Вазорати умури хориҷаи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард: Барои ҳар гуна иттилооте, ки боиси ихтилол дар чархаи молии Сипоҳи посдорони Эрон шавад, 15 миллион доллар подош дар назар гирифтаем.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:
“Сипоҳи посдорони Эрон пули фурӯши нафтро дар фаъолиятҳои террористӣ истифода мекунад. Подоши мазкур шомили иттилооти марбут ба шикасти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон низ хоҳад шуд.
Браен Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон низ бо таъкид бар ин ки тасмими мазкур дар ростои таҳримҳои аъмоли алайҳи ин кишвар ва Сипоҳи посдорон иттихоз мешавад, изҳор дошт:
“Барои нахустин бор ҷиҳати эҷоди ихтилол дар фаъолитҳои молӣ як ниҳоди давлатӣ подош ихтисос медиҳем. Сипоҳи посдорон шабакаи нафтии ғайриқонуне роҳандозӣ ва аз он барои тавсеаи терроризм истифода кардааст.
Ин шабака аз роҳи ғайриқонунӣ нафт ба Сурия ва барои ҳимоят аз Башар Асад мунтақил кардааст. Ҷиҳати эҷоди ихтилол дар ин фаъолиятҳо аз ҳар гуна абзори дипломатик ва иқтисодӣ истифода мекунем”.
Гуфтанист ин подоши нақдӣ дар чорчӯби барномаи “подош барои адолат”-и вазорати умури хориҷаи Амрико пардохт хоҳад шуд. Вазорати хазонадории Амрико ҳам чандин фард, ширкат ва киштии таҳт контроли Сипоҳи посдоронро ба иттиҳоми ирсоли ғайриқонунии нафт ба режими Башар Асад ба арзиши даҳҳо миллион доллар дар листи таҳримҳои худ қарор додааст.