Дархости алании Трамп аз Чин: таҳқиқ дар бораи Ҷо Байден ва писараш
Доналд Трамп ба таври аланӣ аз Чин хост дар бораи Ҷо Байден, рақиби интихоботии ӯ аз ҳизби демократ ва писараш таҳқиқ кунад. Фош шудани дархости мушобеҳе аз раисҷумҳурии Украина таҳқиқ дар мавриди импичменти эҳтимолии Трампро ба ҷараён андохтааст.
Раисҷумҳури Амрико Пекинро фаро хонд, дар мавриди фаъолиятҳои Ҷо Байден ва писараш Ҳантер дар Чин таҳқиқ кунад. Ҷо Байден рақиби эҳтимолии Доналд Трамп аз ҳизби демократ дар интихоботи риёсатҷумҳурии соли 2020 аст.
Бинобар гузоришҳо Трамп панҷшанбе, севуми октябр дар ҷамъи хабарнигорон дар Кохи Сафед ин эҳтимолро дур надонист, ки дархост “оғози таҳқиқ дар бораи Байденҳо”-ро бо ҳамтои чинии худ Си Тзин Пин дар миён бигузорад.
Трамп муттаҳам шуда, ки 25 июл дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ӯро барои анҷоми чунин таҳқиқоте таҳти фишор қарор додааст.
Дар пайи фош шудани протоколи ин муколимаи телефонӣ, Нонси Палавсӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Иёлоти муттаҳида аз ҳизби демократ дастури анҷоми таҳқиқоти расмӣ дар иртибот бо оғози раванди импичменти раисҷумҳури Амрикоро содир кард.
Иттиҳом ба Ҷо Байден ва писараш
Таҳқиқоти мавриди назари Трамп ба узвияти Ҳантер Байден дар ҳайати мудираи ширкати гази Борисмаи Украина марбут мешаванд. Ў ва ҳомиёнаш Ҷо Бойденро муттаҳам мекунанд, ки барои барканории додситоне, ки таҳқиқ дар мавриди фаъолиятҳои ин ширкатро анҷом медода мақомоти вақти Киевро таҳти фишор қарор додааст.
Трамп дар ҷамъи хабарнигорон гуфта, ки фаъолитҳои Байденҳо дар Чин “тақрибан ба ҳамон андозаи иқдомоти онҳо дар Украина номатлуб” будааст. Ў Ҳантер Байденро ба хориҷ кардани миллиардҳо доллар сармоя аз Амрико муттаҳам кардааст.
Фош шудани протоколи муколимаи телефонии Трамп ва Зеленский сари оғози як чолиши сиёсии пуртаниш дар Иёлоти муттаҳида шудааст. Истеъфои Курт Волкер, намояндаи вижаи Вашингтон дар умури Украина ва эҳзори ӯ ба Маҷлиси намояндагон аз паёмадҳои ин моҷаро будааст.
Доналд Трамп бидуни ироаи мадраки мушаххасе Ҷо Байден ва писарашро ба даст доштан дар фаъолитҳои иқтисодии олуда ба фасод дар Украина ва Чин муттаҳам карда ва муддаӣ шуда дар ин маврид “тардиде вуҷуд надорад”.
Ҳамзамон бо суханони рӯзи панҷшнбеи Трамп, Курт Волкер дар се нишасти комиссияҳои мухталифи Маҷлиси намояндагон ҳузур ёфт ва пушти дарҳои баста ба пурсишҳои намояндагон посух гуфт.
Ҷо Байден соли 2013 ба унвони муовини раисҷумҳури вақти Амрико, ба ҳамроҳи Барак Обама сафаре ба Чин карда, ки писараш, Ҳантер, низ дар ҷамъи ҳамроҳон будааст. Гуфта мешавад Ҳантер Байден он замони машғули фароҳам кардани заминаи роҳандозии як сандуқи саҳомии хусусӣ бо ҳамкории сармоягузорони чинӣ буд.
Фирори рӯ ба ҷилав барои муқобила бо импичмент?
Зоҳиран Ҳантер Бойден дар ин сафар ва дар ҳошияи барномаҳои расмии падараш ҳамроҳи ӯ бо як банкдори чинӣ низ мулоқот кардааст. Трамп иддао карда, ки ӯ аз ин имкони барои ҷазби якуним миллиард доллар сармоя барои сандуқи саҳомии худ истифода кардааст.
Сухангӯи Ҳантер Бойден ба фиристодаи телевизиони NBC гуфта роҳандози ин сандуқ ба соли 2017, солҳо пас аз сафари Чин ва замоне бозмегардад, ки Ҷо Байден дигар масъулияте дар давлат надоштааст.
Доналд Трамп рӯзи панҷшнбе дар иқдоме, ки бархе расонаҳои Амрико онро фирори рӯ ба ҷилав дар вокуниш ба оғози таҳқиқот дар мавриди раванди импичмент арзёбӣ кардаанд, ба таври аланӣ аз раисҷумҳури Украина хост, ки таҳқиқот дар бораи фаъолияти Ҷо Байден ва писарашро пайгирӣ кунад.
Моиндагони ҳизби демократ дар маҷлиси Амрико Доналд Трампро ба суъистифода аз қудрат муттаҳам карда ва мегӯянд ӯ талош мекунад ба мадорике даст ёбад, ки аз он дар интихоботи соли оянда алайҳи рақиби эҳтимолиаш истифода кунад.
Оғози таҳқиқоти Маҷлиси намояндагон дар мавриди “моҷарои Украина” метавонад муқаддимаи импичменти эҳтимолии Доналд Трамп бошад. Ин кор дар марҳалаи баъдӣ дар сенои Иёлоти муттаҳидаи думбол хоҳад шуд, ки аксарияти курсиҳои он дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон аст.