Рубрики Хабарҳо

Доъиш марги Абубакри Бағдодиро таъйид ва ҷонишин ӯро таъйин кард

 Гурӯҳ мавсум ба Хилофати исломӣ, Доъиш чаҳор рӯз пас аз кушта шудани Абубакри Бағдодӣ марги саркардаи ин гурӯҳи ифротиро таъйид ва ҷонишин вайро низ таъйин кард. 

Доъиш бо интишори як паёми савтӣ Иброҳим Ал-Ҳошимӣ Ал-Қурайширо ба унвони ҷонишин Абубакр Бағдодӣ таъйин ва муаррифӣ кардааст. 

Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯзи бисту ҳафтуми октябр эълом кард дар ҷараёни амалиёте, ки бо кумакҳои иттилоотии чанд кишвар ва низ ба воситаи ҳузури сангини нерӯҳои рус, Сурия ва Туркия дар минтақа анҷом шуд, раҳбари Доъишро дар тоннеле гир андохта ва вай бо фаъол кардани камарбанди интиҳорӣ худро мунфаҷир кардааст. 

Доналд Трамп соате пас аз анҷоми ин амалиёт тайи суханоне бо ташреҳи ҷузъиёт ин амалиёт марги Абубакри Бағдодиро таъйид кард. Ҳаамзамон бо ин амалиёт Мазлум Абдӣ, фармондеҳи нерӯҳои демократики Сурия, ки нерӯҳои таҳти амраш пештар ҳамкории наздике бо низомиёни амрикоӣ дар муқобила бо Доъиш дар манотиқи шимоли шарқи Сурия доштанд дар суханоне аз кушта шудани Абуҳасан Ал-Муҳоҷир, сухангӯи Доъиш ва дасти рости Абубакр Бағдодӣ низ дар шаҳри марзии Ҷироблус дар устони Ҳалаби Сурия хабар дод. 

Пентагон низ пас аз он эълом кард, ки бақойои ҷасади Абубакр Бағдодӣ ба дарё рехта шудааст. Як мақоми Пентагон, ки нахост номаш ифшо шавад дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса бо эъломи ин матлаб аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи маҳалли ба дарё андохтани бақойои ҷасади саркардаи Доъиш худдорӣ карда буд. 

Дар паёми савтии ҳафтдақиқаӣ, ки ба гурӯҳи Доъиш мунтасаб шуда, ин гурӯҳи ифротгаро ҳамчунин таҳдид кардааст, ки интиқоми ҷони раҳбари собиқи худро мегирад. Доъиш ба сурат вижа Амрикоро хитоби ин таҳдиди худ қарор додааст. 

Абубакри Бағдодӣ аз сол 2014, замоне, ки болои минбаре дар масҷиди Нури Мосул эъломи хилофат кард ва пайравонаш пас аз он контроли манотиқи васеъе дар хоки Сурия ва Ироқ бо ҷамъияти ҳафт миллион нафарро ба даст гирифтанд, дар тирраси дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии кишварҳои ғарбӣ ва ба вежа Амрико қарор гирифт ва ба муҳимтарин марди дар таъқиби дунё табдил шуд.

Гурӯҳи расонаҳои Паём

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *