Рубрики Хабарҳо

Эътирози Алиев ба сафари вазири хориҷаи Арманистон ба Қаробоғ

Раисҷумҳури Озарбойҷон ба сафари ахири вазири хориҷаи Арманистон ба Қарабоғ вокуниш нишон дод.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон идомаи таҳаррукоти Арманистонро танишзоӣ хонда гуфт: Боку ҳушдор медиҳад, ки агар ин гуна гомҳои таҳрикомез идома ёбад Арманистон пушаймонтар хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои озарӣ Илҳом Алиев таъкид кардааст, ки бояд ба ҳамаи  сафарҳои хориҷиён поён дода шаваду ҳеч шаҳрванди хориҷӣ ва ҳеч созмони байни алмилалӣ ба истиснои Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бидуни касби иҷозаи Боку ва ҳаққи вуруд ба Қарабоғро надорад.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳушдор дод, ки ин бор аз тариқи Вазорати умури хориҷа ба Арманистон эълом шуда, аммо аз ин ба баъд ҳушдор ба шакли дигар хоҳад буд.

Алиев дар айни ҳол тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир гомҳо ва музокироте барои оддисозии равобит бо миёнаравии Русия анҷом шудааст.

Ин ҳушдор пас аз он аст, ки Ара Авазян, вазири умури хориҷаи Арманистон дар ду рӯзи гузашта ба музофоти Хонкендии Қаробоғ сафар кардааст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни даргириҳои 44 рӯза тавонист сарзаминҳои худро аз ишғоли нерӯҳои Арманистон дар Қарабоғ озод кунад. Ин даргириҳо бо имзои баёнияи се ҷонибаи руасои ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон поён ёфт .

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *