Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии кишвар ширкат хоҳад кард. Анҷумани ин ҳизб пешниҳоди таҳрими интихоботро рад кард ва аз рӯйхати ҳизбӣ 8 номзад пешниҳод намуд.
Тибқи нусхаи ҳуҷҷате, ки ба дасти Паём расид, дар анҷуман масоиле чун таҳрим ё иштирок, пешниҳод ва тасдиқи рӯйхати аъзоҳо, баррасӣ ва қабули платформаи пешазинтихоботии ҲСДТ ва ғайра баррасӣ шуданд.
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ин ҳизб ба Паём гуфт, ки пешниҳоди таҳрими интихобот рад шуд ва 8 нафар чун номзад аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров, муовинонаш Маҳмурод Одинаев ва Шокирҷон Ҳакимов, Дилбар Самадова, Қиёмиддин Азизов, Нигина Шоҳназар, Муҳаммадсиддиқи Сайид ва Бахтиёр Насруллоев.
Муовини раиси ҲСДТ гуфт имкон дорад чанд нафари дигар худро аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ кунанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ гоҳ дар парлумон номзад надоштааст. Масъулони ин ҳизб мегӯянд мақомот ҳамеша овози онҳоро медузданд.
Бархе аз коршиносон ширкати ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъро ба нафъи ҳукумат медонанд. Онҳо мегӯянд ин дафъа ҳам ҳукумат ҳизби Зоировро ба парлумон роҳ намедиҳад, аммо ширкати он ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон хоҳад дод, ки дар Тоҷикистон демокросӣ ҳанӯз зинда аст.
ҲСДТ-ро коршиносон ягона ҳизби амалкунандаи ғайри кисагӣ дар Тоҷикистон медонанд.