӯзи ид рақс мекарду дар атрофаш кудакон ӯро тамошо мекарданд. Паёмбар Оишаро ба китфашон бардоштанд, то аз тирезаи хона, Оиша низ рақси он духтаракро тамошо кунад.
Занҳо метавонанд, дар муҳити занонаи худ рақс кунанд, аммо чӣ тавре, ки баён кардем, рақс бояд аз доираи урфу ахлоқ берун набарояд.
Набояд ягон мард рақси онҳоро мушоҳида накунад, дар рақсу ғазалҳои тӯёна наворбардориву аксгирӣ сабаби паҳн шудани фитнаву таънаҳо мегардад.
Инчунин дар байни занҳои дар ҷашни арӯси иштироккунанда хабаркашу фитнагар набошад. Барои он, ки васф кардани рақси зани бегона ба шавҳар ва ё марди дигар сабаби фитнаву аз байн рафтани обрӯи хоҳарон мегардад.
Барои ҳамин аксари уламо мегӯянд, агарчи рақс дар ҷамоатҳои занона, тӯю фараҳ ҷоиз аст, аммо беҳтараш хоҳарон дар замони имрӯза рақс накунанд. Ин ба далели он, ки амонатдориву хабарнакашӣ дар байни занҳо хеле кам аст ва наворгириву аксгириҳои пинҳонӣ низ кам нестанд.
Рақси занҳо дар байни мардҳои бегона комилан мамнӯъ ва ҳаром мебошад. Зане ки дар байни мардҳои бегона ва ё дар ҷойҳое, ки марду зан омехта ҳастанд, рақс мекунад, муртакиби гуноҳи кабира мегардад.
Кӯдакон агар рақсу бозӣ кунанд, ҳеҷ боке надорад, аммо беҳтар аст, кӯдаконро огоҳ созем то бидонанд, ки агарчӣ рақс барояшон ҷоиз аст, аммо набояд аз доираи ахлоқ берун барояд.
Зиёфати туйи арусӣ
Зиёфат додан ба мардум дар туйи арусӣ аз суннатҳои муаккадаи никоҳ мебошад. Дар шариат таоме, ки ба муносибати тӯи арӯсӣ дода мешавад, валима мегӯянд. Вақте Абдураҳмон ибни Авф саҳобии киром издивоҷ карданд, Паёмбар Абдураҳмонро амр карда гуфтанд:
اولم و لو بشاة
Ба миқдори як сар гусфанд бошад ҳам ба мардум зиёфат бидеҳ. (Бухорӣ)
Уламо дар шарҳи ҳадис мегӯянд, Паёмбар ба Абдураҳмон ҳатто як сар гусфанд ҳам бошад ба мардум валима деҳ гуфтанд, зеро Абдураҳмон сарватманд буданд.
Вале шахсоне, ки шароити забҳи ҳайвонро надоранд, метавонанд танҳо бо таоми оддӣ зиёфат диҳанд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам, вақте Сафия уммулмуъмининро издивоҷ карданд, таоми оддии бегӯшт пухта, асҳобашонро зиёфат доданд, аммо дертар вақте мушкилиҳои молиашон бартараф шуд, ҳангоми издивоҷи Зайнаб ба мардум валима доданд, валима ё худ зиёфате, ки аз гӯшту нон иборат буд.
Агар домод таоми издивоҷро дода натавонад, метавонанд хешовандону дӯстон барои зиёфати тӯйро додан, кӯмак кунанд. Вақте ҳазрати Алӣ бо Фотима издивоҷ карданд, Паёмбар гуфтанд акнун бояд зиёфати тӯй дода шавад. Дар он ҳангом ҳазрати Алӣ хеле фақир буданд, сипас як чанд саҳобагон бо ҳамдигар дастаҷамъона барои зиёфати тӯи Алӣ таом харида, мардумро зиёфат доданд.
Теъдоди нафароне, ки ба зиёфати туйи арусӣ даъват мешаванд, ба урфи мардум ва ҳолати иқтисодии домод вобастагӣ дорад. Метавонад меҳмонони зиёдеро даъват намояд, метавонад бо нафарони кам тӯяшро гузаронад.
Дар вақти зиёфат додан ба меҳмонон бояд ҳудудҳои Шариат риоят шавад.
Занҳо аз мардҳо ҷудо нишинанд. Омехта нишастану рӯй ба рӯй бо номаҳрамон хӯрок хурдан ҷоиз нест, магар, ин ки ҳар як оила дар толор ҳамроҳи наздикони худ хӯрок хурад.
Дар оростани дастархони тӯёна зиёдаравӣ ва исроф вуҷуд надошта бошад, соҳибони тӯй ба исроф роҳ надиҳанд.
Ба дастархони тӯй танҳо шахсони обрӯманду сарватмандро даъват насозанд, балки ҳама ёру дустон камбағалу сарватманд озими зиёфат бошанд.
Дар маҷлиси хайри тӯёна ба амалҳои муҳаррам мисли шаробнӯшиву рақс кардани омехта ва бо фахр худнамоӣ кардан набошад.
Маҷлиси туй оғози муқаддимаи ҳаёти ду ҷуфт мебошад, нагузоред ду ҷавон аввалин қадамҳои худро ба зиндагии муштарак бо олудагӣ ба гуноҳ ниҳанд. Аз оғози пайвастшавии ду ҷуфт барои ризогии Аллоҳ урфу одатҳое, ки гуноҳ ҳастанд, тарк кунед, то ба баракати тарки гуноҳ Аллоҳ ҳаёти фарзандонатонро саршори раҳмату баракат гардонад.
Паёмбар мегӯянд:
انك لن تدع شيئا لله الا بدلك الله به ما هو خير لك منه
Ҳар чизеро, ки ба хотири Аллоҳ тарк кардӣ, албатта Аллоҳ ба ивазаш бароят беҳтар аз онро насиб мегардонад. (Аҳмад)
Муслимаи Аҳмадӣ