Рубрики Хабарҳо

Сарнагунии мушаки “Кинжал” ва 100% паҳподҳои эронӣ дар Укроин

Мақомоти Укроин бомдоди душанбе эълом карданд, ки артиш Русия дар тӯли шаб ҳамалоти ҳавои густурдае ба Киев ва дигар манотиқи Укроин кард. 

Ба гуфтаи онҳо дасти кам панҷ нафар дар пайи ҳамалоти ҳавоӣ ба Киев, пойтахт кушта шуданд ва як анбори маводи ғизоӣ дар бандари Одесса низ бар асари ҳамлаҳои мушакӣ оташ гирифт. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои аз вуқӯъи инфиҷор дар чанд минтақаи дигар аз Укроин низ расидааст. 

Ҳамалоти Русия ба Киев ва дигар манотиқи Укроин дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба дар ҷанги ҷаҳони дувум ва шикасти Олмони нозӣ сурат гирифт. Мақомҳои Русия борҳо давлат Укроинро ба гароиш ба натсизм муттаҳам кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Укроин имрӯз, душанбе эълон кард, ки неруҳои кишвараш ҳамзамон бо ҳамалоти ҳавоии шабонаи Русия муваффақ шуданд тамоми паҳподҳои эронии “Шоҳид”- ро, ки Русия аз онҳо истифода мекунад сарнагун кунанд. Вай шумори паҳподҳои сарнагуншударо 35 фарванд гуфт. Бино ба ҳамин гузориш ин паҳподҳо ҳамзамон бо ҳамалоти мушакии Русия ба манотиқи мухталифи Укроин ба парвоз даромада буданд. 

Қаблан расонаҳои укроинӣ аз сарнагунии мушаки мофавқисадои русӣ — “Кинжал” хабар дода буданд. Ин мушак бо суръати 6000 км дар соат парвоз мекунад ва қаблан шикастнопазир унвон мешуд. 

Дирӯз Николай Олешук, фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии Укроин ин хабарро тасдиқ кард ва мардуми укроинро бо дастоварди дигари артиши ин кишвар табрик гуфт. Ба гуфтаи ӯ мушаки Х-47 “Кинжал”, аз ҳавопаймои МиГ 31К партоб шуда буд, тавассути системи зиддимушакии амрикоии “Патриот” сарнагун шудааст.

Бори аввал аст, ки мақомоти укроинӣ аз сарнагунсозии саддарсадии паҳподҳои эронии аз тарафи русия истифода шаванда ва ҳамчунин сарнагунии мушаки мофавқисадои “Кинжал” хабар медиҳанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *