Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шарҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи Данғара ва масъули он хондани ҲНИТ, инчунин пахши филм аз тарафи мақомоти амниятии кишварро, ки дар он гуфта мешавад ҲНИТ нақшаи ҳамла ба пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистонро доштааст, шадидан маҳкум кард.
ҲНИТ гуфтаст “ҳукумат майле барои пурра ошкор шудани ин ҷиноят ва муайян кардани иҷрокунандагон, супоришдиҳандагон, сабабҳо ва ҳолатҳои вокеъии ин ҷиноятро надорад ва талош мекунад онро ҳамчун василаи навбатии мубориза алайҳи гуногунандешон ва мухолифини сиёсии худ истифода намояд”.
Ҳамчунин дар ин баёния омадааст наҳзати исломӣ ҳанӯз соли 2015 фаъолияти худро дар дохили кишвар катъ намудааст ва эълон кардааст ҳеч кас ҳақ надорад аз номи ҳизб амалеро анҷом диҳад ва ҳизбро намояндагӣ кунад. “Бинобар ин, ҳабсу бозҷӯии шаҳрвандон ҳамчун аъзои ҲНИТ ва муттаҳам кардани онҳо барои анҷоми фаъолиятҳои ҳизбӣ як амри ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ мебошад”.
Масъулини ҳизб, ки изҳоротро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, таъкид намудаанд, минбаъд изҳороту баёнияҳои расмии ҲНИТ дар сомонаи он нашр хоҳанд шуд.
Матни пурраи изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:
Прокуратураи ҶТ дар таърихи 3. 07. 2018 шарҳи навбатии худро дар бораи ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ нашр намуд, ки дар он боз такроран ҲНИТ-ро масъули ин ҳодисаҳо хонд. Тибқи ин шарҳ, гӯё бо супориши ҲНИТ ин ҷиноят анҷом шуда, иҷрокунандагони он навори видеоиро дар бораи савганди худ ба ДИИШ махсус барои пинҳон кардани ин ҷиноят сабт ва нашр карда бошанд.
Инчунин, мақомоти амниятии кишвар филми ‘’мустанад’’-еро ахиран нашр карданд, ки тибқи он гуё ҲНИТ нақшаи ҳамла ба пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистонро доштааст.
Раёсати Олии ҲНИТ ҳамаи ин иттиҳомотро бори дигар рад намуда, тӯҳмат кардан ва дурӯғпароканиҳои мақомоти кишварро зидди ҲНИТ шадидан маҳкум мекунад.
ҲНИТ ин ҷиноятро як амали террористӣ дониста, на танҳо иҷрокунандагони он, балки талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои рӯпуш кардани омилони аслии ин ҷиноят маҳкум менамояд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки ҳукумат майле барои пурра ошкор шудани ин ҷиноят ва муайян кардани иҷрокунандагон, супоришдиҳандагон, сабабҳо ва ҳолатҳои вокеъии ин ҷиноятро надорад ва талош мекунад онро ҳамчун василаи навбатии мубориза алайҳи гуногунандешон ва мухолифини сиёсии худ истифода намояд.
Ҳанӯз соли 2015 раҳбарияти ҲНИТ эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар дохили кишвар катъ намудааст ва ҳеч кас ҳақ надорад аз номи ҳизб амалеро анҷом диҳад ва ҳизбро намояндагӣ кунад. Бинобар ин, ҳабсу бозҷӯии шаҳрвандон ҳамчун аъзои ҲНИТ ва муттаҳам кардани онҳо барои анҷоми фаъолиятҳои ҳизбӣ як амри ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ мебошад. ҲНИТ фаъолияти мусолиҳатомези худро дар хориҷи кишвар идома дода, танҳо бо равишҳои дур аз хушунат ва зӯроварӣ истифода хоҳад кард.
Раёсати Олии ҲНИТ қаблан талаб карда буд, ки барои таҳқиқи дурусти ин ҷиноят як гурӯҳи тафтишотии байналмилалӣ бо ширкати кишварҳои марбут ташкил шавад. Оғози парванда аз тарафи Прокуратураи Генералии Швейтсария ва инчунин, шурӯъи фаъолияти мутахассисони Амрико дар Душанбе қобили дастгирӣ буда, умедро барои ошкор кардани ҳақиқатҳо бештар мегардонад.
ҲНИТ бори дигар омодагии худро барои ҳамкорӣ барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҷиноят изҳор медорад.
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
- 08. 2018