Рубрики Хабарҳо

Баъди се рӯзи латукӯби муҳоҷир ВКД аз ирсоли нома ба Русия хабар дод

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзод бо ирсоли номае ба ҳамтои русиаш Колоколтсев В.А. аз ӯ хоҳиш кардааст барои ошкор кардани омилони лату кӯб ва кордзанӣ ба муҳоҷири тоҷик мусоидат намояд.

Дар хабаре, ки дафтари матбуотии ВКД нашр кардааст, гуфта мешвад мактуб “худи ҳамон рӯз” (зоҳиран дафтар рӯзи нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоиро дар назар дорад) ба вазири корҳои дохилии Русия ирсол шудааст. Дар ҳоле, ки дафтари матбуотии ВКД хабари дуздии як телефон ё латукӯби зан аз тарафи шавҳарро билофосила нашр мекунад, маълум нест чаро чунин хабари муҳимеро баъди 3 рӯз нашр мекунад.

Ҳамчунин маълум нест чаро Раҳимзода аз ҳамтои русаш хоҳиш кардаст, дар ҳоле, ки дар чунин ҳолат маъмул аст талаб кунанд.

Гуфтанист, рӯзи 30 август ба дасти Паём наворе расид, ки дар он дида мешавад аз ҷониби шахсони номаълум, ки бо забони русӣ бо лаҳни тунди кучагӣ ҳарф мезананд, як нафар латукӯб мешавад. Ҳангоми латукӯби бераҳмона, аз латукӯбшаванда чандин бор ба такрор пурсида мешавад, ки аз кадом миллат аст. Ниҳоят марди латукӯбшудаистода, худашро тоҷик муаррифӣ мекунад. Озордиҳандагон баъди худашро тоҷик муаррифӣ кардани ин мард, баробари латукӯб ба дашноми миллати тоҷик мегузаранд. 

Тавре дар навор дида мешавад, озордиҳандагон чандин бор ба бадани ин тоҷик корд мезананд ва ҳатто хуни дар корд олудашударо намоишкорона ба дурбини наворбардорӣ нишон медиҳанд. Дар навор ҳатто овози занон шунида мешавад, ки мегӯянд, чаро инҷо меомадӣ, аз хонаат набаромада менишастӣ, ба ин ҳол гирифтор намешудӣ. 

Ин навор  ҷомеъаи тоҷикро ба шӯр овардааст. Садҳо нафар онро бознашр намуда мақомоти тоҷик  ва ҷомеъаи шаҳрвандиро ба вокуниш даъват мекунанд. 

Гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо роҳандозӣ кардани пурсише аз корбарони гурӯҳ пурсида буд, ки оё тарафдор ҳастанд то муайян ва дастгир шудани қотилони муҳоҷири тоҷик мақомоти кишвар талаби ихроҷи пойгоҳи Русияро пеш ниҳанд. Ба ин пурсиш садҳо нафар посухи мусбат доданд.

Дар иттилоъияи ВКД омадааст “сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Россия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кӯмак расонанд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *