Бо гузашти ҳудуди 10 рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, писари Сокина ба ӯ аз зиндон занг зад ба хоҳиш кард барояш таъом фиристад.
“Модарҷон, хоҳиш мекунам, ба ман чизе аз хӯрданӣ биёр. Мо рӯза гирифтаем ва хӯрок намерасад” — ба хотир меорад Сокина ҳарфҳои писарашро, ки аз гӯшӣ садо дода буд.
Расман дар зиндони низомаш сахти Ваҳдат, ки дар чанд километрии Душанбе қарор дорад, 1500 маҳбус нигоҳ дошта мешавад. Шумори воқеъии онҳо метавонад ба маротиб бештар бошад, чун зиндонҳои Тоҷикистон “лабрез” шудаанд.
Ҳайратовар нест, ки писари Сокина наметавонад шикамсерӣ хӯрок хӯрад. Баробари фурӯ рафтани офтоб замони ифтор фаро мерсасад ва маҳбусон ба хӯрдани он чӣ барояшон мерасад, мешитобанд.
Моҳи гузашта, баъди чанд рӯзе, ки Сокина бо писараш гуфтугӯи телефонӣ дошт, ӯ дар фоҷеъаи хунбори ин зиндон кушта шуд. Сабаби воқеъии марги ӯ шояд ҳеҷ гоҳ пурра ифшо нагардад. Хӯрокро ҳам ӯ нагирифт.
“Писари ман дунёро гурусна тарк гуфт. Ягона хоҳишаш ин буд, ки барояш хӯрдании бомаззаву серғизо биёварам” — мегӯяд Сокина бо чашмони ашкбор.
Мақомот бо як суръати бесобиқае шарҳи худро дар бораи фоҷеъа ироа карданд. Дар ҳоле, ки баъди чунин ҳодисае дар охири соли гузашта, онҳо чанд рӯз хомӯш буданд.
Ин дафъа Вазорати адлия фардои ҳодиса, ки 19 май ба вуқӯъ пайваст, баёния нашр кард. Тибқи фарзияи онҳо ҳама чиз аз занозании байни ду гурӯҳи маҳбусон оғоз шудааст. Вазорат мегӯяд, ки аз як тараф тарафдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби мухолифе, ки аз соли 2015 мамнӯъ эълон шудааст, буданд ва аз тарафи дигар размандагони “Давлати исломӣ№ (ДИ).
Мақомоти расмӣ даъво доранд, ки саркардаи ошӯб Беҳрӯз Гулмуроди 20-сола, писари Гулмурод Ҳалимзода, сарҳанги собиқи пулиси тоҷик буд, ки баъди пайвастан ба “Давлати исломӣ“ ва яке аз қумондонҳои баландпояи он шуданаш, шӯҳрат ёфт. Тибқи баёнияи мақомот, гурӯҳи размандагони “Давлати исломӣ”, ки дар зиндони “Кирпичный” нигоҳдорӣ мешуданд, аввал се зиндонбонро кушта, сипас ба зиндониёни дигар дарафтоданд ва 5 нафар аз онҳоро ба қатл расониданд. Ду нафари онҳо аъзои собиқи ҲНИТ буданд.
Шумори умумии кушташудагон тибқи иттилоъи мақомот 32 нафарро ташкил дод: се корманди зиндон ва 29 зиндонӣ. Фарзияи расмӣ сабаби ин миқдор қурбониро шарҳ намедиҳад.
Шояд чунин шавад, ки фарзияи мақомот рост барояд. Бо ҳамин эҳтимол ё ҳатто бештар, он метавонад аз аввал то охир сохтакорӣ бошад. Мақомоти тоҷик ба таври систематикӣ ҳисобот дар бораи ҳаводис дар соҳаи амниятиро дасткорӣ мекунанд ва созмонҳои бегона иҷоза намедиҳанд таҳқиқоти худро анҷом диҳанд.
Вазорати умури дохила ба наздикони зиндониён супориш дод аз гуфтугӯ бо журналистон худдорӣ намояд, бо ин даъво, ки ин кор метавонад нооромӣ дар пай дошта бошад. Иҷро накардани ин супориш метавонад муҷозоти сангине дар пай дошта бошад. Ҳамаи онҳое. ки ба Eurasianet.org шоҳидӣ доданд, ин корро ба шарти ифшо нашудани номашон карданд. Номҳо тағйир дода ва ё пинҳон карда шудаанд. Ҷузъиёти муҳими зиндагии эшон зикр намегардад, то аз пайдо кардани мусоҳибадиҳандагон пешгирӣ карда шавад.
Ҷасадҳо ва шавоҳид
20 май ба назди Сокина намояндагони пулис омаданд ва огоҳ карданд, ки метавонад биравад ва ҷасади писарашро аз зиндон бигирад.
“Ман аслан ба ин бовар крада наметавонистам. Мо чанд рӯз қабл дидор доштем, — қисса мекунад ӯ. — Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки то ҳади имкон зуд-зуд ба наздаш оям. Мегуфт, ки барояш чизе бурдан шарт нест, муҳим, ки худам биёям”.
Вақте Сокина ва аъзои хонаводааш ба назди дарвозаи зиндон омаданд, онҳоро маҷбур сохтанд чанд соат мунтазир шаванд. Наздикони зиёди кушташудагони дигар низ дар ҳамин ҳол қарор доштанд. Дар охир пулисҳо гуфтанд, ки мурдаҳоро худи мақомот мегӯронанд.
“Мо ба баҳс бо пулисҳо оғоз кардем. Онҳо намхостанд бо мо чун бо инсон рафтор кунанд, моро таҳқир мекраданд. Аввал гуфтанд, ки ҷасадро мебароранд, сипас гуфтанд ин корро нахоҳанд кард, — гуфт Сокина. — Ба ман ҳатто иҷозаи хайрухуш бо писарамро надоданд. Инро ҳам нагуфтанд, ки чӣ шудааст, ошӯб чӣ гуна рух дод ва писари маро чӣ гуна куштанд”.
Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва нолаву зорӣ гурӯҳи наздиконро ба гӯристоне дар Душанбе бурданд. Онҷо аз мошини боркаш 7 ҷасади ба кафан печонидашударо поён карданд.
Сокина мегӯяд кормнадони амниятӣ, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, ба модарон иҷоза надоданд чеҳраи фарзандонашонро бубинанд, ки боиси эътирози дигар шуд.
“Ман писарамро аз даст додам. 6 оилаи дигар шавҳар, падар ва фарзандонашонро гум карданд. Онҳо бошанд наехостанд ба мо ҷасади фарзандонамонро нишон диҳанд. Писарамро ман бузург кардаам на онҳо. Куштан осон аст, аммо бузург крадани кӯдак хеле мушкил. Ба ҳамаи нолаву зории мо нигоҳ накарда, пулисҳо хомӯш буданд, онҳо ба мо посух намедоданд” — қисса кард ӯ.
Ҳангоми сӯҳбат бо Eurasianet.org дар дастони Сокина ҳанӯз асари харошҳое дида мешуд, ки аз тарафи кормандони пулис, замоне ки ӯ мехост ба назди писараш равад, расонида шудааст.
Ашёи шахсӣ
Зимни охирин сӯҳбат бо Алимурод Маханов наздикони ӯ эҳсоси нохушие карданд.
Ӯ гуфт, ки дар зиндон чораҳои амниятиро шадид кардаанд. Хеле рӯҳафтода буд. Ӯ аз мо хоҳиш кард дар сурати бо ӯ рух додани ҳодисае мувозиби фарзандонаш бошем” — гуфт яке азаназдикони Маханов — Азиз.
Маханов соли 2013 бо иттиҳоми омодасозии амалиёти террористӣ дар Душанбе маҳкум шуда буд. Мақомот таъкид мекунанд, ки ӯ ба як ҷараёни низомие бо номи “Ҳаракати исломии Туркистон” шомил буд. Баъди маргаш оилаи Маханов ба суолҳои худ посух нагирифт.
