Раисҷумҳури Амрико дар дидор бо раисҷумҳури Миср дар вокуниш ба эътирозоти мардумӣ алайҳи Сисӣ гуфт аз ин ҳайс нигарон нестам.
Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико дар ҳошия нишасти маҷмуъаи умумии Созмони милал дар Ню-Йорк бо Абдулфаттоҳ Ас-сисӣ, раисҷумҳури Миср дидор кард ва дар бораи эътирозоти мардумӣ дар ин кишвар алайҳи Ас-сисӣ гуфт ки нисбат ба ин мавзуъ эҳсоси нигаронӣ намекунад.
Трамп дар идома гуфт: Миср раҳбари фавқулода дорад ва Ас-сисӣ мавриди эҳтиром аст.
Вай афзӯд: Аллбата тазоҳурот алайҳи ҳар касе баргузор мешавад ва ҳатто дар давраи Барак Обама,раисҷумҳури собиқи Амрико низ эътирозоте шакл гирфт.