Пораҳо аз китоби Муҳаммадшариф Ҳимматзода «Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест”, Душанбе, с. 2008
Онҳое иддао доранд, ки дин қаблан ба сиёсат алоқае надошт, чунини одамон дурӯғеро ихтироъ кардаанд, ки гӯё «дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин нест” ақволу афъолашон онҳоро такзиб мекунад.
Ҷои таассуф аст, ки то кунун афродеро, ки талош барои таъсиси ҳизби сиёсӣ дар асоси идеологияи муайян, равшантараш идеологияи динӣ мекунанд, сангандозӣ карда, дар маҳфилу нишастҳо суханпардозиҳое мекунанд, ки асоси илмӣ надошта, аз мантиқ фарсахҳо дуранд. Бешубҳа, ин гуна мавқеъгириҳо бештар дар мафкураи бародароне ба назар мерасад, ки ба унвони уламои дин дар байни мардуми мусалмон андешаҳои солими диниву шаръиро шарҳу тавзеҳи нодуруст дода, мардумро дар ғафлат меандозанд.
Бинобар ин зарурат пеш меояд, ки доир ба ин масъала андешаҳои худро дар ин мақола гирд оварда, мабдаъи асосии демократия бо асосҳо ва рӯйдодҳои таърихи гузаштаи Ислом муқоиса карда шавад. Дар бораи мафҳуми ҳизб, ҷавози таъсису фаъолияти он ва инчунин низоми бисёрҳизбии ҷомеа дар дини мубини Ислом бо овардани далелу бурҳонҳо аз сарчашмаҳои илмиву динӣ то ҷое, ки имконият даст медиҳад, равшанӣ андохта шавад.
Аввалин талоше, ки дунявихоҳон зимни муборизаву муқобалаи худ бо дини Ислом ба он такя мекунанд, ҷудо кардани ин дини илоҳӣ аз шууни зиндагӣ, бахусус аз сиёсат ва умури давлатдорӣ мебошад. Далелҳои ақливу нақлӣ ва шавоҳиди таърихиро дар ин замина ба эътибор нагирифта, аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ ёдовар мешаванд. Вале таҳқиқу омӯзиши воқеии омилҳои қафомонии Аврупо нишон медиҳад, ки ҳаводиси дар ин қаламрав рухдода комилан аз таърихи Ислом фарқ дорад ва ин худ баҳси алоҳида ва дигар аст…
Расули Худо (с) фармудааст: «Ҳар ки аз Шумо мункареро дид, бояд онро бо дасташ тағйир бидиҳад, агар натавонист, пас бо забонаш ва агар натавонист, пас бо дилаш ва ҳамин дараҷаи заъифтарини имон аст”. (Ривояти Муслим).
Ҳар ки гумон мекунад, ки мункар танҳо дар содир кардани гуноҳони кабира, аз қабили зино, қатл, нӯшидани шароб ё чизе, ки ба ҳамин маъност, иштибоҳ мекунад. Зеро дар баробари ҳамаи ин, поймол кардани ҳуқуқу озодиҳо ва
каромати мардум бадтарин мункар аст, тақаллубкорӣ дар интихобот бадтарин мункар аст, аз адои шаҳодат дар интихобот боз нишастан бадтарин мункар ба шумор меравад. Масъулиятро ба ноаҳлон супурдан ва дуздидани моли мардум, инҳисор (монополия) кардани ашёву колое, ки мардум ба он эҳтиёҷ дорад, бархурди ноадолатонаи қозӣ низ бадтарин мункар маҳсуб мешаванд.
Додани ришва ё гирифтани он ва ё миёнаравӣ дар он кардан бадтарин мункар аст, тамаллуқ ва тамаъҷӯӣ назди ҳокимон бадтарин мункар аст. Ба ҳамин шакл доираи мункарот метавонад хеле васеъ гардад ва шомили ашёе бошад, ки мардум онро сутунмӯҳраи сиёсат меноманд. Ислом ба пайравонаш иҷозат намедиҳад, то дар баробари ҳамаи мункарот сокиту бетафовут бошанд ё аз майдон фирор кунанд. Мусалмон бо тақозои имонаш аз ӯ талаб мешавад, ки дар баробари мункароти ҷомеа мавқеъи устувор бигирад. Аз тарафи дигар дину эътиқод аз мусалмон тақозо мекунад, ки дар баробари зулми иҷтимоӣ ва сиёсӣ муқобил биистад. Зулм қатъи назар аз навъ ва исмаш чизест, ки хомӯшӣ ва бепарвоӣ дар баробари он боиси азоб болои ҳамаи халқ мегардад.
Онҳое иддао доранд, ки дин қаблан ба сиёсат алоқае надошт, чунини одамон дурӯғеро ихтироъ кардаанд, ки гӯё «дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин нест” ақволу афъолашон онҳоро такзиб мекунад. Зеро тавре ба мушоҳида мерасад, ин гурӯҳи одамон дар бисёр мавридҳо ба дин рӯ меоранд ва онро дар хидмати сиёсати худ истифода мекунанд. Чунин сиёсатмадорон дар бисёр мавридҳо аз заъфу нотавонбинии афроди мансуб ба илми дин истифода мекунанд, ки фатвое алайҳи мухолифини сиёсиашон содир намоянд.
Сиёсат аз нуктаи назари илмӣ дорои аҳамияту манзилати хос аст. Он дорои шарафу манфаъат аст, чунки сиёсат ба тадбири умури мардум ва кишвар ба беҳтарин ваҷҳи мумкин тааллуқ дорад. Ибни Қайим аз Имом Абулвафо ибни Ақили Ҳанбалӣ чунин нақл мекунад, ки ба ақидаи ин имоми ҷалил сиёсат корест, ки мардум тавассути он ба салоҳу ободӣ наздик ва аз фасод дур мешаванд. Албатта, дар сурате, ки он аз мухолифи шаръ дур набошад. Ҳамчунин Ибни Қайим зикр кардааст, ки сиёсат ҳамроҳ бо адолат ҳаргиз мухолиф бо чизе, ки шаръ ба он моил аст, намебошад, балки чунин сиёсати одилона мувофиқи шаръ ва ҷузъе аз шаръ аст. Мо онро ба он хотир сиёсат меномем, ки он мафҳуми истилоҳист. Ҳамин сиёсат адли Худо ва Расули Ӯст. (ат -Туруқ –л- ҳикавия фи- с — сиёсати — ш — шаръия, с. 13 –15 ).
Уламои собиқ ба қимату арзиш ва фазли сиёсат ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла Имом Ғаззолӣ гуфтааст: «Дунё мазраъаи охират аст, дин бо дунё комил мешавад. Дину мулк ду фарзанди як шикаманд, дин асл аст ва подшоҳ посбон ва ҳар чизе,
ки асл надорад, вайроншаванда аст ва ҳар чизе, ки посбон надорад, зоеъшаванда аст”. (Эҳёу — улуми — д -дин, ҷ. 1, саҳ 17)
Паёмбар (с) дар баробари мубаллиғ, муаллим ва қозӣ будан марди сиёсӣ низ буд. Хулафои рошидин баъд аз реҳлати ӯ ба манҳаҷу тариқаи сиёсии ӯ буданд, ки усули давлатдориро бар асоси илму имон роҳнамоӣ карданд. Миллатро бар асоси илму имон роҳнамоӣ карданд. Мардум дар замони мо аз сиёсату сиёсатмадорон дучори мушкилоте гаштанд, хоҳ он сиёсати абарқудратон бошад ё сиёсати ҳокимони золим. Аз ин рӯ, мардум сиёсат ва ҳар чизеро ба сиёсат тааллуқ дорад бад мебинанд. Махсусан баъд аз он ки фалсафаи Никофилӣ бар сиёсат ҳукумрон гашт. Аз Муҳаммад Абдуҳу ҳикоят карданд, ки ӯ баъд аз дидани бозиҳои сиёсӣ ва чашидани талхиҳои сиёсат чунин сухани машҳурро гуфтааст: «Ба Худо паноҳ металабам аз сиёсат ва аз сиёсатмадори имрӯзу фардо”.
Лозим аст, ба сароҳат эълом карда шавад, ки Ислом тавре ки Худованд (ҷ) машруъ сохтааст, наметавонад сиёсӣ набошад. Ислом равиши комили ҳаёт ва шомили мабодӣ ва қавоид аст. Ислом ақида, ибодат, ахлоқ ва шариати мутакомил аст ва ба ибораи дигар Ислом равиши комили ҳаёт ва шомили мабодӣ ва қавоид аст. Дорои ташриъоту роҳнамоест, ки ба ҳаёти фард ва шууни оила, аъзои ҷомеа, асосҳои давлатдорӣ ва робитаҳои байналмилалӣ алоқаманд мебошад. Ҳар ки Қуръони карим ва суннати набавӣ, китобҳои фиқҳи силомиро тибқи мазоҳиби Ислом мутолиа кунад, барои ӯ ин матолиб комилан возеҳу равшан мешавад.