Рубрики Хабарҳо

Омӯзиши таърихи Паёмбар (с) ва асари он дар ҳаёти мусулмон

Ногузир ҳар фард дар ҳаёти худ аз касе дигар пайравӣ мекунад ва огоҳу ноогоҳ тибқи нишондоди касе раҳ мепаймояд. Шояд ба нудрат ёфт шаванд касоне, ки ба гумонашон тарзи махсуси ҳаёти худро доранд ва дар зиндагӣ аз касе тақлид намекунанд. Дар ҳоле, ки ҳамин нафарон ҳам зери таъсири касе ва ё ҷамоате ҳамон тарзи худро нақшагузорӣ кардаанд. Чӣ расад ба оммаи мардум, ки тақлиду пайравӣ аз касони номдор ва маъруфи инсониятро чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз мояи зиндагии худ ва ғояи фаъолияти хеш қарор додаанд.

Шахсиятҳои шоиста ва арзанда ба пайравӣ ва намуна барои ҳаётгузаронӣ зиёданд, ки бархе аз марзи замона гузаштаву бархеи дигар дар доираи минтақаи муайян мондааст. Иддае дигар дар маҳдудаи муайяни таърихӣ рисолати худро анҷом дода, муносибияти худро ба замонҳои баъдӣ ба субут расонида натавонистаанд. Ин гуна намунаву ибратҳои инсонӣ аз қишрҳои мухталифи ҷомеа буданд, ки ҳамаи ононро як рисолат, ки он ҳам бошад, раҳнамоии башарият сӯйи саодат ва комёбӣ дар зиндагӣ буд. Миёни ин тоифа мардум ҷойгоҳи махсус ва намоёнро нафароне ташкил мекунанд, ки рисолати аслиашон ҳам ҳамин раҳнамоии башарият буд. Онҳо аз ҷониби офаридгори ҳастӣ ва тадбиргари шууни мавҷудот Аллоҳ азза ва ҷалла барои адои ин рисолат гумошта мешуданд.

Модоме Худо бандагонро миёни дигар мавҷудот офарида, барои ҳама барномаи яксон ниҳодааст, бахше, ки ба инсоният тааллуқ дошт, тариқи ҳамин намояндагони худ ба башарият расонида, то роҳи саодату комгорӣ дар ҳар ду оламро барояшон нишон диҳанд. Ин намояндагони Худо на танҳо бо сухан, агарчи он ҷузъи асосии баёни рисолаташон буд, балки бо татбиқи барномаи овардаи хеш дар ҳаёти рӯзмарраи худ коршоям ва созгор будани онро ба дигарон нишон доданд. Онҳо аз мардуми худ ҷудо ва дар гӯшаи танҳоӣ намезистанд, аз дигарон имтиёзе надоштанд, худро бартар намедиданд. Ҳатто ҳамин омехтагӣ ва мисли дигар мардум кору фаъолият доштанашон боиси “эрод”и душманонашон гардида, ки ба нишони эътироз мегуфтанд: “Ба ин намояндагони Худо, чӣ шуда мисли дигарон мехӯранду монанди дигарон дар бозорҳо мегарданд”.

Ба таъкид бояд гуфт, ки дар кори раҳнамоии инсоният ба сӯйи саодати ду олам касе мисли ин фиристодагони Худо комёб нашуда ва нахоҳад шуд ва набояд ҳам шавад, зеро ба ниёзу эҳтиёҷоти инсон барои расидан ба ин ғоя танҳо офаринандаи ӯ огоҳ асту бас. Ҳар кӣ даъвои дониши онро мекунад, бар асоси ҷузъи ночизи аз он донистани Худо буда, комёб шудани он низ бастаи ирода ва изни Ӯ таоло мебошад.

Ин фиристодагони Худо дар замонҳои гуногуни таърихӣ барои қавме муайян аз зарурати замонӣ омада, ҳама рисолати худро ба тамом адо мекарданд ва гӯиё парчами сабқатро ба нафари баъдӣ месупориданд. Ниҳоят он ба дасти нафаре расид, ки маҳорати томми адои ин рисолат ва шоистагии комили роҳбарии инсониро ба инояти Худованд ноил буданд. Акнун ба дӯши ин нафар на танҳо раҳнамоии як тоифа мардум ва ё як минтақаи муайян, балки тамоми инсоният то поёни ҳаёти дунё вогузошта шуда буд. Ин парчамдори кори раҳнамоӣ Муҳаммад зодаи Абдуллоҳ аз қабилаи Қурайши минтақаи Нимҷазираи Араб буданд.

