Сӯзанак як намуд ҳашароти намуди зоҳириаш хеле монанди чархболи фитуристӣ аст. Табиат онҳоро барои як мақсад комилан мутобиқ карда аст, ки шикори моҳирона мекунанд, сареъ ҳамла карда ва зуд тӯъмаро пора-пора мекунанд. Бисёр хуб аст, ки сӯзанакҳои андозаашон бузург вуҷуд надоранд ва барои мо одамон хавфе эҷод намекунанд.
Онҳо метавонанд ҳам дар нури одии визуалӣ ва ҳам ултрабунафш бубинанд. Сарфи назар аз он, ки ҳангоми парвоз сӯзанакҳо нисбат ба ҳашароти дигар оҳистатар бол мезананд, (тақрибан 30 маротиба дар як сония), онҳо хеле зуд парвоз мекунанд ва самти ҳаракатро бо суръати барқ иваз мекунанд, аз ин рӯ қурбониёни онҳо барои фирор қариб ҳеҷ имконият надоранд. Сохти чашмашон ба чашми магасҳо монандӣ дошта, даар табиат хеле камназир аст. Ин гуна чашмон имконияти диди расо буда ҳатто хурдтарин тӯъмаи дар байни истеъмолгарон қаарордоштаро аз масофаи дур ҳам мебинад.
Танҳо қисми поёнии чашмони сӯзанак рангҳоро фарқ мекунад, дар ҳоле ки бахшҳои болоии он ҳама чизро сиёҳ ва сафед мебинанд. Дар фарҳанги Ҷопон сӯзанак рамзи нотарсӣ ва далерӣ мебошад. Давомнокии ҳаёти сӯзанакҳо баъд аз рушд аз марҳилаи қаблӣ, тақрибан вобаста ба намудҳо, фарқ мекунад. Баъзеи онҳо умри дароз доранд ва баъзеи дигар танҳо якчанд ҳафта. Тухми сӯзанак дар об зиндагӣ мекунад. Чунки сӯзанакҳои ҳомил тухмашонро дар зери барги растаниҳои обӣ мегузоранд. Ҳаангоме, ки тухм пухта расид, кушода мешавад ва ҷанини ба тавлид тайёр, ба рӯйи об меафтад. Сӯзанакҳо баъзан дар ягон ҷой менишинанд, аммо ин ҳолат беҳад кам рух медиҳад. Қариб тамоми умри сӯзанакиашон бе эҳсоси хастагӣ дар парвоз мегузарад.
Ин ҷонваракони хеле зебову назаррабо бисёр фаъолона хомӯшакҳоро шикор мекунанд. Баъди ба тӯъма расидан, зуд онро пора-пора карда, дар сонияҳои бошумор тановул карда мешаванд. Аввалин мамнӯъгоҳи сӯзанакҳо дар ҷаҳон соли 2009 дар Британияи Кабир пайдо шуд. Тухми сӯзанак метавонад дар оби тоза ва инчунин дар оби шӯр бе мушкил зиндагӣ кунад. Дар давоми марҳилаҳои ба сӯзанак мубаддал шудани кирмак расо 17 маротиба пӯст партофта, тағйир меёбад.
Ду соли умри тухми сӯзанак дар об мегузарад ва баъдан ба марҳилаи дигари ҳаёт мегузарад. Чашмони беназири ин ҳашаротҳо тақрибан 30 ҳазор сегментро ташкил медиҳанд ва кунҷи нигоҳи сӯзанак ба 360 дараҷаи давр қариб ки мерасад. Баъзе сӯзанакҳо, ба монанди паррандагони муҳоҷир, ба масофаи хеле зиёд кӯч мебанданд. Яке аз намудҳои онҳо, “зардаки оворагардак” дар ин маврид дар байни ҳашаротҳо қаҳрамон аст, зеро масофаи 6-7 ҳазор километрро ҳангоми муҳоҷират тай мекунад. Баръакси дигар намуд парандагон, сӯзанакҳо ба ҳамаи самтҳо парвоз мекунанд. Масалан, ба паҳлӯ ҳам, ба қафо ҳам. Ҳамаи сӯзанакҳо чаҳор бол доранд ва ҳар яки онҳоро метавонад ин ҳашарот алоҳида идора кунанд. Лабу даҳонашон монанди теғи алмос тез аст, аммо хеле хурд, ки ҳастанд, ба газидани пӯсти одам имкон надоранд. Дар табиат, сӯзанакҳо дар тамоми қитъаҳо ғайр аз Антарктика зиндагӣ мекунанд.
Соима Саидӣ