Дар Тоҷикистон тавлиди нафт коҳиш ва воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар афзоиш ёфтаст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 13,2 ҳазор тонна нафт тавлид шуд, ки ин дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,2 дарсад кам мебошад.
Манбаъ аз қавли Вазорати энержӣ ва захоири обии кишвар хабар додааст, ки Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 247,8 ҳазор тонна бензин ва 6,7 ҳазор тонна маводи сӯхти дизелӣ тавлид кард.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 273 ҳазор тонна маводи нафтӣ ба арзиши ҳудуди 113 миллион доллар ворид гардидааст.
Нархи миёнаи ҳар як тонна маводи нафтии воридотӣ 414,2 доллар арзёбӣ шуд. Воридоти маводи нафтӣ дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 12,9 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Русия таъминкунандаи аслии Тоҷикистон бо маводи нафтӣ мебошад. Ҳамчунин, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ба кишвари мо маводи нафтӣ ворид мекунанд.