Академияи исломии байналмилалии Узбекистон ва маркази исломшиносии донишгоҳи Мунстери Олмон дар ҷиҳати омӯзиши Қуръон ва ҳадис ҳамкории муштарак ба роҳ мондаанд.
Консулгарии Узбекистон дар Франктфурти Олмон байни намояндагони академияи исломии байналмилалии Узбекистон ва маркази исломшиносии Донишгоҳи Мунстер як “вебинор” баргузор кард.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ҳадафи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динии мардуми Узбекистон, омӯзиш ва таблиғоти мероси ғании бузургони ин сарзамин сурат мегирад. Ин ҳамкориҳо дар пешрафти илм ва дониш ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беназире доштаанд ва бо ақидаҳои хатарнок, ки асолатан аз исломи бегона нашъат мегирад, мубориза мекунанд.
Ин мавридҳо дар фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон аз 16 апрели 2018 дар бораи тавсеа ва беҳбуди фаъолиятҳои ҳавзаи омӯзиши динӣ эълом шудааст.
Тибқи ин фармон ба муассисаҳои динӣ ва донишгоҳҳои Узбекистон, имкони тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ дода мешавад. Дар ҳамин росто академияи исломии байналмилалии Узбекистон ва маркази исломшиносии Донишгоҳи Мунстери Олмон бо ҳадафи ҳамкориҳои муштарак дар омӯзиши Қуръон ва ҳадис, ҳуқуқ ва таърихи ислом музокира намуда, дар ин замина ба тавофуқ расиданд.