Рубрики Хабарҳо

Илҳом Ёқубов: бояд роҳҳои наздикшавии бештар бо мардумро пайдо кунем

Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирон Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Шӯрои Паймони милли Тоҷикистон зимни баромадаш дар нишасти ПМТ дар Варшава гуфт, ҳарчанд Паймон дар ин як сол бо мардум ҳамкории зиче дошт, боз ҳам бояд роҳҳои дигари наздикшавии бештар бо мардумро пайдо кунад.

Ташкили Паймони миллии Тоҷикистон барои озодандешон ва дигарандешон бахусус ба неруҳои оппозитсионии тоҷик,ки имруз дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд, воқиан як дастоварди пурарзиш ва бузург аст.

Режими диктотурии Душанбе тамоми талошашро карда буд,ки неруҳои сиёсии мухолиф ва дигарандешро бемаҷолу бемадор карда комилан нобуд созад. Дуруст аст ки ҳоло ин режими захокии Рахмонуфи тавонистааст бо тарс додани мардум , шиканҷа кардани мардум, ба муҳлатҳои зиед зиндон кардани озодагон фазои сиёсиро таҳти контрол бигирад . Аммо ташкили ПМТ ва инсиҷоми ҳаракат ва қувваҳои сиёсии мухолиф нақшаи асосии режимро, ки нобуд ва маҳви оппозитсион ва гунгу лол ва сокит кардани озодандешон буд, онро бар сифр баробар кард, ки ин яке аз ҳадафхои асосии ПМТ буд.

Ҳоло ПМТ-ро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ,ҳам рақибону душманон ва ҳам рафиқону дӯстон хуб мешиносанд ва масъулони паймон барои муаррифи он заҳамоти зиёде кашиданд. Манзурам ширкати аъзои раёсати он дар нишастҳои байналмилалӣ, баргузории ҳамоишҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ,дидору мулоқоти роҳбар ва роҳбарияти он бо дипломатҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои урупоӣ аст,ки билахира барои афзоиш ва эътибори ПМТ ба унвони як неруи мутамаркиз ва бо пойгоҳи иҷтимоии қавӣ мусоидат кардааст. туҳмату тавҳинҳои мафкурсозон ва мубаллиғону пропогандистони режими Душанбе аз фаъолиятҳои ПМТ гувоҳи ҳарфҳои боло аст.

Туҳмату таҳвинҳо ба ҷое расидааст, ҳар руз садҳо буҳтонномаҳо дар бораи ПМТ навишта мешавад, наздикони аъзоени шурои ПМТ , ки дар Тоҷикистон зиндаги мекунанд аз ҷониби КДАМ фишору шиканҷаҳо карда мешавад ва ҳатто кор то ҷое расидааст, ки зану кудакони ин муборизинро ба гаравгон гирифттаст болотар аз ин ин сангзаниву бухтонзаниҳо, шиканҷаву гаровгонгириҳо исботи он аст, ки ПМТ дар роҳи дуруст ва ҳамон роҳе, ки бузургон , озодихоҳон ва истиклолхон карор доштан ва ҳамин гуна фишору машакатҳоро аз сар гузарониданд ва билохира дар роҳи расидан ба озодии миллаташон муваффак ҳам шуданд , қарор дорад.

Агар ПМТ як харакати бекора як харакати бечон ва мухим хадафаш озодиву мубориза алайхи режими хуннталаб , ки шиорашон “бо хун омадам бо хун меравам” намебуд хеч гох то ин дараҷа гирифтори ин сангзаниву кулухзани фишору таҳдидҳо намешуд. Ҳамон сухани машҳури шайх Шаръовӣ низ ҳаст, ки мефармояд, агар дар роҳатон кинатузе, ҳасадхуре , туҳматкуне пайдо нашуд пас бидонед, ки роҳатон роҳи нокоми аст , ҳоло ки ПМТ дар роҳи дурусту вокеъи ва озодихоҳи карор дорад бояд ба ҳамин минвол,балки бештар аз ончики дар ин як сол ба иҷро расид, кору фаъолият кунем.Инҷо мехоҳам як нуктаро махсус ишора бикунам,ки бояд бо ҳар роҳу василае иртбот ва алоқа бо мардуми дохил, муҳоҷирон ва онҳоеро,ки ҳамкорӣ кардан мехоҳандро густариш бидиҳем.

Ҷудо аз онки ҳар кадоме аз созмонҳои таркибии ПМТ фаъолиятҳои худро доранд зарур аст,ки нақша ва лоиҳаҳои мушаххас барои наздикшавӣ бо мардум ва ҷомеа ва посух гуфтан ба хостаҳои онҳоро пайдо бикунем. Режим, бо онки беш аз пеш золимтар, фосидтар ва дуздтар мешавад ин худ роҳ ва шароитро барои ошкор кардани чеҳраи воқеии он фароҳам месозад

Дар соли меомада, дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳимми сиёсӣ ҳам интихоботи парлумонӣ ва ҳам раёсати ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Мо, ба унвони як неруи сиёсии муташаккил,ки дар ин муддат худро шукр тавонистаем, умедҳои нимҷоншуда ва мурдаро дар дили мардум ва ҳаводоронамон зинда ва бедор бисозем ҳақиқатҳои ин интихоботро ошкоротар ва пайваста баён созем. Ҳоло, ки ҳарф дар бораи интихобот шуд бояд инро ҳам гуфт, ки Раҳмонов ва ҳукуматаш бо роҳи гайри конуни аввалан бо рехтани хуни миллат ва катли мардуми тоҷик ва баъдан бо дуздидани райъи мардум дар интихоботҳои гузашта сари кудрат омадааст . Ҳукумати имруза як хукумати гайриконуни аст ва Раҳмонов як раисиҷумҳури гайримардумиву гайриконуни аст. Ва болотар аз ин як пешвои худхондаву ҷинояткор аст бале як ҷинояткор Агар у ҷинояткор намебуд ба ҚОНУНИ ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ки 16 уми ноябри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Мачлиси Олӣ ба тасвиб ва худи ин пешвои зери нохунак имзо гузоштаст зарурат набуд агар у вокеан пешво мебуду сулҳовар мебуд у ниез ба ин конун надошт ин конун аз аввал тог охир як конуни ҷинояти аст ҳоло бииед назар кунем ба модаи 5-и ин қонун

Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне аз соли 1992 то 1994) – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз соли 1994 то ҳол) ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
яъне худи ҳамин конун шаҳодат дода истодааст, ки пешвои худхонад як ҷинояткор аст

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Раҳмонов ва ҳокимияти ӯ танҳо зӯрро эътироф мекунад,албатта ҳар ҳокимияте ҳам ҳамчунин аст. Вале Раҳмон ва диктотурҳои назири у фарқ доранд.Аммо ба ҳар ҳол мо бояд ҳарфи худро бигӯм,ки дер ё зуд тоҷикони муҳоҷир ва паноҳандаву дар ғурбат ба ватан бархоҳанд гашт. Ӯ ба хотири ҳифзи сабот ва амният ва осоиш дар ин самт сахт биандешад. Ин тавр нест ва набояд бошад,ки хонаву дари мо тамоми умр мунтазири мо бимонад ва ин тавр ҳам набояд бошад,ки роҳи бозгашт барои мо танҳо тавассути зиндон бошад. Мо соҳиби он ватан ҳастем ва ин ҳаққи мусаллами мост ки дар он зиндагӣ ва кору фаъолият кунем.

Мо хоки ватани худро нафурухтаем, мо тамоми сарватҳои заминӣ ву зеризаминро ба тиҷорати хонаводаи худ табдил надодаем, мо лашкари кишварҳои дигарро дар қаламрави ватани соҳибистиқлоли худ ҷо накардаем, мо кишварро, ҳар як сокини Тоҷикистон то кудаки гаҳвора ва як мусафеди бознишастаро зери бори қарз намондаем,ки моро хоин унвон кунед, Касе ва гуруҳе ва ҳизбе ва қудрате ва ҳокимияте,ки муртакиби ҳамчунин аъмоли зидди миллӣ ва зидди башарӣ аст ӯ хоин аст на мо. Мо, барои онки зиндагии серу пур дошта бошем, фарзанодоанамон, набераҳоямон ва ҳаммаҳаллу ҳамшаҳрияҳоямон зиндагии серу пур дошта бошанд, ними халқро аз кишвар бадарға ва ними халқро мардикори русу қазоқу дигар миллатҳо накардаем,ки хоин бошем. Хоин онҳоеанд,ки ҳамчунин муҳит ва шароитро фароҳам кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *