Рубрики Хабарҳо

Нишасти “Зиёдаравии динӣ ва зарари он дар ҷомеъа” дар Варшава

Ба ибтикори намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Лаҳистон, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Варшава ҳамоиши “Зиёдаравии динӣ ва зарари он дар ҷомеъа” баргузор гардид. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ки низ дар ҳамоиш ширкат дошт гуфт онро гоме дар “ба асли худ баргаштани ҲНИТ” номид.

Дар ин ҳамоиш, ки даҳҳо нафар ширкат доштанд, донишманд ва коршиноси масоили динӣ Исломиддин Саидов таҳти ҳамин унвон маърӯза кард, ки дар охир ба баҳс ҳам кашида шуд. 

Ӯ иттилоъ дод, ки тоза аз Париж омадааст ва онҷо бо яке аз раҳбарони динии ин кишвар, ки 1700 аз 2500 масҷиди Фаронса зери итоаташ аст, вохӯрие доштааст. “Мо ба ӯ пешниҳод кардем барои тоҷикони муҳоҷир дар Аврупо нишасте баргузор кунад. Ӯ ваъда дод ҳар гоҳ мо даъваташ кардем, омода аст дар чунин ҳамоише ширкат ва суханронӣ кунад” — гуфт раҳбари ПМТ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *