Categories Хабарҳо

Наҳанги авиатсия боздошт шудааст?

Рустам Холиқов, раҳбари собиқи Тоҷик Эйр, фурӯдгоҳи Душанбе, департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёт ва яке аз наҳангҳои ин соҳа дар фурӯдгоҳи Душанбе зимни парвозаш ба Туркия боздошт шудааст. Дар ин боар сойти Ахбор бо такя ба манобеъаш иттилоъ медиҳад. 

Холиқов зимни убураш аз контроли шиноснома манъ карда шуда, ба намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супорида шудааст. Тибқи иттилоъи манбаъ, баъди бозпурсӣ дар КДАМ Холиқов ба шарти берун нарафтан аз кишвар озод гардидааст.

Холиқов аз нафарони бисёр наздик ба Ҳасан Асадуллозода аст, ки солҳо соҳаи авиатсияи кишварро зери назорат дошт. Ӯ ҳатто баъди рафтан ба нафақа ҳам ин соҳаро контрол мекард. 

Ҳамаи онҳое, ки то ҳол дар ин соҳа кор мекунанд, ба ҷуз раиси нави Тоҷик Эйр бо пешбарии Холиқов таъин шуда, бо дастуроти ӯ кор мекарданд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Холиқов бо дастгирии Ҳасан Асадуллозода соҳаро надорат мекард. 

Дар бораи ин гурӯҳ, ки соҳаи авиатсияро ғорат мекарданд, қаблан Паём чанд тадқиқот навишта буд. Якеи он ин аст:

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *