Рубрики Хабарҳо

Ҷаримаи садсомонӣ ва гове, ки “пешво” паронд. Ҷузъиёти сафари Раҳмон ба Мӯъминобод

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Мӯъминобод қарор дорад. То ҳол ӯ майдончаи варзишӣ, бинои додситонӣ ва маркази бемориҳои дилро “ба истифода” додааст. Дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, ки сокинон ӯро “ бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд”. Чӣ гуна сокинон ба ин пазироӣ омода шуданд (аниқтараш онҳоро омода карданд) ва чӣ балое ба сари мардум сафари раисҷумҳур овард, дар гузориши Паём.

Барои он ки Эмомалӣ Раҳмон, тибқи навиштаи дафтари матбуотиаш “бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф” оварад, як моҳ мардуми ноҳия оромишро аз даст дода буд. 

Барои таъмини бехатарии сафари раисҷумҳур, як моҳ қабл сарбозон ба ин ноҳия фиристода шуданд. Аз расидани сарбозону афсарон ду рӯз нагузашта, дар масоҷиди ноҳия эълон карданд ки сарбозон гуруснаанд ва бояд то гузаштани сафари “пешво” аз ҳисоби мардуми ноҳия хӯрокашон таъмин  карда шаванд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, ба баҳонаи таъмини сарбозон ба хӯрок, чанд мансабдори ноҳия захираи дусаолаи хӯроквориашонро ҷамъ карданд. 

Дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад, ки “дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд”.

Вале ин “ҷавонони саодатманду ваҳдатсаро” на танҳо як моҳ барои пешвози “пешво” зери офтоби сӯзон “марширофка” карданд, балки қисмате бо сарфи маблағи худ ва қисмате пиёда худро ба фурӯдгоҳ расонидаанд. Парчамҳои ҳам, ки онҳо алвонҷ медиҳанд аз ҳисоби худашон харида шудааст. Ҳатто донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Кӯлоб то Мӯъминобод бо маблағи худ рафтаанд. 

Як донишҷӯ ба Паём гуфт, “ба чанд нафаре, ки назди раҳбарияти факулта рафта гуфтанд барои рафтан то Мӯъминобод пул надоранд, таҳдиди ихроҷ аз донишгоҳ карданд”. 

Ба гуфтаи ин донишҷӯ ба онҳо супориш шудааст соати 5-и субҳ ҷамъ шаванд. “Онҳое, ки дар Мӯъминобод хешу табор доранд, дар хонаҳои хешу таборашон шабро рӯз карданд, аммо мо маҷбур шудем соати 4-и субҳ такси киро карда ба инҷо расем” – гуфт ӯ.

Ба ҳамаи мактабҳои ноҳия супориш шудааст, хонандагонашонро ба пешвози раисҷумҳур оваранд. Расидан ба маркази ноҳия ҳам аз ҳисоби худи хонандагон аст. Ҳар касе барои роҳкиро пул надорад, маҷбур аст пиёда худашро ба маркази ноҳия расонад. Баъзе деҳаҳо аз марказ 30-35 километр фосила доранд. 

Як шунавандаи радиои Паём навиштааст, ӯ 4 фарзанди мактабхон дорад, ки бояд барои то маркази ноҳия рафтану баргаштани онҳо 70 сомонӣ масраф кунад. Дар мактаб гуфтаанд, ҳар кас ба пешвози “пешво” намеравад сад сомонӣ ҷарима мешавад.   

Ҳамчунин тибқи иттлоъи як манбаъи дигари Паём, аз мардуми дехоти атроф барои пешвози раисҷумҳур қаймоқу паниру нон ҷамъоварӣ кардаанд. 

Сафари Раҳмон ба Мӯъминобод ҳамеша шикори кабку оҳуро дар пай дорад. Зимни ҳар сафари ӯ масъулин оҳубарраву кабкҳои қаблан омодашударо дар кӯҳу дараҳо раҳо мекунанд то раисҷумҳур онҳоро шикор кунад. 

Моҳи октябри соли 2012, зимни сафараш ба ҷаъмоати Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод, “пешво”, ки дар ҳолати мастӣ дар кӯҳ сайру гашт мекард чашмаш ба гове мерасад ва онро мепаронад. Шояд фикри оҳу кардааст. Ин гов ба истиқоматкунандаи дехаи Чилдухтарон  Ҳасанов Шодӣ буд, дар бисоташ ҳамагӣ як гов дошт. 

Масъулин ба соҳиби гов ваъда додаанд ки пули говро пардохт мекунанд, вале бо гузашти 7 сол он бечора пулашро нагирифтааст. 

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Мӯъминобод идома дорад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *