Кишвари Ҷопон барои азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе- Бохтар 31 миллион доллар ба Тоҷикистон ҷудо кардааст, ки барои бозсозии роҳи Қизилқалъа – Бохтар масраф хоҳад шуд
Ба иттилои намояндагии Агентии JICA дар Тоҷикистон, созишномаи қарзиро вазири молияти Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Ҳидки Танабе ба имзо расониданд.
Бино ба манбаъи хабар дар ҳоле, ки роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар барқарор карда мешавад, тамоми роҳи пайвасткунандаи Душанбе-Панҷи поён низ такмил хоҳад ёфт.