Рубрики Хабарҳо

Имкон дорад муҳоҷирони тоҷик аз Олмон истирдод шаванд?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки  бо мақомоти Олмон имзои тавофуқнома дар бораи бозпасгардониро (реадмиссия) баррасӣ кардааст. 

Чунин тавофуқномаву созишномаҳо аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар пайи пайдо шудани камтарин имкон мақомоти Тоҷикистон мекӯшанд бо ҳар кишваре чунин созишномаро ба имзо расонанд. Метавон бо пайгирии хабарҳои расмӣ аз тавофуқномаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ба он мутмаъин шуд. 

Дар иттилоъияи ВКД омадааст,  “рӯзи 20-уми августи соли 2019 дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳайати намояндагони Олмон таҳти роҳбарии ҷаноби Волфганг Хаммер – сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федеролии корҳои дохилии Олмон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд”.

Тибқи иттилоъи манбаъ ҷониби Тоҷикистонро иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Наврӯз, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Толибҷон Ҳалимович ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ кардаанд.

“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Вазорати федеролии корҳои дохилӣ, сохтмон ва тараққиёти маҷмааи кишвари Олмон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонӣ (реадмиссия) баррасӣ намуданд. Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омада, изҳор намуданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои барасмият даровардан ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад”. менависад манбаъ.

Дар Олмон асосан гурезагони тоҷик ба сар мебаранд ва зоҳиран ҳадафи Ҳукумтаи Тоҷикистон ҳам баргардонидани шумори ҳарчӣ бештари онҳост. Аммо Додгоҳи аврупоӣ ба Тоҷикистон истирдод кардан бо дархости ин кишварро манъ кардааст.

Шамсиддини Саид, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон, ки солҳост дар Олмон ба сар мебарад, дар шарҳи ин масъала ба Паём гуфт:

Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди кӯшишҳои ҳамешагиаш, натавониста ба ҷуз дар кишварҳои ИДМ ба ин кор  муваффақ шавад. Дар гумон аст, ки Олмон таҳти таъсири парвандаҳои ҷаълии мақомоти Тоҷикистон қарор гирад ва зери бори онҳо биравад. Ман мутмаъин ҳастам, ки Олмон ҳеҷ гоҳ ин корро нахоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард “таҷрибаи ҳузури муҳоҷирони зиёд дар Олмон ва талаби аъзе кишварҳо мабнӣ бар баргардонидани баъзе шаҳрвандонашон ҳам гувоҳи он аст, ки Олмон кишваре аст, ки дар он ҳуқуқи инсон ва қонуният дар меҳвари сиёсаташон қарор гирифтааст”. 

Қаблан сафири Олмон дар Тоҷикистон ҳам гуфта буд чандин бор бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон гуфтугӯ доштааст ва таъкид кардааст, ки ҳаргиз ба хотири ақида ва изҳори назар касеро аз Олмон истирдод нахоҳанд кард. Ва барои узви ҳаракату созмонҳои террористӣ  эътироф кардани як нафар изҳороти ҳукумат кофӣ нест. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *