Ҳаҷми интиқоли пул аз тарафи аҳолӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ тавассути системаҳои интиқоли пул дар семоҳаи дуввуми соли 2019 27,2% кам шудааст, иттилоъ медиҳад хадамаоти матбуотии Бонки марказии Русия.
Дар умум, ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ ба беш аз $1,5 млрд расидааст. Ҳудуди $376 млн-и дигар ба кишварҳои хориҷи дур ирсол шудааст, ки поёнравиии 30,6%-иро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, интиқоли пул ба Русия дар семоҳаи дуввум, баръакс, 16% афзоиш ёфта ба $803 млн. расидааст. Аз он $460 млн.ашро шаҳрвандон аз кишварҳои хориҷи дур дарёфт кардаанд (1,8 баробар афзоиш) ва $343 млн. аз кишварҳои ИДМ (20,8% суқут).
Ҳаҷми миёнаи як интиқол аз Русия ба хориҷ $413-ро ташкил додааст.
Гуфтанист, қаблан гузориш шуда буд, ки ҳаҷми интиқоли пул аз тарафи шахсони алоҳида ба Тоҷикистон аз Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 5,1% кам шудааст.
Муҳоҷирон дар нимсолаи аввали соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон $462 млн. интиқол додаанд, хабар дода буд Бонки марказии Русия. Дар ҳамин давраи соли 2019 бошад ҳаҷми ин интиқолҳо $487 млн.-ро ташкил дода буд.