Худованд хулосаи рисолати раҳбарӣ ва раҳнамоӣ сӯйи саодати ҳар ду оламро ба ин маҳбуби худ таълим кард ва ба инояти Ӯ таоло ин нафар тавонистанд, дар ҳудуди каме беш аз ду даҳа насле тарбия кунанд, ки масили онро то ҳанӯз башарият надида ва пайваста дар орзуи тақлид аз он дар талош аст. Ин насли беҳамто ҳар чӣ аз ин шӯҳрату комёбӣ ёфтанд, тавассути диду шунид аз ин Ҳазрат ҳосил намуданд ва ба забони қолу ҳол ба наслҳои баъди худ то поёни ҳаёт дар замин баён доштанд, ки “ягона роҳи расидан ба саодати дунё ва охират пайравӣ ва тақлид аз гуфтору кирдори ҳамин фиристода ва баргузидаи Худованд аст.”

Аз ин рӯ, дар ҳар давру замон касе ноил шудан ба ғояро дар назар дорад, бояд аз ҳамин роҳ истифода кунад ва бо ҳамин ҷода равад. Бешак, ин кор бидуни огоҳӣ аз ҳаёту рӯзгори Он ҳазрат намешавад. Бинобар ин, огоҳӣ аз рӯзгори Он ҳазрат даструламал барои касоне мебошад, ки дар зиндагӣ ғояи олӣ ва аҳдофи наҷиб пеши худ гузоштаанд. Илова бар ин, вазифаи ҳар як фарди мӯъмин низ мебошад, ки аз ҳаёт ва фаъолияти Паёмбари худ огоҳии дуруст ва ошноии кофӣ дошта бошад, то ба хубӣ донад, ки аз кӣ ва барои чӣ пайравӣ кардан дорад.

Ба инояти илоҳӣ ҳама паҳлӯи зиндагии Он ҳазрат (с) сабт гардида, ҷузъиёте аз он наомӯхта намондааст. Ба боварии том метавон гуфт, ки дар таърих шахсияте нест, ки ба андозаи Муҳаммад (с) мавриди таваҷҷӯҳ ва омӯзиш қарор гирифта бошад. Аз ин рӯ, то ҳанӯз ҳазорҳо китоб ва рисола дар бораи ҳаёт ва рӯзгори Он ҳазрат (с) навишта шудаву боз навишта хоҳад шуд.

Яке аз чунин навиштаҳо дар ин бора китоби “Фиқҳуссира” мебошад, ки он аз тарафи яке аз донишмандони маъруфи олами муосири Ислом Муҳаммад Саъид Рамазони Бутӣ нигошта шудааст. Имтиёзи китоби мазкур аз дигар таърихномаҳои дар ин ҷода навишта шуда дар он аст, ки дар он зиндагиномаи Паёмбар (с) ҳамчун манбаи ибрату пандгирӣ қарор дода шудааст.

Муаллиф ҳамаи ҳаёти Паёмбар (с)-ро аз сар то охир нуқта ба нуқта наоварда, балки бархе аз онро ба тартиби замонӣ барчида, аз он панду андарз ва аҳкоми шаръӣ мебарорад. Ба ибораи дигар воқеоти рӯзгори Паёмбар (с)-ро барои татбиқи амалӣ ба хонанда муносибу муҳайё пешкаш мекунад. Китоби мазкур бештар ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад. Агарчи аз ҷиҳати илмӣ аз дигар таърихномаҳо дар ақиб намемонад. Хусусияти дигари китоб дар он аст, ки чи тавре худи муаллиф борҳо таъкид мекунад, он бар асоси эҳсоси муаллиф нисбат ба Паёмбар (с) навишта шуда, хулосаи таҷрибаи амалии худи ӯ бо ҳаёти Он ҳазрат (с) мебошад.

Паём тасмим гирифтааст тарҷумаи ин китобро, ки яке аз олимони ҷавони кишвар шурӯъ кардааст қисм-қисм нашр кунад. Ба зудӣ қисми аввали он дастраси хананзагони Паём хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *