Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори нави Ҳукуматро имзо кард, ки ба англисию русидон кардани мардуми кишвар тайи даҳ соли оянда нигаронида шудааст.
Ба хотири ин барномаи махсуси давлатӣ барои то соли 2030 -ро имзо карда, Вазорати маорифро муваззаф намудааст, ки ҳар сол аз иҷрои барнома ба Ҳукумат гузориш диҳад.
Раисиҷумҳур ба Вазорати молия дастур додааст, ки аз 1 январи соли 2021 барои беҳбуди омӯзиши забонҳои англисию русӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо кунад ва истифодаи дигар сарчашмаҳои қонунии маблағгузориро низ ҷоиз хондааст.
Дар барномаи тасдиқшуда, таъкид гардидааст, ки омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва англисӣ, ки паҳншудатарин дар ҷаҳон аст, имконоти насли наврасро бештар мекунаду барои амалисозии зарфиятҳо дар бахшҳои гуногун мусоидат менамояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари Вазорати маориф, инчунин Академияи улум, муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҳамаи сатҳҳоро вазифадор кардааст, ки иҷрои барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Амри пиёдакунии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо вуҷуди забони русӣ тибқи сарқонуни Тоҷикистон забони дуюми давлатӣ ва василаи муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон дониста шуданаш, ҳатто вазири маориф Нуриддин Саид ва дигар вазирон мисли Бег Сабур наметавонанд бо ин забон равон гап зананд. Аксарияти роҳбарияти вазорату кумитаҳо забони англисиро ҳатто аз руи варақ қироат карда наметавонанд.