Рубрики Хабарҳо

Иттиҳодияи Аврупо ултимотуми Эронро рад кард

Иттиҳодияи Аврупо, Англия, Олмон ва Фаронса эълом карданд, ки ултимотуми Эрон дар хусуси тавофуқи ҳастаиро нахоҳанд пазируфт.

Федерико Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Ҳойко Маас, Жан-Ив Ле Дриан ва Ҷереми Ҳонт вазирони умури хориҷаи Олмон, Фаронса ва Бритониё дар баёнияи муштарак Эронро ба пойбандӣ ба тааҳҳудоти барномаи ҳастаӣ фаро хонда ва ултимотуми Теҳрон дар хусус Барҷомро ғайри қобили қабул донистанд.

Дар ин баёния омадааст: «Эрон бояд ба тааҳҳудоти худ ба Барҷом пойбанд ва аз ҳар гуна иқдоме, ки мӯҷиби афзоиши таниш шавад, дурӣ кунад.

Мо ҳар гуна ултимотумро рад мекунем ва онро дар чорчуби поибандии Эрон ба тааҳҳудоти худ дар заминаҳои тавофуқи ҳастаӣ ва паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ мавриди арзёбӣ қарор хоҳем дод.

Мо аз таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон мутаасиф шудем ва талош хоҳем кард то роҳҳои тиҷорати қонунӣ бо Эронро фароҳам кунем.»

Гуфтнӣ аст, Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дирӯз дар солгарди хурӯҷи Амрико аз Барҷом, эълом кард: «фурӯш ураниуми ғанишуда ва оби сангинро мутаваққиф хоҳем кард. То кунун ҳар вақт маводи ғанишудаи мо ба 300 килограмм мерасид, изофаи онро мефурӯхтем. Ҳар вақт об сангин низ аз 130 тон таҷовуз мекард изофаи онро мефурӯхтем.

Аз имрӯз ин фурӯшҳо анҷом намешавад. Агар тайи 60 рӯзи оянда ба натиҷа нарасем, ду иқдоми дигарро оғоз мекунем, ки яке афзоиши адами пойбандӣ ба маҳдудияти ғанисозии 3.5 дарсад хоҳад буд. Ҳамчунин нисбат ба арок ҳам тасмим хоҳем гирифт то арокро такмил кунем».

Стефан Зиберт, сухангӯи давлати Олмон тайи як нишасти хабарӣ дар Берлин дар бораи тасмими Эрон барои коҳиши тааҳҳуди худ ба Барҷом гуфт: мо хоҳони ҳифзи Барҷом ва пойбандии Эрон ба тамоми тааҳҳудоташ дар қиболи ин тавофуқ ҳастем.

Ҷереми Ҳонт, вазир умури хориҷаи Англия низ тайи суханоне дар конфронси муштараки матбуотӣ бо Майк Помпео, ҳамтои амрикоии худ дар Лондон гуфт: Эрон дар сурати адами пойбандӣ ба тааҳҳудоти худ дар қиболи Барҷом, мутаҳаммили авоқиби он хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *