Рубрики Хабарҳо

Интихоботи раёсатҷуҳурии Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад

Иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Душанбе қарор кард интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи 11 октябр баргузор шавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон хабар медиҳад. Қаблан гуфта мешуд интихобот моҳи ноябр баргузор мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касабаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо акнун метавонанд, номзадҳои худро ба мақоми раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кунанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад. Барои номзад шудан ба ин курсӣ, довталаб бояд камаш ҳадди аққал 30-сола ва 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад, забони давлатиро донад ва маълумоташ олӣ бошад.

Ин шашумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҳамаи ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон «пирӯз шудааст» ва Тоҷикистонро аз соли 1992 раҳбарӣ мекунад. Нозирони байналмиллаливу дохилӣ ва аҳзоби мухолиф ҳеҷ як аз интихоботҳои Тоҷикистонро демокративу шаффоф ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардаанд.

Дар интихоботи навбатӣ низ Эмомалӣ Раҳмон номзади асосӣ ва писараш Рустами Эмомалӣ номзади дуввум маҳсуб мешавад. Интихоботи қаблӣ 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар муддати ҳукмрониаш чанд бор ба қонуни интихоборт тағйир ворид кард ва дар охирин тағйирот ҳуқуқ пайдо намуд, ки бидуни маҳудият интихоб шавад ва дар сари қудрат боқӣ бимонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *