Рубрики Хабарҳо

Имрон Хон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд

ВВС навиштааст, ки порлумони Покистон ба нахуствазир Имрон Хон раъйи нобоварӣ дод ва ӯро аз мақомаш барканор кард.

Гуфта мешавад, ки ба зудӣ раиси ҷадиди ҳукумати Покистон таъйин мешавад ва хабарнигорон бар ин боваранд, ки ба эҳтимоли зиёд ин мақомро раҳбари Лигаи мусалмонони Покистон Шаҳбоз Шариф ишғол мекунад.

Имрон Хон аз соли 2018 нахуствазири Покистон аст. Ӯ ваъда додааст, ки фасодро аз байн мебарад ва кишварашро аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳо хоҳад кард, аммо ҳоло аксари сокинони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки ӯ ба ин ваъдаҳо вафо накардааст.

Дар ҳамин ҳол дар Покистон даҳҳо ҳазор ҷонибдорони Имрон Хон ба кӯчаҳо рехтанд. 

Худи Имрон Хон мӯътақид аст, ки  амрикопарастон аз сиёсати мустақили ӯ норозианд, ва бо ӯ меҷанганд.

Вай гуфт: «Ҳеҷ гоҳ дар таърихи мо чунин издиҳом бо теъдоди зиёд ба хиёбонҳо набаромада, дахолати  ҳукумати хориҷиро бо сарварии қаллобон рад накардааст.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *