Раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки барномаи дидор бо ҳамтои руси худ дар Аргентинаро лағв кардааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо интишори паёме дар саҳифаи твиттери худ эълом кард, ки барномаи дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Аргентинаро ба далели озод налуждани маллоҳон ва киштиҳои боздоштшудаи Украина лағв кардааст.
Трамп пештар тайи мусоҳибаи вижае бо рӯзномаи “Вашингтон пост” дар бораи таниши ахири миёни Украина ва Русия ва дидори худ бо Путин дар ҳошияи иҷлоси G-20 дар Аргентина гуфта буд: мунтазири гузориш комили Шӯрои амнияти миллии Амрико ҳастам. Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи ин гузориш амал хоҳам кард. Мумкин аст ин дидор лағв шавад.
Гуфтанист, ҷангандаҳои Русия 3 рӯз пеш ба киштиҳои украинӣ дар наздикии тангаи Керч дар баҳри Азов бо иддаои вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои Русия ҳамла карда ва 24 ходими 3 киштии мутааллиқ ба неруҳои баҳрии Украинаро боздошт карданд.
Иҷлоси G-20 бо ҳузури 20 кишвар аз ҷумла Русия, ИМА, Англия, Австралия, Бразилия, Канада, Чин, Фаронса, Олмон, Туркия, Ҳинд, Аргентина, Индонезия, Италия, Ҷопон, Мексика ва Арабистони Саудӣ бо ҳадафи гуфтугӯ дар мавриди масоили иқтисоди ҷаҳонӣ имрӯз, 30 ноябр дар Буэнос-Айрес оғоз мешавад.