“Ба мо дар боари ин ки ӯ чи гуна дар ин бетартибиҳо дахл дошт, чизе нагуфтанд. Агар ӯ бе гуноҳ кушта шуд, магар ба хонаводаи ӯ кӯмак пешбинӣ нашудааст” — мепурсад Азиз. Ба хонавода ҳатто муяссар нашудааст ашёи шахсии Махановро бозпас гиранд.
“Модари ӯ нметавонад марги писарашро қабул кунад, чун мо ҷасадро надидем — мегӯяд Азиз. — Мо намедонем аз кӣ хоҳиш кунем, ки ақалан либоси ӯро баргардонанд. Мо мехоҳем либосашро чун нишонае аз ӯ нигоҳ дорем”.
Аъзои кушташудаи ҲНИТ
Яке аз чанд ҷасаде, ки ба хонаводаашон доданд, ҷасади Саттор Каримов, маъруф ба Махсуми Саттор — узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ буд. Наздиконаш дар бораи марги ӯ аз ВАО дарак ёфтанд.
Тибқи гуфтаи наздикони Каримов, ҷасади ӯро танҳо замоне доданд, ки онҳо таҳдид карданд як кампини расонаии байналмиллалӣ роҳандозӣ мекунанд. Мақомот баъди ин таҳдид таслим шуданд, мегӯянд онҳо.
“Дар тахтапушаш се захми корд дида мешуд, дар ноҳияи сина асари зарба бо ашёи халанда. Ба сараш бо чизи вазнине зада буданд, ки косахонааш шикаста буд. дар дастонаш ҳам асари захми корд вуҷуд дошт” — гуфт ба Eurasianet.org яке аз наздикони мақтул бо номи Хуршед.
Мисли аксари дигарон, наздикони Каримов ҳам ба қиссае, ки мақомот нақл намуданд, бовар накарданд.
“Ягона талаби мо ин аст, ки тафтишоти мӯшикофна бурда шуда, гунаҳкорон ҷазо гиранд” — гуфт Хуршед.
Яке дигар аз кушташудагони узви собиқи ҲНИТ — чке аз поягузорони он Саид Қиёмиддини Ғозӣ аст, бидуни маросими расмӣ аз ҷониби мақомот ба хок супурда шуд. Ба хонаводаи ӯ иҷоза надоданд, ки ҷасади ӯро бубуинад ва барояш ҷаноза хонанд.
Ғозӣ ба Тоҷикистон аз Русия дар соли 2017 истирдод шуда буд. Дертар Додгоҳи олӣ ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард, ки чанде пас то 7 сол поён бурда шуд.
Як ҳафта қабл аз ҳаводиси хунин ба наздиконаш занг зада, аз имкони қабл аз мӯҳлат озод шуданаш хабар доданд.
“Ба мо гуфтанд, ки ӯ авф шудааст ва пас аз анҷоми баъзе расмиёт озод хоҳад шуд. Ҳафтаи гузашта ӯ бояд дар хона мешуд” — гуфт Меҳроҷ, яке аз наздикони Ғозӣ.
Ягона чизе, ки хешовандонаш баъди маргаш дида тавонистанд, акси ҷасади Ғозӣ буд, ки дар интернет пайдо шуд. Кӣ онро бардошт ва паҳн кард, маълум нест. Дар он танҳо асари буридашуда дар гардану синаи Ғозиро метавон мушоҳида кард.
Зоҳиран Сайид Қиёмиддини Ғозӣ низ расидани фоҷеъаро эҳсос карда буд.
Веб-сайти хабарии “Ахбор” мустақар дар Прага, ки манобеъи ҳукуматӣ тез-тез ба он иттилоъ мерасонанд, сабти садои Ғозиро, ки ду рӯз қабл аз маргаш нашр шудааст, нашр кард. Дар он шунида мешавад, ки Ғозии 67 сола ин мисраҳоро мехонад:
Мерасад рӯзе ки бе ҳам мешавам,
Якбаяк аз ҷамъи ҳам кам мешавам.
Мерасад рӯзе ки мо дар хотирот
Муҷиби хандидану ғам мешавем.
Гоҳ-гоҳе ёд кунам, эй рафиқ,
Мерасад рӯзе ки бе ҳам мешавем…
Хонаводаи Ғозӣ намефаҳмад, ки чӣ гуна ӯ метавонист вориди задухӯрд шавад.
“Ӯ вақте боздошташ карданд, бемор буд. Аксари вақташро дар аробаи маъюбӣ мегузаронд — мегӯяд Меҳроҷ. — Чаро сабти камераҳои назоратиро, ки дар зиндон насб шудааст, нашр намекунанд?”
Таҳрифи далелҳо
Фарзияи мақомот бинобар майли ҳамешагиашон барои сиёҳ кардани ҲНИТ низ шубҳанок ба назар мерасад. То соли 2015 муносибат бо ин ҳизбро метавон таҳаммулгароёна номид. Аммо ҳамон сол ҳама чиз тағйир кард. Аввал ҳизб мамнӯъ, сипас созмони экстремистӣ эълон шуд, ки амалан ҳамаи аъзоёнаш ба аъзои созмони террористӣ мубаддал шуданд.
Дар кӯшишҳои ноумедкунандаашон барои бовар кунонидани ҷаҳониён ба ин ки онҳо ҷангиёнро таъқиб мекунанд, на аъзои ҳизби асосан дунявӣ ва мӯътадилро, мақомот гоҳ-гоҳ мехоҳанд ҲНИТ-ро дар алоқа бо “Давлати исломӣ” ё ҳатто ҳукумати Эрон муттаҳам созанд.
Ҳамин тавр дар нимаи дувуми соли 2018 додгоҳи Душанбе Фахриддин Гуловро, ки узви ҲНИТ эътироф кард, бо иттиҳоми амалиёти террористӣ ба 26 соли зиндон маҳкум кард. ҲНИТ на як бору дубор ширкати худ дар дилхоҳ амалиёти ваҳшатафканиро инкор кардааст.
Аммо дар маҳбусони кушташуда дар зиндони “Кирпичний”, ки ВКД тартиб додааст, Гулов чун узви “Давлати исломӣ” зикр мешавад. Ҳамин гуна тағйири узвият дар чанд нафари дигари ин рӯйхат дида мешавад.
Бо дарназардошти ин ки мақомот наметавонанд ё намехоҳанд зиндониёнро аз ҳам фарқ кунанд, бовар кардан ба ҳисоботи онҳо мушкилтар мешавад.
Ӯ чӣ гуна кушта шуд?
Дар охир, ба Сокина муяссар шуд писарашро бубинад, аммо танҳо чеҳраи ӯро.
Тибқи ислом, барои ҳамаи гуноҳҳои аномдода дар ин дунё, бояд дар он дунё посух гуфт. Дар сурати марги бармаҳал, волидон бояд рафтан аз ин дунё ба дунёи дигарро барои фарзандонашон сабукртар созанд. Бинобар ин онҳо аз тамоми гуноҳони содиркардаи фарзандони худ мегузаранд. Сокина танҳо ҳамин корро карда тавонист.
Сокина мегӯяд, хонаводааш мехоҳад ҷасади писарашро аз қабр берну орар, бишӯяд, барояш намози ҷаноза бихонад ва ӯро тибқи муқаррароти шариат гӯронад. Фаҳмад, ки паронда шудааст ё бо корд кушта. Бидонад, ки бо ӯ рух дода буд.
Намояндагони рӯҳоният мекӯшанд ӯро аз ин кор боздоранд.
“Ман мехоҳам сабаби марги писарамро донам. Ӯ чӣ гуна кушта шуд? Ҳоло моҳи Рамазон, замони корҳои хайр аст. Чӣ гуна касе тавонист ба куштор дар ин гуна моҳ даст занад? Ӯ агар ҳатто ҷинояткор буд, ҷазояшро дар зиндон адо мекард, — чаро ӯро бо ин шакл ҷазо доданд?” — мегӯяд Сокина.
Тарҷумаи «Паём» аз