Раисиҷумҳурони Туркияву Эрон Раҷаб Тайиб Урдуғон ва Ҳасан Рӯҳонӣ аз Душанбе боздид карда, дар Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ширкат мекунад.
Қарор аст Урдуғон ва Рӯҳонӣ бо ҳам дар Душанбе дидору гуфтугӯ кунанд. Ҳамчунин дидору гуфтушуниди онҳо бо раҳбарони дигар кишварҳо, ки ба Душанбе хоҳанд омад, дар назар аст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Нурсултон воқеъ аст.
Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад.