Гиря, яке аз неъматҳои бузурги Парвардигор аст. Бо гиря дилҳои пур аз ғам сабук мешавад, қалбҳои мусибатзада таслият меёбад, ғамҳои нуҳуфта ошкор мегардад.
Тамоми башар, паёмбарону авлиё, руасову зердастон хурду бузург ҳама мегирянд. Паёмбари акрам низ мегиристанд. Гиряҳои Паёмбар танҳо ба хотири ғаму озурдахотирӣ набуд, балки аз рӯи раҳму шафқат, меҳрубониву Худотарсӣ низ мегиристанд.
Ҳазрати Оиша мегӯянд:
Боре дар нимаи шаб Паёмбар ба ман гуфтанд: Оиша ман мехоҳам Парвардигорамро ибодат кунам. Сипас аз ҷойи хобашон бархестанд, вузӯъ гирифтанду ба намоз истоданд. Намоз мехонданду мегиристанд, он қадар гиря карданд, ҳатто бағалашон тар гашт, сипас ришашон тар шуд. Аз гиряи зиёди Паёмбар, садои ба бӯрё чакидани қатраҳои оби чашмашонро мешунидам. Ҳамин тавр шабро бо ибодату гиряву зорӣ дар маҳзари Парвардигор саҳар карданд. Вақте Билол барои азон ба масҷид омад, ҳоли Паёмбарро диду пурсид:
Ё Расулаллоҳ шуморо дар ин ҳолат надида будам. Чаро он қадар гиряи зиёд мекунед. Магар Аллоҳ тамоми гуноҳҳои гузаштаву ояндаи шумора набахшидааст?
Паёмбар гуфтанд: Чаро, бахшидааст, аммо оё наметавонам аз бандаҳои шукргузор бошам?
Яъне ин ибодати ман нишонаи шукргузории ман аст. (Ибни Ҳиббон)
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам рӯзе қабри модарашонро зиёрат карданд. Дар сари қабри модар бо тамоми ҳастӣ гиристанд. Сипас ба саҳобагон гуфтанд: “Қабрҳои гузаштагонатонро зиёрат намоед, зиёрат кардани қабр маргро ба ёд меоварад”.
Рӯзе Паёмбар ҳамроҳи саҳобагон нишаста буданд. Як нафар ба назди Паёмбар омаду гуфт. Кӯдаки духтаратон Зайнаб сахт бемор аст, нафасҳои охирини ҳаёташро мекашад, духтаратон мехоҳад шумо ба наздашон равед. Паёмбар ҳамроҳи асҳоб ба хонаи духтарашон рафтанд. Кӯдакро ба даст гирифтанд, дар ҳоле,ки кӯдак бо душворӣ нафас мекашид. Ҳоли кӯдакро дида, қатраҳои оби чашмонашон рӯи муборакашонро мешуст. Бо дард гиря мекарданд. Яке аз саҳобагон пурсид: Паёмбари Худо дар ин мусибатҳо ба ҷои сабр кардан, гиря мекунед?
Паёмбар гуфтанд, ин гиряҳои ман нишонаи ношукрӣ ва ё бесабрӣ нестанд. Ин гиряҳои ман раҳмате ҳастанд, ки Парвардигор додааст. Раҳмати Аллоҳ шомили бандагони дилсӯзу раҳимаш мебошад.
Ҳаёти Паёмбар аз фироқи наздикону марги азизон холӣ набуд. Дар кӯчаки модари худро аз даст дода буданд. Хеле барвақт аз ҳамсари маҳбубаи худ Хадиҷа низ ҷудо гаштанд. Амакашон Ҳамза низ дар пеши чашмонашон шаҳид гаштанд. Иброҳими фарзанди ҷигарбандашон низ дар кӯдаки дар пеши чашмонашон аз дунё рафт. Вақте Иброҳими Муҳаммад вафот кард паёмбар гирякунон гуфтанд:
ان العين تدمع و القلب تحزن و لا نقول الا ما يرضى ربنا و انا بفراقك يا ابراهيم لمحزنون
Ҳамоно чашмҳо гиря доранд, дилҳо пур аз ғам гаштанд, аммо ба ҷуз суханҳе, ки Аллоҳ аз шуниданаш розӣ ҳаст, чизи дигаре намегӯем. Ва аз фироқи ту ё Иброҳим хеле ғамгин ҳастем.(Бухорӣ ва Муслим)
Аз ин қиссаҳо бармеояд, ки гиря кардан нишонаи заифию камбудии мардон нест. Гиря нишондиҳандаи эҳсоси ҳақиқӣ, муҳаббати самимӣ, раҳмати Парвардигор дар қалби бандаҳои раҳиму дилсӯзаш мебошад. Ба шарти он, ки ҳамроҳи сабр бигирем. Ҳангоми гиристан суханҳое, ки нишонаи норозигӣ ба тақдир аст, ба забон наорем. Бигирем, аммо ношукрӣ накунем.
Муслимаи Аҳмадӣ